порлумон
САНГВОР. СОКИНОН БА РАЪЙДИҲӢ ОМОДААНД
Дар ноҳияи Сангвор бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ доир намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо корҳои омодагӣ идома доранд. Раиси комиссияи интихоботии ноҳия Абдулвоҳид Хошоков иттилоъ дод, ки дар асоси қарори иҷлосияи 21 - уми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия таъсис ёфт.
Дар ноҳия 27 участкаи интихоботӣ доир ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 участка оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқ таъсис дода шуда, ҳавзаҳои интихоботӣ муайян гардидаанд.
Ҳайати комиссияи участкаҳои интихобот аз 7 - нафарӣ иборат буда, фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва комиссияҳои ҳавзавии интихоботи вакилони ҷамоатҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба роҳ мондаанд.
Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ мебошад, бинобар ин, комиссия пеш аз ҳама, барои он талош менамояд, ки ҳар сокини ноҳия ба умқи маънии интихобот расида тавонад. Яъне, дарк намояд, ки иштирок дар интихобот, интихоби вакилони арзанда саҳми ҳар овоздиҳанда дар давлатдории тоҷикон ва қабули қонунҳои барои зиндагии мардум муҳим мебошад. Аз ин рӯ, шинос намудани раъйдиҳандагон бо қонуни интихобот ва дастурамалу дигар санадҳои меъёрии марбут ба ин маърака хеле зарур аст. Дар ин ҷода аъзои комиссия корҳои назаррасро ба сомон расондаанд. Дар якҷоягӣ бо раисон ва аъзои комиссияҳои участкаҳои интихобот дар ҳудуди деҳоти ноҳия семинар ва суҳбатҳо гузаронда, шиору овезаҳо вобаста ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ насб гардидаанд. Тавассути вохӯриҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати иштироки фаъол ва озодонаи интихобкунандагон, дар бораи мақсад ва моҳияти интихобот маълумоти зарурӣ ба самъи мардум расонда мешаванд, то ин ки ба ҷонибдории шахсони арзанда раъй диҳанд.
Дар участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ санадҳои зарурӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2020 №: 29 Мутолиа карданд: 668