номаҳо
Меъёри ахлоқи миллӣ набояд фаромӯш шавад
Дар ахлотпартовҳо нонро мебинаму дилам мегиряд. Ва ҳам мебинам, ки зане нонрезаеро бо ҷорӯб мерӯбад, дарунӣ месӯзам. Оре, дар ин ҳол эҳсос мекунам, ки кор аз ҳадди насиҳату андарз гузаштааст. Охир борҳо посухам доданд, ки дар хонаи худам насиҳат кунаму амр диҳам.
Меандешам, ба хотир меорам, ки чанд насл пеш аз мо пайваста таъкид менамуданд, то ба қадри ин неъмати Худованд ҳамеша бирасем ва гиромияш бидорем.
Бархе мегӯянд бо чашми худ дидаанд, ки ин амал дар кишварҳои пешрафтаи исломӣ низ роиҷ аст. Ман шахсан надидаам, аммо чаро бояд худро дар ин маврид ба дигар кишварҳо муқоиса намоем. Онҳоро лозим аст, ки дар ин ҳол ба мо пайравӣ кунанд. Гиромӣ доштани нон меъёри ахлоқи миллии мо маҳсуб меёфт. Пас чаро бояд онро фаромӯш намоем?
Ф. Шералӣ,
ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3373