порлумон
ВАХШ. ОМОДАГИҲО БА МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ИДОМА ДОРАНД
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон омодагиҳо ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо дар сатҳи баланд идома доранд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Вахш ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии ҷумҳуриявии Вахш - 32 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Азизулло Негматов иброз дошт, ки ҳавзаи мазкур аз 66 участка иборат буда, ноҳияи Вахш ва қисман ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхию Кӯшониёнро фаро мегирад.
- Ҳамчунин, дар ноҳия барои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 4, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш 40 ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 186 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст. Ҳамзамон, дар алоҳидагӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 53 участкаи таъсис ёфтааст, ки тахминан 111 ҳазору 575 нафар интихобкунанда дорад, - гуфт А. Негматов. - То имрӯз аз ҷониби комиссияи ҳавзавии интихобот дар ҳавзаи якмандатии ҷумҳуриявии Вахш - 32 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 5 номзад ба қайд гирифта шуд.
Тибқи талаботи моддаи 25 - и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бо пешниҳоди анҷумани ҲХДТ дар ноҳияи Вахш номзадии 4 нафар ба интихоботи Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи вилояти Хатлон ва номзадии 40 нафар ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш ба қайд гирифта шуд.
Ба гуфтаи Азизулло Негматов, дар асоси муқаррарот, пешбарии номзадҳо тариқи худпешбарӣ то 9 феврал идома ёфта, то имрӯз дар ноҳияи Вахш ба тариқи худпешбарӣ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 12 нафар ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш 80 нафар дар ҳавзаҳои дахлдор ҳамчун номзад сабти ном шудаанд.
Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2020 №: 29 Мутолиа карданд: 668