порлумон
ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ба қайд гирифта шавад:
Ғаффоров Абдуҳалим - таваллудаш 24 декабри соли 1951, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Наимов Зариф Ҷомиевич - таваллудаш 13 апрели соли 1967, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, сокини шаҳри Душанбе
Саидошурова Давлатхоним Луқмоншоевна - таваллудаш 15 сентябри соли 1979, мудири кафедраи забонҳои Муассисаи давлатии коллеҷи Кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ - Металлургии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Бобожонова Наргиза Мухтаровна - таваллудаш 10 декабри соли 1989, омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Бохтар, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
Қобилова Ихболой Мирзоевна - таваллудаш 26 апрели соли 1963, сардори шуъбаи фарҳанги Муассисаи давлатии коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова, сокини шаҳри Душанбе
2. Рӯйхати номзадҳои бақайдгирифташуда дар матбуот чоп карда шавад.
3. Ба номзадҳои бақайдгирифташуда шаҳодатномаи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот дода шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 5 январи соли 2020, № 50
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2020 №: 30 Мутолиа карданд: 747