порлумон
ИНТИХОБОТ. КМИР РӮЙХАТИ НОМЗАДҲО АЗ ҲАВЗАИ ЯГОНАИ УМУМИҶУМҲУРИЯВИРО ТАСДИҚ КАРД
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботро бо қарори дахлдори худ тасдиқ намуд.
Сабти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 5 феврал зимни баргузории ҷаласаи навбатии КМИР эълон гардид. Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, бақайдгирии рӯйхати номзадҳоро яке аз масъалаҳои муҳими раванди омодагӣ ба интихобот арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки он дар доираи муҳлати пешбинигардидаи моддаи 35 - и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи ҳизбҳои сиёсӣ амалӣ гардид.
Ба ин тартиб, ҳамаи аҳзоби сиёсии расман сабтиномшудаи кишвар, аз ҷумла Ҳизби аграрӣ бо 13 нафар, Ҳизби сотсиалистӣ 5 нафар, Ҳизби Халқии Демократӣ 26 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 7 нафар, Ҳизби демократ 4 нафар, Ҳизби сотсиал - демократ 5 нафар ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ҳайати 5 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вориди корзори интихобот шуданд. Тавзеҳ дода шуд, ки бар асоси талаботи қонунгузорӣ ҳамаи номзадҳои сабтиномшуда то 3 рӯзи оянда шаҳодатномаи номзадӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро ба даст оварда, рӯйхати онҳо дар матбуот нашр мегардад.
Дар идомаи ҷаласа қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ оид ба аккредитатсияи миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳайати 8 нафар ва аз Ҷумҳурии Белорусия дар ҳайти 2 нафар қабул гардид. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони КМИР, аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ аз дигар созмонҳои байналмилалӣ низ идома дошта, қарор аст, барои назорати интихобот дар кишвар то рӯзи баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ теъдоди зиёди мушоҳидон вориди Тоҷикистон шаванд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.02.2020 №: 28 Мутолиа карданд: 864