logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

ФИЛВОРДИ «ДАРЁ ВА ЧАШМАҲОИ ШИФОБАХШ»
Дар филворди навбатӣ номи дарёҳо ва чашмаҳои шифобахши машҳури кишвар ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.

Ҷавоб ба чайнворди «МАТЕМАТИКА», аз 31 январи соли 2020
1. Лемма. 2. Ченак, 3. Оутред, 4. Эйлер, 5. Риман, 6. Таносуб, 7. Шикастан, 8. Фоиз, 9. Омикран, 10. Декорт.

Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
               * * *
Рӯзҳо сипарӣ шуданду ҳафтаҳо, моҳҳо гузаштанду солҳо. Ва зиндагии Сурхаку Савлат низ шабеҳ ба афсонаи Лаку Пак гоҳе ширину пурнишот, ончунон пурмеҳр, ки аз байнашон мӯ намегузашт ва гӯё об аз гулӯи ҳамдигар мехӯрданд, гоҳе талх ва чунон қаҳриву ёғӣ, ки якдигарро чашми дидан надоштанд, мегузашт. Одами калон ё соҳиби мансаб шудани Сурхак ҳам мисли афсона ягон – ягон вирди забон мешуд. Вай омӯзгори қаторӣ, дигар не китоби ғафси бадвоҳима таги каш, на рӯзномаи чортаҳ ба даст, балки бо се - чор дафтари тунуку ашёи хониш, сараш хам, мудом андешаи гароне бар дӯш, лек либосаш ҳамеша тозаву озода мерафт мактабу бармегашт хона.
          * * *
То машраби муҳаббат нанги вафо набошад,
Бояд миёни ёрон мову шумо набошад.
Бар мо хато гирифтан аз кеши шарм дур аст,
Кас айби кас набинад, то беҳаё набошад.
         * * *
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 31 январи соли 2020
Камол Насрулло
Габриэл Гарсиа Маркес

Бинобар он ки аз ҷониби муштариён ба саволҳои пешниҳодшудаи рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҷавоби дуруст пешниҳод нашуд, ғолиб муайян нагардид.
Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки дар пешниҳоди ҷавобҳо ашхоси зерин – Зебунисо Ҳамидзода, Ҷумъахон Раҳимов, Ситора Каримова (Душанбе), Шарафуллоҳ Фатҳуллоев (Спитамен),  Искандаршоҳ Хоҷаев (Рашт), Ҳабибулло Сунатуллоев (Рӯдакӣ), Қаҳрамон Бурҳон (Панҷакент) ва Файёз Нуров (Айнӣ)  ширкати фаъол доштанд.

Масъули рубрика
ЗУЛОЛА БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Телефон: 238-53-40


ДУЗД ВА АМАЛИ ҲАЙРАТОВАРИ СУДЯ
Дар Канада пирамардеро барои дуздии нон дастгир карданд. Зимни мурофиаи судӣ пирамард ба гуноҳи худ иқрор шуда гуфт: «Чун аз ғояти гуруснагӣ дар дами ҳалокат будам, илоҷи дигар надоштам».
Судя ба ӯ рӯ овард: «Ман туро 10 доллар ҷарима мебандам. Ва чун медонам, ки пул надорӣ, ҷаримаро худ пардохт мекунам».
Аз ин ҳукму суханҳо аҳли толор лол монданд. Судя аз ҷайбаш 10 доллар бароварда, талаб кард, ки пулро бурда, ба хазина ҳамчун ҷуброн супоранд. Сипас, аз ҷояш бархест ва ба аҳли толор, ки дар мурофиа иштирок доштанд, гуфт: «Шумо ҳама ҷинояткоред ва ҳар кадом бояд 10 долларӣ ҷарима супоред. Зеро сокинони чунин шаҳре ҳастед, ки мӯйсафед барои аз гуруснагӣ намурдан маҷбур шуд даст ба дуздӣ занад».
Дар толор 480 доллар ҷамъ оварданд ва маблағро судя ба мӯйсафед дода, афзуд: «Вақте шумо дар шаҳре, ки одамони мутамаддин ба сар мебаранд, мардумеро дидед, ки қодир ба дуздии нонанд, донед, ки дар он аз адолат нишоне намондааст».
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


ИШТИБОҲИ СУД ВА ИСБОТИ БЕГУНОҲӢ БАЪД АЗ 40 СОЛИ ҲАБС
Дар иёлати Каролинаи Шимолии ИМА Ҷозеф Слеҷ, ки 40 сол қабл иштибоҳан зиндонӣ шуда буд, ба озодӣ баромад.
Ӯро барои қатли ду зан яке 74 ва дигаре 57 - сола гунаҳгор дониста, ба ҳабси абад маҳкум карда буданд. Вале ташхиси ДНК, ки ба наздикӣ гузаронда шуд, ошкор сохт, ки Ҷозеф дар куштори бонувон даст надорад. Маълум гашт, ки вай бегуноҳ буда, ба ҷои қотили ҳақиқӣ ҷазо гирифтааст. Дар натиҷа, пас аз омӯхтани ҳолатҳои нав, суди шаҳри Уайтвилл (иёлати Каролинаи Шимолӣ) марди акнун 70 - сола Ҷозеф Слеҷро бегуноҳ ҳисобид.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


ДАВЛАТБЕК.  ТОҶИКБАЧАЕ, КИ ЗАНИ РУСРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД
Донишҷӯи Донишгоҳи  давлатии  тиббии Барнаул Давлатбек Шарифови тоҷик занеро, ки ҳангоми як муноқиша гулуяшро бо корд бурида буданд, наҷот дод. Ин ҳодиса шоми 2 феврал дар шаҳри Барнаул (Россия)  ба вуқӯъ пайваст. Шоҳидон ҳодисаро дида, зуд ҳамсояҳоро ба наҷот  даъват карданд. Ба бахти онҳо дар ҳамсоягӣ Давлатбеки тоҷик мезист ва баробари аз ҳодиса воқиф шудан зуд ба ёрӣ расондан шитофт. Ӯ вазъияти ҷабрдидаро муайян карда, артерияаш (раги шараён)-ро пахш намуда, хунравиро боздошт. Давлатбек мегӯяд, ки ин ҳолатро дида, дар даҳшат афтодам, зеро хун бошиддат аз гулуи зан мерехт. Бо вуҷуди ин, худро ба даст гирифтам, чунки ҳар лаҳза барои наҷоти ӯ ниҳоят қимат буд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ОДАМОНЕ, КИ БО ИНСОНДӮСТӢ МАШҲУРАНД
Ҷоан Роулинг
Адиб боре аз Натали ном духтаре, ки гирифтори бемории лейкоз буд, мактуб гирифт. Кӯдак аз тарси он ки асари дӯстдоштаашро нохонда вафот мекунад, аз Ҷоан хоҳиш кард, ки ба наздаш омада, онро то охираш нақл кунад. Роулинг ҳарчанд кӯшиш кард, аммо натавонист сари вақт ба назди духтарак равад, чун Натали вафот карда буд. Баъдан Ҷоан қаҳрамони китоби навбатиашро ба ифтихори ӯ - Натали МакДоналд ном гузошт.

Ҷонни Депп
Ба ҳар ҷое ки Ҷони Депп сафар кунад, ҳамеша бо худ либоси Ҷек - Воробейро мегирад. Бо ин либос, актёр атрофи беморхонаҳои кӯдакон қадам зада, онҳоро хеле рӯҳбаланд мекунад ва барои онҳо намоишҳои хандаовар ташкил менамояд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


384 912 СОЛ ТӮЛОНИТАРИН ҲУКМИ СУД ДАР ТАЪРИХ
Гап дар сари даҳ солу сад сол ҳам намеравад. Палма-де-Майорки Габриэля Марч Грандосаро дар Испания ба муддати 384 912 сол аз озодӣ маҳрум намудаанд. Барои ин Грандос ба «Китоби рекордҳои Гиннес» ҳам ворид шудааст.
Сабаби гирифтори чунин ҳолати вазнин гардиданаш танбалии модарзодиаш гаштааст. Ӯ дар муддати ба сифати хаткашон кор карданаш 42 768 номаро барои «аз дарди сари зиёдатӣ» халос шудан, ба суроғаашон нарасондааст. Ин дар ҳолест, ки дар Испания барои қасдан нобуд намудани ҳуҷҷатҳо ҷазои сахт дар намуди 9 сол аз озодӣ маҳрум кардан, барои ҳар нусха, пешбинӣ шудааст. Ҳамин тавр, барои ҳар номаи нарасондааш ӯ 9 – солӣ ва, дар маҷмӯъ, ба муҳлати 384 912 сол зиндонӣ гардид.
Аз русӣ  тарҷумаи М.ТАБАРӢ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Бернард Шоу
Таври маълум, Бернард Шоу дар замони худ аз ҷоизаи Нобел даст кашида буд. Вақте аз ӯ сабаб мепурсанд, чунин мегӯяд:
- Қадрдонии ман дар пирӣ мисли он буд, ки одами ғарқшударо вақти ба соҳил расиданаш, наҷот додан мехоҳанд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


КАСБИ ШУҲРАТИ МИЛЛӢ БАРОИ ЯК АМАЛИ ОДДӢ
Роза Ли Паркс бо амали ҷасуронае, ки соли 1955 дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ анҷом дод, ҳамчун ташаббускори ҳаракат оид ба ҳуқуқи  шаҳрвандони сиёҳпӯсти ИМА номи худро дар таърих чун нақш дар санг сабт кард. Моҳи декабри ҳамон сол ҳангоми мусофират бо автобус дар шаҳри Монтгомери Амрико  вақте ронанда бо исрор талаб мекунад, ки ҷойи нишасташро ба як сафедпӯст диҳад, ӯ рад мекунад.
Ин амалро ҳамсафони (сиёҳпӯстон) Роза дастгирӣ карданд ва баъдан боиси таҳаввулоти нав дар сиёсати ҳуқуқиву иҷтимоӣ гардид. Билохира, Роза Ли Паркс бо чунин як амали оддӣ шуҳрати миллӣ ба даст овард ва Конгресси ИМА  ӯро бо мақоми «Модари ҳаракати муосир ҷиҳати ҳуқуқи шаҳрвандон» мушараф гардонд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


Ломоносов
Дар ҳалқаи академикҳо, ки аз ҷумла Ломоносов ҳам ҳузур дошт, князи ҷавону болоназар Иван Куракин лаҷоми суҳбатро ба даст гирифта, ба таърифу тавсиф сар мекунад:
- Ман аз пеши худ ба ин мартаба нарасидаам, решаи авлоди мо то ба княз Владимир Красное Солнишко мерасад, ки ҳанӯз дар асри ХVII салтанат дошт. Магар шумо дар бораи гузаштагони худ чунин далел оварда метавонед? Масалан, ту писари Василйев, метавонӣ чизе монанд дар бораи худу гузаштагонат гуфта бошӣ?
- Афсӯс, ягон далел надорам,- мегӯяд Ломоносов. - Гап сари он меравад, ки тамоми санадҳои авлодии мо ҳангоми тӯфони Нӯҳ зери об монда, нобуд шудаанд.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


НА ҲАМИН ЛИБОСИ ЗЕБОСТ
нишони одамият…
Дорое ба либоси ҳамсояи камбағалаш ишора карда гуфт:
- Кай ту либоси дуруст мепӯшӣ, бекафан!
- Худо хоҳад.
- Худо хоҳад, Худо хоҳад…, писханд зад доро.
Дар айёми даргириҳо дороро гурӯҳе ба қатл расонд. Қаблан либосҳояшро кашида гирифтанд, ки ҳайф нашавад. Аз дунё бекафан рафт.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


МУҲАББАТИ ЗЕРИ ХОК Ё ДИЛЕ, КИ АЗ ҶАНГАЛ ЁФТ ШУД
Уинстон Хауси бритониёӣ ба хотираи завҷааш - Ҷанет, ки 33 сол бо ҳам зиндагии хушу гуворое доштанд, кори аҷибе кард. Ӯ барои раҳоии хеш аз дарду ғуссаи марги ҳамсараш ба ниҳолшинонӣ ва сабзкорӣ рӯ овард. То замоне ин корашро идома дод, ки шумораи ниҳолони сабзондааш ба 6000 адад расид ва ҷангалзореро ба ёдгор гузошт.
Уинстон Хаус дар миёни ҷангалзор бо дасткорие изҳори муҳаббат ба завҷаашро нишон дод, давоми 17 сол ғайр аз худу писараш каси дигар онро мушоҳида накард.
Танҳо соли 2012 марде бо номи Энди Коллетт ҳангоми парвоз тавассути болуни ҳавоӣ ба болои ҷангал ин манзараро ба мушоҳида гирифт. Ӯ дар миёни ҷангал як майдончаи хурдеро дар шакли дил дид, ки изҳори муҳаббати Уистон ба завҷааш буд.
Ҳамсари Уинстон Хаус - Ҷанет соли 1995, баъд аз ҷашни 50 - солагиаш ногаҳон бар асари сактаи қалб вафот кардааст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


РОҲҲОИ ГАРОНТАРИНИ ҶАҲОН
Айни замон, шоҳроҳҳо қисми ҷудонашавандаи шабакаҳои ҷаҳонии нақлиётӣ мебошанд. Аз ин рӯ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо маблағи зиёд талаб мекунад. Ин аст, ки дар аксар кишварҳо роҳҳои асосиро пулакӣ мекунанд, ки дар ҳолати хуб нигоҳ доштанашон имконнопазир бошад. Мо ба шумо дар саҳифаи «Шоми шанбе» дар бораи роҳҳои гароннарх дар ҷаҳон маълумот медиҳем.
ИМА
Роҳҳои автомобилгарди Амрико метавонанд аз нигоҳи сифат ва бехатарӣ барои бисёр кишварҳо  намуна бошанд. Роҳи аз ҳама гаронарзиш дар ИМА шоҳроҳи шаҳри Эверетт мебошад, ки яке аз роҳҳои васеътарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Шоҳроҳ ноҳияҳои алоҳидаи иёлати Вашингтонро бо мақсади таъмини ҳамлу нақли мусофирон ва боркашӣ ба ҳам мепайвандад. Дарозии он 27 километр аст. Ба бунёди як километраш 8,85 миллион доллар сарф гаштааст.
Норвегия
Бузургтарин шоҳроҳи Норвегия нақби автомобилии Норвегия мебошад, ки он ҳам яке аз нақбҳои дарозтарин дар ҷаҳон аст. Нақб аз миёни кӯҳҳо мегузарад ва пойтахти кишварро бо Берген мепайвандад. Бо дарозии 24,5 километр, нақб бо чароғҳои ғайриодие, ки вобаста ба шароити боду ҳаво бо рангҳои мухталиф рӯшноӣ медиҳанд, муҷаҳҳаз шудааст. Дар дохили нақб ғорҳои  сунъӣ сохтаанд, ки бо васоити маишию фароғатӣ муҷаҳҳазанду ба ронандагон хизмат мерасонанд ва дар ҳар 125-250 метр лавозимоти сӯхторхомӯшкунӣ  ва телефон барои алоқа бо  наҷотдиҳандагон васл карда шудаанд. Арзиши сохтмони як километр роҳ 7 миллион доллар аст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


ДАР ПРИМОРСК ҶАСАДИ ОДАМИ САЙЁРАИ ДИГАРРО ЁФТАНД
Дар кишвари Приморски Россия ҷасади одами аз дигар сайёра омадаро пайдо карданд. Дар ин ҷо бештар аз як моҳ тӯфон вазида, пайваста борон меборид ва ноҳияҳои зиёдро пахш карда буд. Замоне ки сатҳи об паст шуд, сокини деҳае ҷасади махлуқи номаълуми қадбаландро бо пӯсти хокистарию сабз, бо сари аз поён борик ва аз боло васеъ, ҳамчунин, дорои бадани лоғари устухонҳояш намоёнро пайдо кард.
Мард нақл намуд, ки дар ҷангали чанде қабл зериобмонда қадам мезад ва дар пеши худ бадани одами калони ғайрро дид. Ба ӯ наздик омада шинохт, ки бозёфташ одами сайёраи дигар аст ва чун дар филм ба назараш менамуд, - менигорад нашрияи «Влад – Тайм».
Акси ӯро дида эксперт – уофологҳо аз дигар сайёра буданашро тасдиқ карданд. Маълум аст, ки киштии ӯ ба Замин омадааст, вале аз шиддати боди шадид афтода, ғарқ шудааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ҚОИДАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ВА ҶАРИМАҲОИ ҲАНГУФТ
Дар Финландия барои бо суръати баланд ҳаракат кардан ҷаримаи аз ҳама гарон муқаррар шудааст, ки он 200 000 долларро ташкил медиҳад. Дар ин кишвар ҳадди ақали ҷарима 1500 евро мебошад. Барои гузаштан ҳангоми сурх будани чароғак 90 евро, истифодаи мушруботи спиртӣ 4500 евро ва маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 3 сол. Барои набастани тасмаи бехатарӣ бошад, 140 евро ҷарима муқаррар шудааст.
     * * *
Полиси Канада ҷаримаеро ба маблағи 25 000 доллар ба қайд гирифтааст. Дар ин кишвар ҳадди ақали ҷаримабандӣ 1000 долларро ташкил медиҳад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ОДАМОНИ МАЪРУФЕ, КИ ИСТЕЪДОДИ ОНҲО ПАС АЗ ФАВТАШОН ЭЪТИРОФ ГАРДИДААСТ
Бисёр одамони маъруфе ҳастанд, ки дар ҷомеа дар доираи кори хеш фаъолияту зиндагӣ доранд. Сарфи назар аз он, ки оё онҳо барои маъруфу машҳур шудан кӯшиш ба харҷ додаанд ё на, ягон нафаре аз эшон наметавонад бидонад то кадом ҳад пас аз фавташ машҳур хоҳад шуд. Инак, чанд нафареро, ки ҳатто пас аз маргаш таъсири бузурге ба ҷомеа, ҳамчунин, фарҳанг, гузоштааст, манзур мегардонем.
Генри Дэвид Торо
Нависандаи амрикоӣ, муаррих ва файласуфи барҷаста зарурати табиати зинда, пайванди инсоният бо табиат ва олами табииро ба таври аниқ  дар рисолаҳояш қайд намуда бошад ҳам, дар замони хеш он қадар маъруф нагардида буд. Ӯ тӯли ҳаёташ ҳамақидаи худро пайдо накард, зеро асарҳояш барои дигарон пӯшида ва нофаҳмо буданд. Аз ин рӯ, то дар қайди ҳаёт буданаш ҳамагӣ 2 китоби ӯ интишор ёфту халос. Дэвид Торо соли 1862 вафот карда, пас аз он шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Эҷодиёташ илҳомбахши бисёриҳо гардида, аз ҷумла Махатма Ганди ва Лев Толстойро, тасхир карда буд.   
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


СЮРТСЕЙ - ҶАВОНТАРИН ҶАЗИРАИ ОЛАМ
Сюртсей ҷазираи ҷавонест, ки соли 1963 бар асари хуруҷи вулқон ба вуҷуд омадааст. Ҳоло дар қаламрави он мушоҳидаҳои илмӣ гузаронда мешаванд. Бинобар ин, дастрасӣ ба он қатъан маҳдуд аст. Пеш аз ворид шудан ба ҷазира, ҳар як шахс мавриди ҷустуҷӯ қарор мегирад, зеро яке аз қоидаҳои асосӣ ворид накардани тухмии рустаниҳо ба Сюртсей аст. Дахолати инсон ба экосистемаи ҷазира манъ аст. Ягона истисно теппаи хурде дар ҳудуди ҷазира мебошад, ки онро олимон ба муддати кӯтоҳ истифода мебаранд.
Олимон муайян карданд, ки бактерияҳо ва микроорганизмҳои дигар дар соатҳои аввали пайдоиши ҷазира пайдо шудаанд. Оҳиста - оҳиста дар ин ҷо рустаниҳо пайдо шуданд. Дар аввал мос ва шалғамҳо буданд, аммо то соли 2008 - ум 69 намуди рустаниҳо дар ин ҷо месабзид. Сюртсей дар масири парвози намудҳои зиёди парандагон қарор дорад. Тибқи тадқиқот, тақрибан 75 дарсади тухмҳо аз ҷониби парандагон ворид шудаанд. Аммо, сарфи назар аз рушди мусоид, ҷазира як мушкил дорад. Он эрозия мебошад. Дар тӯли даҳсолаи мавҷудияташ, майдони он қариб ним баробар кам шудааст.
Таҳияи Комрон САФАР
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2020    №: 29    Мутолиа карданд: 1003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед