logo

порлумон

БАДАХШОН. ОМОДАГӢ РАВАНДИ ТОЗА МЕГИРАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми пурмуҳтавои ояндасозашон ба Маҷлиси Олии кишвар чунин ироа намуданд: «Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоид муҳайё созанд». Нишондодҳо ва вазифаҳои дар Паём ба миёнгузоштаи Пешвои муаззами миллатро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда хуб ба роҳ монда, корҳои тадорукотиро ба ҷо оварданд. Ҳоло дар ҳамаи ҳудудҳои шаҳри Хоруғ ва навоҳии вилоят - аз ноҳияи Дарвоз то Мурғоб ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ баъди дар рӯзномаи «Бадахшон» ва нашрияҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп шудани рӯйхати аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ фаъолияти доманадори худро ба роҳ мондаанд.
Барои шаффофу демократӣ баргузор кардани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ иқлим ва табиати сарди Бадахшон низ ба эътибор гирифта шудааст. Зеро дар моҳҳои феврал ва март дар минтақаҳои қисмати ғарбии вилоят дар деҳоти водиҳои Вахё, Ванҷи Боло, Бартанг, Ғунд, Ҷавшангози ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнону Роштқалъа ҳаво хеле сард мешавад, дар авулҳо ва мавзеъҳои чорводори водиҳои Аличуру Булункӯл, Қароқӯлу Рангкӯл ва Вахони ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим хунукиҳо то ба 40 дараҷа мерасанд. Дар ин водиҳо то миёнаҳои моҳи март барфрезиҳо, тармафароиҳо ва яхбандиҳои зиёд ба амал меоянд. Аз ҳамин хотир, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботие, ки дар деҳоти ин минтақаҳо воқеанд, дар сатҳи баланд ва муташаккилона доир гардад.
Тибқи иттилое, ки аз дастгоҳи раиси ВМКБ гирифтем, муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди даҳ минтақаи роҳдории вилоят вазифадор гардидаанд, ки роҳу пулҳои нақлиётгузарро дар масири ин водиҳои баландкӯҳ дар ҳолати хуби истифодабарӣ қарор диҳанд. Ҳангоми боришоти барфу борон роҳдорон навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монанд, алоқаи телефонӣ мунтазам барқарор бошад. Участкаҳои интихоботӣ бо дастурамалҳо оид ба интихобот, рӯзнома ва маҷаллаҳо, маводи сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таъминанд. Дар шаҳру навоҳии Бадахшон дарҳои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ аз субҳ то шом кушода буда, навбатдории шабонарӯзӣ фаъол аст. Рӯйхатҳои интихобкунандагон тайёр мебошад. Ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ дар беҳтарин биноҳои навсохт ҷойгир шудаанд.
Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат Додихудо Солеҳов, ки дар деҳаи Зинги Ҷамоати деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз ба сар мебарад ва умраш ба 97 расидааст, гуфт, ки дар даврони шӯравӣ ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва вагонҳо ҷой мегирифтанд. Ҳоло дар айёми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон авҷи босуръати амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ тавассути дастгириҳои беназири Пешвои муаззами миллат ба роҳ монда шудаанд. Дар ҳама кунҷу канори вилоят ва, аз ҷумла дар ноҳияи Дарвоз толорҳо, қасрҳои бошукӯҳи фарҳангӣ, хонаҳои фарҳанг, клубу китобхонаҳо, марказҳои тиббӣ ва дигар иншооти мутобиқ ба талаботи шаҳрсозӣ ва меъмории ҳозиразамон хеле зиёд бунёд гаштаанд. Ҳамаи ин ободгариҳои бесобиқаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ба он мусоидат менамояд, ки ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ дар муносибтарин биноҳо ҷойгир бошанд.
Аз нахустин рӯзҳои омодагӣ ба маъракаи нави интихоботӣ Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ, масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони деҳотро вазифадор намуд, ки ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ванҷ, рақами 40 ва ҳамаи 40 участкаи интихоботиро дар беҳтарин биноҳо ҷойгир карда, шароитҳои муносиби кориро барои онҳо муҳайё намоянд. Аз ҷумла, ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ванҷ, рақами 40 дар бинои бисёрошёнаи маркази саломатии шаҳраки Рохарв, ки панҷ сол муқаддам дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳру навоҳии Бадахшон иштирок намуда буданд, ҷой гирифтааст. Раиси комиссияи ҳавзавӣ, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони шуъбаи маорифи ноҳия Ёдгоршо Файзов ва 11 нафар аъзои комиссияи ҳавзавӣ ҳамарӯза машғули кор мебошанд. Дар гӯшаи интихобкунандагон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», адабиётҳо ва дастурҳои зарурӣ, инчунин, дастаҳои рӯзномаҳои зиёд, аз ҷумла рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Бадахшон», «Ватан», ки ҷараёни маъракаи интихоботиро мунтазам инъикос менамоянд, рӯйхати рақамҳои телефонии ҳамаи раисони комиссияҳои участкавии интихоботӣ, дафтарҳои бақайдгирии номзадҳо ва шахсоне, ки ба ҳавза барои маълумот гирифтан меоянд, дафтари арзу шикоятҳо мавҷуд мебошад.
Омодагиҳои комил ба он далолат менамоянд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дар асоси талаботи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври демократӣ, шаффоф ва ба дараҷаи баланди ташкилӣ, худшиносии миллӣ ва эҳсосоти ватанпарастии сокинони вилоят баргузор мегардад.
 
Муҳаммадзоиршо
ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият», 
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2020    №: 27    Мутолиа карданд: 666
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед