порлумон
НУРОБОД. АЗ ОМОДАГИИ ҲАВЗАҲО ТО ҲАВАСМАНДИИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Омодагӣ ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ноҳияи Нуробод дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ идома дорад.
Зафарҷон Ҳисориев, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори "Ҷумҳурият" изҳор дошт, ки шумораи умумии овоздиҳандагони ноҳия 42007 нафар буда, дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26956 нафар дар ҳавзаи якмандатии ҳудудии Файзобод № 11 ва 15051 нафари дигар дар ҳавзаи якмандатии Рашт № 12 ба тарафдории номзади мавриди назарашон раъй хоҳанд дод. Аз тарафи ҳавзаҳои Файзобод №11 дар ҳудуди ноҳия 35 участкаи интихоботӣ ва Рашт № 12 дар ҳудуди ноҳия 17 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд.
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 39 ҳавза ва 52 участкаи интихоботӣ фаъолият доранд. То имрӯз 80 нафар номзад дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 39 нафар аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 29 нафар аз тарафи Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва 12 нафар тариқи худпешбарӣ мебошанд.
Барои интихоботи вакилони маҷлисҳои ҷамоат дар 7 ҷамоати шаҳраку деҳот 178 ҳавзаи интихоботӣ таъсис ёфтааст.
Дар ҳамаи ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ қуттиҳои овоздиҳӣ ва ҷойҳои раъйдиҳӣ пурра омода шудаанд. Шиорҳои даъват ба иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, навиштаҷоти марбут ба интихобот низ дар марказҳои оммавию ҷамъиятӣ насб гардидаанд.
- Аз рафти омодагиҳо маълум аст, ки интихоботи имсола дар ноҳия дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор гардида, ба як маъракаи пуршукӯҳи сиёсӣ табдил мегардад. Зеро сокинони ватандӯсти ноҳияи Нуробод дарк менамоянд, ки интихоби онҳо ба фардои некашон таъсиргузор хоҳад буд, - гуфт Зафарҷон Ҳисориев.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.02.2020 №: 27 Мутолиа карданд: 923