logo

сиёсат

МАКТАБСОЗӢ. АМАЛЕ, КИ МАҚБУЛИ ДАРГОҲИ ҲАҚ АСТ

Мусаллам аст, танҳо он ҷомеае ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки ба тарбияи насли навраси хеш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат зимни ироаи Паём дар баробари зикри масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, таъкид доштанд: “Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва, ҳамзамон, бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид аз нуктае ёдовар шуданд, ки воқеан ҳар яки моро ба андеша водор месозад: “Мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд. Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем”.
Ҳақиқати бебаҳс аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодиҳои эътиқодӣ нисбатан бештар шуда, таваҷҷуҳ ба фарҳанги динӣ афзун гардид. Давлат бисёр монеаҳоеро, ки дар ин роҳ ба вуҷуд омада буданд, аз байн бурд. Қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба озодию эътиқоди динии мардум, рушди маърифату фарҳанги исломӣ ва таълими динӣ шароит фароҳам оварда, фаъолияти динҳоро дар ҷумҳурӣ ба танзим даровард. Фаъолияти муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо вусъати нав пайдо карда, миқдори онҳо хеле зиёд ва теъдоди умумияшон ба беш аз 5000 адад расид.
Албатта, ин нишонаи ободии диёр ва осудагии некуаҳволии мардуми мост, аммо дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки ба қавли Сарвари хирадмандамон “ғами фарзандонамонро ҳам бояд хӯрем”. Зеро фарзандони мо пеш аз ба масҷид рафтан бояд дар боғчаву кӯдакистонҳо тарбият бинанд, дар мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон таҳсил кунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ донишу малакаи худро сайқал диҳанд ва соҳибилму соҳибкасб гардида, барои таъмини зиндагии худ, нафъ расондан ба ҷомеа ва саҳм гузоштан дар пешрафти кишвар омода шаванд.
Таълимоти ислом ҳам мо - мусулмононро ҳамеша ба омӯхтани илму дониш мехонад ва ҳадиси “аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ” ҳам ба ҳамин манзур аст. Пайғамбари акрам дар ҳадиси дигар мефармоянд, ки “фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шаванд”. Ҳамчунин, набояд фаромӯш кард, ки беҳтарин сармояи мо ҳамонест, ки дар роҳи илмомӯзии фарзандонамон сарф менамоем.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар соли 2019 дар кишварамон ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супурда шудааст,  ки аз ин шумора 32 муассиса аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардидааст.
Итминон дорам, ки ходимони дини кишвар ҳам дар мавъизаҳои хеш ба сокинон гӯшзад мекунанд, ки аз сафарҳои такрорӣ ба ҳаҷ, оростани маъракаҳои пурдабдаба, ки барои худнамоӣ анҷом дода мешаванд, ҳиссагузорӣ дар сохтани мактабҳо барои насли ояндасози кишвар ҳазорон маротиба савоби бештар дорад ва мақбули даргоҳи Ҳақ аст.
    
Абдуғаффор ЮСУФОВ,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ
ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2020    №: 27    Мутолиа карданд: 1208
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед