номаҳо
Худо ёру мададгоратон бод, фарзандонам!
Ибтидои солҳои 90 қарни гузашта бо вуҷуди он ки вазъи соҳаи тандурустӣ хеле коҳиш ёфта буд, сардухтури беморхонаи шаҳри Исфара инсони наҷиб Амонуллоҳ Бобоев аз ҳоли мо, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хабар мегирифту ёрӣ мерасонд. Шукри Худо, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ба мо ҳамеша ғамхорӣ зоҳир месозанд. Ба ибораи дигар ҳама чиз ҷойи худро ёфт. Вале он некиҳое, ки солҳои вазнин табибон, хоса А. Бобоев нисбат ба мо, шахсони мӯҳтоҷу солхӯрда зоҳир мекард, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намешавад. Имрӯз табибон ба монанди М. Файзуллоев, Ҷ. Чӯраев, А. Абдуллоев, А. Амонов, М. Сангинов, А. Самадов ва дигарон дар пайравӣ ба А. Бобоев саломатии моро таҳти назорати доимӣ гирифтаанд. Роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, аз ҷумла С. Файзуллоев, С. Болтаев, И. Тӯраев ва дигар соҳибкорон ҳамеша ба мо ёрӣ мерасонанд ва барои барқарорсозии саломатиамон ба истироҳатгоҳҳо мефиристанд. Аз хидмати хуби шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва «Амонатбонк» низ бархурдорем.
Дар ҷавоби ҳама ғамхориҳо мо даст ба дуо мебардорем, ки Тоҷикистони азизамон боз ободтару зиндагии мардум беҳтар гардад ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун сари вақт анҷом биёбад. Худо ёру мададгори сохтмончиёну ҳар нафар саҳмгири кори ин иншооти бузурги аср бод!
Абдуғаффор БОҚИЕВ,
маҷрӯҳи ҶБВ, шаҳри Исфара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3276