порлумон
ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар ба қайд гирифта шавад:
Латифзода Рустам Барот - таваллудаш 27 ноябри соли 1960, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Икромов Фазлидин Маҳмазоитович - таваллудаш 12 июни соли 1966, саркотиби илмии Академияи кишоварзии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Усмонов Мансур Саломович - таваллудаш 26 феврали соли 1961, сардори шуъбаи заминсозии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Исфара, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд
Холбойзода Неъматулло Холбой - таваллудаш 6 январи соли 1972, муовини якуми раиси ноҳияи Носири Хусрав, сокини ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон
Сафаров Зайнудин - таваллудаш 10 январи соли 1956, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ахмедов Мирзоанвар - таваллудаш 18 феврали соли 1956, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мусозода Шоди Абдухолиқ - таваллудаш 3 декабри соли 1967, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон
Мирзозода Музаффар Бурҳон - таваллудаш 2 сентябри соли 1970, сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ ва харидуфурӯши чорвои зотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло - таваллудаш 28 октябри соли 1975, муовини раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, сокини ноҳияи Спитамени ноҳияи Суғд
Ҳайдарзода Ҷонона Ҳайдар - таваллудаш 26 январи соли 1970, роҳбари боғи фарҳангӣ истироҳатии ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Бохтар, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
Ниязов Нурали Сафарович - таваллудаш 21 июни соли 1965, раиси шӯрои директорони ҶСП “ТАДЭС”, сокини шаҳри Душанбе
Сафарова Рупия Ҳакимовна - таваллудаш 19 декабри соли 1964, омӯзгори калони кафедраи истифодабарии системаҳои гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, сокини шаҳри Душанбе
Раҳмон Зиё - таваллудаш 20 январи соли 1954, сармутахассиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
2. Рӯйхати номзадҳои бақайдгирифташуда дар матбуот чоп карда шавад.
3. Ба номзадҳои бақайдгирифташуда шаҳодатномаи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот дода шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 5 январи соли 2020, № 49
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2020 №: 30 Мутолиа карданд: 810