logo

иқтисод

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ КАРТОШКА

Кишоварзони ноҳияи Лахш дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошкаро аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо сол то сол зиёд намуда, бо истифода аз усулҳои нави агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.
Тавре Ато Ҷӯрабеков, муовини якуми раиси ноҳияи Лахш, зимни суҳбат ба хабарнигори "Ҷумҳурият" гуфт, ки меҳнаткашони ноҳия бо мақсади  таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дастҷамъона талош варзида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзиро ба 338 миллиону 185,2  ҳазор  сомонӣ расонданд.
Соли гузашта дар майдони 1438 гектар ғалладона, 4688 гектар картошка ва 255 гектар сабзавот кишт шуда, 78 гектар боғи нав бунёд ёфт ва 15 гектар боғи куҳна барқарор гардид.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 100 ҳазору 11 тонна картошка, 2879 сабзавот ва   6055 тонна мева  ба даст омад. Беш аз 67 ҳазор тонна картошка ба берун аз ноҳия содирот карда шуд.
Соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳия яке аз соҳаҳои асосии хоҷагидорӣ ба шумор меравад. Захираи хӯроки чорво барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 - ум  34597 тонна ё 102, 7 дарсади нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия  саршумори чорвои калони шохдор 30 ҳазору 223  сар, аз ҷумла 13 ҳазору 623 сар модагов,  чорвои майда 133 ҳазору 365 сар, аз ҷумла дар хоҷагиҳои давлатӣ  208 сар, хоҷагиҳои деҳқонӣ 15 ҳазору 410 сар ва аз  ҳисоби  аҳолӣ 117 ҳазору 747 сар,  қутос 524 сар ва шумораи  оилаҳои занбӯри асал 4622 ададро ташкил менамояд.
Соли гузашта 2133,6 тонна гӯшт,  8308 тонна шир, 1 миллиону 718  ҳазор дона тухм  ва  90,7 тонна асал истеҳсол гардид.
- Ҳамин тавр, кишоварзони ноҳия мақсад доранд, ки тибқи дастури Пешвои муаззами миллат майдони киштзори картошкаро ба 5 ҳазор гектар расонда, ҳамчунин, дар фасли баҳори соли ҷорӣ 20 гектари дигар боғи нав бунёд намоянд. Ҳоло барои бунёди боғ беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли себу нок захира кардем, - гуфт дар хотимаи суҳбат Ато Ҷӯрабеков.

Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2020    №: 27    Мутолиа карданд: 865
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед