номаҳо
Мутахассисон мӯҳри хамӯшӣ ба лаб заданд?!
Бисёр хуб аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шумораи филмҳои тоҷикӣ зиёд гардиданд. Аммо ҷойи таассуф ин аст, ки сатҳи касбияташон ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар аксари онҳо на ҳунари одии коргардонӣ мушоҳида мешаваду на ҳунари офариниши қаҳрамонҳои асосӣ. Аксари диққат ба ёфтану тарғиби чеҳраҳои зебо равона мегардад.
Дар бархе аз филмҳо қаҳрамонҳо суруд мехонанд, дар ҳоле ки овози фораму мувофиқ ба мазмуну мундариҷаи онро надоранд.
Албатта, ман метавонистам мисол биёраму номи чанд филмро бигирам. Аммо чун аксари филмҳо дар сатҳи паст қарор доранд, ин корро зарур намешуморам. Яъне он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Вале бисёр мехостам бидонам, ки оё ин филмҳои моро комиссияе, яъне гурӯҳи корие иборат аз ҳунармандону мутахассисон қабул мекунанд? Ва ба онҳо аз рӯи сатҳашон дараҷа медиҳанд?
Чаро филмҳое, ки ҷавобгӯи талаботи касбӣ нестанд, ба телевизиону экранҳо роҳ меёбанд? Ва ҳам пурсиданиям, ки барои чӣ мутахассисон дар ин бора чизе намегӯянд? Пас кӣ ғами филми мо, тарбияву завқи баланди тамошобинро мехӯраду барои рушди соҳа саъй менамояд?
Мирзоалӣ САЛИМОВ,
шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3432