порлумон
ТОҶИКОБОД БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ
Аҳолии ноҳияи Тоҷикобод дастурҳои Паёми Пешвои миллатро ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ доир намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ омодагӣ мегиранд. Инро рафти корҳои ташкилӣ дар ҳавзаю участкаҳо ва фаъолияти самараноки масъулони баргузории интихобот собит месозад.
Тавре дар суҳбат раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Исҳоқ Ғафуров иттилоъ дод, то имрӯз дар 40 ҳавза ва 33 участкаи интихоботии вакилони Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» комиссияҳои ҳавзавӣ ташкил карда шуданд. Айни замон аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ба таври худпешбарӣ 39 нафар ба КМИР ҳуҷҷат пешниҳод намудааст. Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ идома дорад. Рӯйхати интихобкунандагон пас аз омӯзиш аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот ба КМИР пешниҳод шудааст, ки 21870 нафарро дар бар мегирад. Бақайдгирии номзадҳо дар даҳаи аввали моҳи феврал ба анҷом мерасад. Гӯшаҳои интихоботӣ бо маводи иттилоотӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъминанд. Имрӯзҳо дар ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ба роҳ монда шуда, дар мавзеъҳои аҳолинишин маводи иттилоотӣ паҳн ва насб гардидаанд.
- Бовар дорем, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ тамоми интихобкунандагон бо дарки масъулиятшиносӣ фаъолона ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд ва бо раъйи худ ояндаи рушду суботи кишварро муайян менамоянд, - иброз дошт Исҳоқ Ғафуров.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.02.2020 №: 27 Мутолиа карданд: 917