logo

сиёсат

"ИХВОН - УЛ - УСЛИМИН". НАЗАРЕ БА ТАЪРИХ ВА ҲАДАФҲОИ ПАСИПАРДАГИИ ИН ҲАРАКАТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

Ҳаракати экстремистии «Ихвон – ул - муслимин» бо истифода аз шиорҳои баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, муъмин бародари муъмин ва амсоли ин мардумонро ба сафҳои худ ҷалб менамоянд ва таъмини молиявию иқтисодии онҳо, асосан, аз ҳисоби аъзоҳаққӣ  ва даромади молии аъзоёнаш аст. Ҳамчунин, корхона ва ширкатҳои сайёҳиву меҳмонхонаҳо таъсис дода, аз ин ҳисоб сафҳои худро тавсеа медиҳад. Ба фарқ аз дигар ташаккулаҳои сиёсии исломӣ, махсусан, ба фарқ аз «Ҳизб - ут - таҳрир», «Ихвон-ул-муслимин» шабакаи бисёр бузург ва сернуфуз аст, вале идораи марказӣ надорад.
Дар ибтидо яке аз марказҳои ҷалбнамоӣ ба сафҳои ин гурӯҳ донишгоҳи «Ал азҳар» - и Миср ба ҳисоб мерафт. Зимни ҷалбнамоии  донишҷӯён ба онҳое, ки бештар ақидаи исломӣ доранд ва то андозае динмеҳваранд, бартарӣ дода мешуд. Ҳамчунин, бо роҳи паҳн кардани китобҳои пешвоёни рӯҳонии «Ихвон – ул - муслимин» ва, ҳамчунин, осори мутакаллимон ва орифони гузаштаи исломӣ дар байни донишҷӯёне, ки бештар машғули омӯзиши илмҳои дунявианд ба роҳ монда мешуд. Ин ҳаракат ҳанӯз аз солҳои 30 - юми қарни гузашта ба ташкил кардани шабакаҳои худ дар саросари ҷаҳон машғул аст. Муҳаққиқон бар онанд, ки айни ҳол ин шабака дар зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон амал мекунад ва бо номҳои гуногун ҳизбу ҳаракатҳои хешро дар кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намудааст. Ҳизбу ҳаракатҳои ин шабака иборатанд аз: шохаи лубнонӣ (соли 1936), шохаи суриягӣ (соли 1936), Фронти амали исломӣ дар Урдун (соли 1946), Ҳаммос дар Ғаза ва соҳили ғарбии Фаластин, Ҳизби озодӣ ва адолат дар Миср, Ҷомеаи ислоҳ ва ҳизби сиёсии он - Ал-минбар дар Баҳрайн, Ҷомеаи исломияи Мавритания, Фидоиёни Эрон, ки аз солҳои 1940 то давраи Инқилоби исломӣ фаъол буданд. Ҳизби исломӣ дар Ироқ, ки аз соли 1960 амал мекунад, баъди ба сари қудрат омадани Саддом Ҳусайн аз нав барқарор шуд ва роҳбари он ноиби Президент Тариқ – ал – Ҳошимӣ буд. Дар Фаластин ва минтақаи Ғаза ихвониҳо дар ҳаракати Ҳаммос ҷамъ омада буданд.
Ихвониҳо дар дигар кишварҳо дар шакли ҳизбҳои парлумонӣ низ вориданд, аз он ҷумла дар Кувайт ҳизби Ҳадас, дар Яман ташкилоти Яман барои ислоҳот, дар Марокаш ҳизби Адолат ва тараққиёт, дар Алҷазоир Ҳаракати ҷомеа барои сулҳ ва ғайра.
Дар ИМА барои фаъолияти тарғиботӣ ва амалии худ ин ташкилот шабакаҳоеро чун Бунёди исломии Амрикои Шимолӣ (соли 1971), Ҷомеаи исломии Амрикои Шимолӣ (соли 1981), Шӯрои мусулмонони Амрико (соли 1990), Ҷомеаи исломии Амрико (соли 1992) ва Институти байналмилалии андешаи исломӣ (соли 1980) таъсис додааст.
Соли 1999 дар Лондон ихвониҳо маркази иттилооти умумиҷаҳонӣ таъсис доданд. Апрели соли 2014 Дэвид Кемерон сарвазири вақти Британия фармон дод, ки фаъолияти ин ташаккуларо дар Британия таҳқиқ кунанд. Барои пешгирӣ кардани таҳқиқот ихвониҳо ба Австрия кӯчиданд. Дигар ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар заминаи ин ташкилот ба миён омадаанд, Ҷамоаи исломия ва ат-такфир-вал -ҳиҷра ба ҳисоб меравад.
