порлумон
ИНТИХОБОТ ВА РАВАНДҲОИ МУҲИМИ СИЁСӢ
Дар шароити муосир яке аз марҳилаҳои муҳим барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ин давраи интихобот ба ҳисоб меравад. Он ҷараёни равандҳои сиёсиро метезонад. Ҳамчунин, интихобот яке аз воситаҳои асосии рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб ёфта, дар раванди амалишавии нияту ормонҳои мардум саҳм мегузорад. Одамон маҳз тавассути интихобот метавонанд, ки роҳи ояндаи инкишофи худро муайян намоянд.
Раванди интихоботӣ яке аз масъалаҳои муҳим барои ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, дар шароити кунунӣ кишвареро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки аз он истифода нанамояд. Қатъи назар, аз сохти сиёсиашон кишварҳои гуногуни олам аз раванди интихоботӣ ба таври васеъ истифода менамоянд ва онро яке аз унсурҳои асосии инкишофи худ медонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки имрӯз кӯшиши сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократиро дорад, барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои устувори давлатдорӣ аз раванди интихоботӣ ба таври васеъ истфода менамояд. Маҳз интихоби дурусти интихобкунандагон метавонад, ки боиси рушди минбаъдаи ҷомеа ва сатҳи беҳтари зиндагии мардум гардад.
Бояд қайд намуд, ки интихобот яке аз ҷузъҳои асосии системаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Мавҷуд будани интихоботи озод, баробар, пинҳонӣ ва бевосита метавонад иштироки фаъоли мардумро дар раванди қабули қарорҳои муҳим таъмин намояд. Одамон дар интихобот иштирок намуда, бо ин роҳ ояндаи худро интихоб мекунанд. Аслан, ҳангоми интихобот ба одамон набояд чизе ва ё касе бо ягон воситае таъсир расонад. Яъне, ҳар як шахсро мебояд, ки интихоби дурусту оқилона намояд, ки ин барои кулли ҷомеа метавонад таъсир расонад.
Маълум аст, ки дар замони ҳозира барои гузарондани интихобот нақши асосиро ҳизбҳои сиёсӣ мебозанд. Раванди фаъолияти институтҳои сиёсӣ маҳз дар давраҳои интихоботӣ хеле тезутунд мегарданд. Ҳар як ҳизб барои соҳиб шудан ба миқдори зиёди овозҳо талош меварзад. Дар барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ бояд, пеш аз ҳама, манфиату талаботи одамони касбу кори гуногун ба инобат гирифта шавад.
Дар ин давра, гурӯҳҳои ташаббускору фаъолон бояд ба тарғибу ташвиқи ғояҳои асосии барномавии хеш такя намуда, аз таърифу тавсифи аз ҳад зиёди номзадҳо даст кашанд. Дар мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ номзадҳо ба мардум ҳар гуна ваъдаҳо диҳанд, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки пас аз интихоб шудан, аксарияти онҳо ваъдаҳояшонро фаромӯш месозанд. Масалан, дар давраҳои пешазинтихоботӣ номзадҳо борҳо бо шаҳрвандон вомехӯранд ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеаро пешниҳод менамоянд, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки пас аз интихоб шудан, ваъдаҳояшонро зуд фаромӯш месозанд.
Имрӯзҳо мо дар марҳилаи ниҳоят ҳасос, яъне дар арафаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ қарор дорем. Мардуми тоҷикро мебояд, ки бо азми дурусту иродаи қавӣ вакилони кордону боваринокро интихоб намоянд, вакилоне, ки тавонанд талаботи тамоми шаҳрвандонро қонеъ созанд.
Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистонро имрӯз аксари давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Маҳз Пешвои миллат тавонистанд, ки оташи ҷанги бародаркушро хомӯш намоянд ва ливои ваҳдату ягонагиро дар Тоҷикистон парафшон созанд. Бо азми қавии ин абармард имрӯз мо шаҳрвандон имкон пайдо намудаем, ки дар ҳавои ободу осудаи кишварамон сарбаландона зиндагӣ намоем.
Бо назардошти ин ҳама, ҳар яки моро мебояд, ки хулосаҳои дақиқу лозимӣ барорем ва ба интихоби вакилони мардумӣ ҷиддӣ муносибат намоем. Зеро тақдири ҳар миллат ба интихоби он вобастагии зич дорад. Ҳар яки мо бояд кӯшиш намоем, ки бо донишу малакаи худ дар эъмори ҷомеаи мутамаддини демократию ҳуқуқбунёд саҳм гузорем ва баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гардидани Тоҷикистони маҳбубамон ҷаҳд намоем.
Ф. ЯЪҚУБЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2020 №: 30 Мутолиа карданд: 798