порлумон
БОХТАР БА ИНТИХОБОТ ОМОДААСТ
Амонулло Ашӯрзода, раиси ҳавзаи интихоботии Бохтар - 26 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз медорад, ки аз лиҳози омодагӣ ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз интихоботҳои қаблан баргузоргардида бартарӣ дорад.
Ба гуфтаи ӯ, дар баробари омодагӣ ба таъмини шароитҳои баргузории интихобот ва муҳайё намудани шиору овезаҳо, инчунин, 10 номгӯй санадҳои ҳуқуқӣ дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Бохтар тақсим карда шуданд. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ва фаъолгардонии тамоми қишрҳои ҷомеа ба ин маъракаи сиёсӣ як зумра иқдомҳо амалӣ гаштанд. Ба хотири фаҳмондадиҳии сокинон аз тартиби кории интихобот ва таъмини имкони раъйдиҳии шаҳрвандони имконияташон маҳдуд аз ҳисоби ҷавонону донишҷӯёни фаъоли шаҳри Бохтар 86 ихтиёрӣ даъват гардид. Онҳо дар ҳайяти гурӯҳҳои корӣ ба сифати тарҷумони участкаҳои интихоботӣ барои мушоҳидони байналмилалӣ низ хизмат хоҳанд намуд.
Ҳавзаи интихоботии Бохтар - 26 аз бузургтарин ҳавзаи интихоботӣ мебошад, ки аз 71 участка иборат буда, аз ин 16 участка дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, 17 участкаи интихоботии он дар шаҳри Левакант ва 38 участка дар шаҳри Бохтар ҷойгиранд. То имрӯз аз ҷониби комиссияи ҳавзаи интихоботии Бохтар - 26 номзадии 5 нафар намояндаи ҳизбҳои сиёсии кишвар ба вакилии Маҷлиси намояндагони МО ҶТ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, то 3 феврал ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мазкур Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ номзадҳои худро пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи Амонулло Ашӯрзода, корҳои таблиғотӣ бобати ҷалби таваҷҷуҳи интихобкунандагон тариқи ВАО низ хуб ба роҳ монда шуда, интихобкунандагон оид ба суроғаи ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ маълумоти кофӣ пайдо намудаанд. Бобати оғози муаррифии номзадҳо ба вакилӣ бо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои худпешбар суҳбатҳо гузаронда шуданд.
- Инчунин, то имрӯз 27 муроҷиати сокинонро вобаста ба масоили гуногуни интихобот ба қайд гирифтем, ки иддае қабл аз рӯзи баргузории ин маъракаи сиёсӣ сафар дошта, қисми дигар ба суолҳои гуногуни худ посух пайдо карданд,- гуфт А. Ашӯрзода.
Анвар ҲАФИЗ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2020 №: 29 Мутолиа карданд: 719