«Ихвон-ул-муслимин» мисли ҳамаи ҳаракатҳои сиёсии динӣ вуҷуди давлатҳои миллиро намепазирад ва дар пайи бунёди давлатҳои фаромиллӣ ва динмеҳвар ҳадафҳои худро ба роҳ мондааст. Агарчи, зоҳиран даъвои бо роҳи осоишта исломӣ кардани ҷомеаро доиман таъкид месозад, вале усулан онҳо ҷиҳодро яке аз ҳадафҳои асосии хеш медонанд. Ихвониҳо даъво мекунанд, ки маҳз хилофат ва қонунҳои исломӣ метавонанд принсипҳои адолати иҷтимоиро таъмин кунанд, коррупсияю қашшоқиро аз байн баранд ва, ҳамчунин, озодии сиёсиро фароҳам оваранд. Аммо воқеият куллан баръакси ин гуфтаҳо аст. Зеро дар низоми динмеҳвар ҳеҷ гоҳ баробарӣ дар нисбати бовармандони мазҳабҳои гуногун фароҳам оварда намешавад. Ҳатман ҳар дини сиёсишуда даъвои асл ва ҳақиқат буданро ба миён мегузорад ва дигар бовару эътиқодро маҳдуд месозад. Ин навъ амалкардро дар ҳамаи низомҳои сиёсии динӣ бармало метавон мушоҳида намуд, ки табъизи мазҳабҳои дигар борҳо сурат гирифтааст. Ҳарчанд ихвониён кӯшиш мекунанд байни мазҳабҳои исломӣ як навъ ҳамбастагиеро ба вуҷуд биёранд, аммо дар маҷмӯъ, динҳо ва боварҳои дигарро табъиз мекунанд ва ҳуқуқҳои бовармандони онҳоро поймол месозанд. Соли 1997 Мустафо Машҳур роҳбари олии «Ихвон-ул-муслимин» пешниҳод кард, ки масеҳиёну яҳудиён ва намояндагони дигар динҳои ғайриисломӣ бояд ҷиззия супоранд.
Ихвониён баробарҳуқуқии зану мардро таъмин карда наметавонанд. Барои онҳо ба мисли тамоми равияҳои дигари исломи сиёсӣ, ки маншаъ аз дастуроти шариатӣ мегиранд, занон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеа эътироф намешаванд. «Ихвон-ул-муслимин» дар давраи нав аз аввалин ҳаракатҳои исломиест, ки дар кишварҳои Ховари Миёна исломро ҳамчун сиёсат муаррифӣ мекунад. Аз назари онҳо ислом бидуни сиёсат ва ҷиҳод наметавонад комил бошад. Ҳамин аст, ки онҳо танҳо исломро роҳи ҳал медонанд, ҷиҳодро роҳи худ меҳисобанд ва шаҳодатро дар ин роҳ орзуи хеш меҳисобанд.
Ин ҳаракат ҳанӯз аз солҳои 60 - уми қарни гузашта тавассути ворид намудани адабиёти сиёсии динӣ дар собиқ шӯравӣ, махсусан, ба кишварҳои Осиёи Миёна ҷойи по пайдо намудааст. «Дар ибтидои солҳои 60 - ум аллакай, асарҳои ислоҳотхоҳони ихвонӣ аз қабили Саид Ҷамолиддини Афғонӣ, Муҳаммад Абдул, Саидқутб, Муҳаммадқутб, Муҳаммадғазолӣ ва дигарон, ки аз саромадон ва асосгузорони ақидаи фаъол гардидани дин дар саҳнаи сиёсии ҷомеаи мусулмон буданд, вориди ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна гардиданд». (Пушти пардаи ҲНИТ. Давлати Усмон, ҳафтаномаи «Самак», №26 (138) аз 25.06.2014).
Ҳамин  тавр, пойгоҳи ячейкаҳои ихвонӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъол карда шуд ва, инчунин, ин шабака дар ҷумҳуриҳои мусалмонии Россия таъсис ёфт. Агарчи, аввалан онҳо пинҳонӣ амал мекарданд, пас аз барҳам хӯрдани шӯравӣ, ҳадди ақал дар охирин марҳилаҳои он, заминаи ташкили ҳизбҳои гуногуни барчаспи исломидошта дар кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва кишварҳои мусалмоннишини Федератсияи Россия гардиданд, ки ҳамчун намунаи он таъсиси Ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шӯравӣ, ТТЭ ҲНИ, ҲИУ - ро метавон ҳисоб кард. Ҳаракатҳои мазкур баъдан ба марҳилаи ҷиҳодӣ гузашта, сабаби ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ин манотиқ гардиданд. Ҳарчанд дар ҳудуди иддае аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, махсусан, Россияву кишварҳои Осиёи Миёна аз соли 2006 ин ҳаракат ба ҳайси ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф шуда бошад ҳам, вале пайравони худро дар шакли дигар ва ному сохтори дигар нигоҳ доштааст, ки ҳамон ҳадафҳоро думболагирӣ менамоянд.

Азимҷон РАҲМОНЗОДА,
муовини директори  Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2020    №: 27    Мутолиа карданд: 1237
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед