номаҳо
Чорроҳаҳо ба нозирони БДА ниёз доранд
Маълум аст, ки ҳоло барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба ҷуз пойтахти ҷумҳурӣ, аз рӯи реҷа, соатҳои муайян дода мешавад. Вобаста ба ин чароғакҳои (светофорҳо) роҳҳо дигар роҳнамоӣ карда наметавонанд. Дар шаҳри мо, махсусан дар чорроҳаи назди бозор ва фурӯшгоҳи «Равшан», шумораи мошинҳо дар андак муддат зиёд мегардад. Яъне бе чароғаки фурӯзон дар ин ҳол имкони рух додани садамаи нақлиётӣ ба вуҷуд меояд. Ронандагон қоидаҳои роҳро риоя кунанд ҳам, мушкилотро рафъ намуда наметавонанд. Ин ҳолро дар дигар шаҳру ноҳияи кишвар низ ба мушоҳида гирифтаам. Чаро дар ин гуна чорроҳаҳо ҳангоми набудани барқ нозирони БДА навбату тартиби нақлиётро роҳандозӣ намекунанд?
Оре, дар сурате ки дар дигар қисматҳои роҳҳо аз саҳар то ба шаб даста-даста, чанднафарӣ меистанду мошинҳоро манъ мекунанду ҳуҷҷатҳояшонро аз назар мегузаронанд.
Давлати Набӣ,
шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3494