logo

ҳуқуқ

"БАҲСИ МАНЗИЛ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ Ё ЧАРО СУД ШАРТНОМАИ ХАРИДУФУРӮШРО БАЪДИ 10 СОЛ БЕКОР КАРД?"

Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Лашкар Шарифзода таҳти унвони «Баҳси манзил дар ноҳияи Рӯдакӣ ё чаро суд шартномаи харидуфурӯшро баъди 10 сол бекор кард?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», 18 декабри соли 2019, № 240 нашр шудааст, дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи оилавӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 7 январи соли 2019 даъвои Маҳмадулло Тағаев, бо ҷавобгарии Бибироҳила Ҳакимова, Нурулло Бафоев, Аҳмад Мирзоев ва идораи нотариалии давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи беэътибор донистани шартномаҳои харидуфурӯши манзили истиқоматӣ басташуда эътироф кардани шартномаи харидуфурӯши хонаи истиқоматӣ ва ба қайди давлатӣ гирифтани аҳд қонеъ карда шудааст.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ аз 23 майи соли 2019 ҳалномаи мазкур бетағйир, шикояти кассатсионии Б. Ҳакимова беқаноат мононда шудааст.
Далели он ки суд парвандаро бе иштироки Б. Ҳакимова баррасӣ намуда, пас аз 10 сол шартномаи харидуфурӯши хонаҳои истиқоматиро беасос беэътибор дониста, баёноти нодурусти ҷавобгар Нурулло Бафоев, ки гӯё маблағи хонаро аз бародари Б. Ҳакимова – М. Тағаев гирифта буд, ғайриқонунӣ ба назару эътибор гирифтааст, қобили қабул намебошад.
Тавре омӯзиши маводи парванда нишон дод, соҳибмулкони қаблии манзилҳои истиқоматии баҳсӣ Нурулло Бафоев ва Аҳмад Мирзоев дар суди марҳилаи якум ва ҷаласаи коллегияи судӣ баёнот додаанд, ки хонаҳои истиқоматиашонро марҳум М. Тағаев харида, маблағи онҳоро худаш пардохт намудааст. Дар шартномаҳои харидуфурӯш бошад, бо хоҳиши М. Тағаев хоҳараш Б. Ҳакимова ҳамчун харидор имзо намудааст.
Ҳамзамон, аз протоколи маҷлиси судӣ бармеояд, ки Б. Ҳакимова ва намояндааш М. Муҳаммадинова дар маҷлиси судӣ иштирок намуда, баёнот додаанд. Азбаски парвандаи дар боло зикршуда дар доираи талаботи қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ ҳалли худро ёфтааст, барои бекор кардани санадҳои судӣ асос дарёфт карда нашуд.

С. РАҲМОНЗОДА,
муовини раиси Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2020    №: 27    Мутолиа карданд: 1119
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед