logo

фарҳанг

КИТОБ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

Дар таърихи башарият танҳо давлат ва халқҳое умри нисбатан дарозтар дидаанд, ки онҳо аз имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон пурра ва дурусту оқилона истифода карда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлолро тарбия кардаанд.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар ин самт корҳои зиёди сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавию тарбиявӣ ба анҷом расонда шудаанд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти худшиносии милливу динии мардуми мо мушкилоту камбудиҳо ҳанӯз хеле зиёданд. Ин норасоиҳо на бо суханони хушку холӣ, тарғиботи мавсимӣ ва ҳатто ифтихороти зоҳирӣ, балки танҳо тавассути тарбияи муназзами маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа - аз оила то коргоҳ бартараф карда мешаванд.
Ба ин мазмун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш масъалаи чопи китоби безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» - ро ба миён гузошта, зикр карданд, ки дар ташаккули ҳамаҷиҳатаи худшиносии насли наврас ҳанӯз камбудиҳо ҳастанд. Бо назардошти зарурати мутолиаи китоб ва нақши он дар баланд бардоштани маънавиёти мардум, ташаккули завқи бадеӣ ва зебоиписандӣ Пешвои миллат ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоб ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паём дар бораи аз гардиш мондани китоб, ки ҷузъи муҳими  сарвати маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад, ибрози нигаронӣ намуда, таъсири паёмадҳои манфии онро барои фарҳанги миллӣ таъкид карданд. Аз таҳлилҳои Сарвари давлат бармеояд, ки дар солҳои 2014 - 2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расидаанд. Вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд. Барои раҳоӣ аз вазъияти баамаломада Сарвари давлат роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
Аз маъниҳои амиқи гуфтаҳои Сарвари давлат бармеяд, ки китобу китобхона ва маърифату фарҳанги воло низ яке аз мавзӯъҳои меҳварии Паём буд. Дар ин росто, фаъол шудани муассисаҳои таълимӣ ногузир аст.

Ҷамила ДАРВОЗИЕВА, омӯзгори мактаб - интернати миёнаи махсуси мусиқии
ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2020    №: 29    Мутолиа карданд: 648
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед