logo

сиёсат

ПАЁМ. МО БОЯД САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ!

Дар моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ номида шудааст ва ин моҳиятан онро ифода мекунад, ки  сиёсати  давлатӣ, асосан,  ба  беҳбуди шароити зиндагии ҳар як шахс равона  шудааст. Аз ин лиҳоз, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олӣ низ таъкид шудааст, ки « …мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи Парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад».
Иҷтимоиёт ҷузъи таркибии иқтисод буда, натиҷа ва ҳадафи ниҳоии он дар ташкил ва таъмини дараҷаи ҳаёт, ҳифзи саломатӣ, бехатарӣ ва  қонеъгардонии ниёзҳои шахс ифода меёбад. Дар солҳои охир рушд  додани самтҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ба баланд шудани сатҳу сифати зиндагӣ ва даромади пулии аҳолӣ, музди меҳнат, бақияи пасандозҳо, дарозумрӣ   ва  коҳиши фавти  шаҳрвандон  мусоидат намуд. Дар умум, тавре дар Паём омадааст: «Рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард расидааст».
Воқеан, бо афзоиш додани маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ, кишоварзӣ ва сайёҳии кишвар, бо вусъати гардиши савдо ва хизматрасониҳо дар бахши хусусӣ, бо истифода ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020  ба 87,4 миллиард сомонӣ расонда  мешавад. Талаботи дунёи муосир, яъне ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва дар асоси он қабул ва амалӣ намудани барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар то соли 2025, вазифаи  наздиктарини ҷомеаи мо хоҳад гашт.
Сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ояндаи наздик ба боло бурдани суръати истеҳсоли маҳсулоти гуногуншакли саноатии содиротӣ, бо таъсиси сомонаҳои интернетӣ ва муаррифии ин маҳсулот, таҳияи барномаи рушди содирот барои солҳои 2021 - 2025, ҳавасмандгардонӣ ва аз байн бурдани монеаҳо дар сиёсати пуливу қарзӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва афзоиши содирот равона мегардад.
Саноатикунонӣ чун ҳадафи навбатии стратегии давлатамон устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии мамлакатро дар асоси ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ дар бар мегирад. Барои иҷрои ин ҳадаф, рушди  соҳаи энергетика ва амалишавии нақшаҳои оянда дар ин самт  хеле  муҳим буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода дорои имконоти зиёд аст.
Дар Паём иҷрои масъалаҳои муҳим - пешбурди фаъолияти стандартӣ дар соҳаи сохтмон, меъмориву шаҳрсозии муосир, таҷдиду навсозии роҳҳо, нақбҳо, рушди устувори деҳот, раванди сайёҳӣ, тайёр намудани мутахассисони технологияи муосир, забондон, тарҷумонҳо, фарҳангшиносон, таърихдонҳо, тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  ва бо ин роҳ табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва сайёҳӣ ба миён гузошта шудааст.
Соҳаи илму маориф, ки дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад, зери диққати доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Тибқи Паём боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, азхудкунии донишҳои муосир, китобхонӣ, сайқал додани қобилияти эҷодии муҳассилин, таълими  стандартии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ бо гузарондани олимпиадаҳо ва ташаккули тафаккури техникии насли наврас дар асоси Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, солҳои 2020 - 2040», омилҳои  муҳим дар ташаккули насли муосир ба ҳисоб мераванд..
Таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, густариши демократия,  ҳифзи амнияти давлатӣ, таъмини рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аз рукнҳои бунёдии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб ёфта, амалишавии ин масъалаҳо идома хоҳанд ёфт. Вале, аз ҳама муҳим, барои расидан ба тамоми ҳадафҳои олии миллӣ, тавре дар Паём омадааст: «Мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, раванди ободкориву созандагиро бештар намуда, содиқона ва софдилона заҳмат кашем ».

Ғ. ҒАРИБШОЕВ, директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ, номзади илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2020    №: 29    Мутолиа карданд: 1024
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед