порлумон
ТОҶИКОБОД. ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ МУТАШАККИЛОНА ҶАРАЁН ДОРАНД
Тоҷикистон ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ имкон пайдо намуд, ки зимоми давлату давлатдориро ба даст гирифта, бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ, таърихию қадимии мардуми сарбаланди худ, фаъолиятро баҳри обод гардондани ин сарзамин ва зиндагии орому осудаи мардум ба роҳ монад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузорад. Расму оин ва анъанаҳои неки гузаштагонашро эҳтиром, ҳифзу гиромӣ дошта, мекӯшад то онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» барои шаҳрвандон замонат додааст, ки дар рушди ҷомеа фаъол бошанд ва аз озодиҳои хеш истифода баранд.
Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар асоси конститутсияи худ шакли демократии давлатсозиро пеша намудааст. Дар ҷамъияти мардумсолорӣ озодии инсон дар мадди аввал меистад ва интихобот дар зинаҳои гуногуни ҳокимият ягона воситаест, ки одамон бо интихоби вакилон иродаи хешро ифода менамоянд.
Имрӯзҳо пешорӯи мардуми кишварамон боз як воқеаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, ки барои шаффофу озодона баргузор намудани интихобот ҳамаи ниҳодҳои дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ худро масъул шуморанд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод низ барои муташаккилона ва дар сатҳи баланд баргузор намудани интихобот корҳои омодагӣ ҷараён доранд.Комиссияҳои интихоботӣ муваззаф гардидаанд, ки барои бо натиҷаҳои матлуб ҷамъбаст кардани маърака тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамаи чораҳо дида мешаванд, ки интихобкунандагон рӯзи 1 март муташаккилона ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, ба ҷонибдории номзадҳои дилхоҳашон раъй диҳанд. Зеро вакил бояд шахсе интихоб гардад, ки фардо дар зинаҳои қонунгузор ва иҷроия пурмаҳсул кор карда, дар рушд ва пешрафти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ҳиссагузор бошад.
Хайрулло МИРШОЕВ,
мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2020 №: 30 Мутолиа карданд: 777