номаҳо
Мавҷпаҳнкунак боиси нороҳатии мо мегардад
Саргардониҳои ман аз 9 феврали соли гузашта оғоз ёфт ва то ба ҳол идома дорад. Яъне хостаам бароварда нашуд. Зарур шуморидам, ки ба гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» бинависам. Сухан дар бораи ҷойгиршавии дастгоҳи мавҷпаҳнкунандаи ҶСП «Сомонком» дар мавзеи истиқоматии шаҳрванд Робия Мараҷабова, ки дар ҳамсоягии мо аст, меравад. Мавҷудияти ин мавҷпаҳнкунак хилофи моддаи 21, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи моддаи мазкури кодекс истифодабарандагон ӯҳдадоранд, ки заминро мувофиқи мақсад ва шартҳои муайяншуда, яъне чун манзили истиқоматӣ, кор фармоянд, на ҷой додани мавҷпаҳнкунаки ширкати номбурда. Ба ҷуз ин садои баланди генератори барқдиҳандаи он боиси нороҳатии мо мегардад. Ва ҳам ба вуҷуд омадани майдони магнитӣ ба пайдо шудани баъзе бемориҳо сабаб мешавад.
Мақсади мо ин аст, ки мавҷпаҳнкунаки мазкурро дуртар насб намоянд. Умед мебандем, ки арзи моро дар мақомоти болоии дахлдор мешунаванд ва масъала ҳалли дурусти худро меёбад, яъне роҳбарияти ширкати «Сомонком» оид ба кӯчондани дастгоҳи мавҷпаҳнкунанда чораи таъҷилӣ меандешад.
Ҳаким ҲАКИМОВ,
маҳаллаи Қалъаи Кӯҳнаи Ҷамоати деҳоти
Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3493