порлумон
ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 26 нафар ба қайд гирифта шавад:
Фаттоҳзода Саидмурод Самад - таваллудаш 15 ноябри соли 1958, узви ҲХДТ, сокини шаҳри Душанбе
Ватанзода Маҳмадали Маҳмадулло - таваллудаш 1 феврали соли 1962, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода - таваллудаш 18 феврали соли 1971, узви ҲХДТ, сокини шаҳри Душанбе
Содиқӣ Насиба Нуруллозода - таваллудаш 3 майи соли 1968, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Мансурӣ Дилрабо Сайдулло - таваллудаш 29 январи соли 1974, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Тағойзода Сумангул Саид - таваллудаш 19 декабри соли 1966, узви ҲХДТ, сокини шаҳри Душанбе
Қосимзода Идигул Тағо - таваллудаш 4 январи соли 1968, узви ҲХДТ, сокини шаҳри Душанбе
Хайрулло Амонулло -таваллудаш 10 августи соли 1967, узви ҲХДТ, сокини шаҳри Душанбе
Матробиён Саодатшо Қосимзода - таваллудаш 15 октябри соли 1973, узви ҲХДТ, сокини шаҳри Душанбе
Холиқзода Абдураҳим Ғафор - таваллудаш 2 майи соли 1968, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Табарӣ Абдулло Ҳабибулло - таваллудаш 11 феврали соли 1963, узви ҲХДТ, сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
Маҳмудов Музафарҷон Ҷусупович - таваллудаш 1 ноябри соли 1974, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш, сокини ноҳияи Лахш
Идизода Файзалӣ Фузайлшо - таваллудаш 3 январи соли 1977, узви ҲХДТ, сокини шаҳри Душанбе
Ҷавҳарова Муҷибахон Одиловна - таваллудаш 30 январи соли 1971, директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд
Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода - таваллудаш 5 марти соли 1976, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Ҷӯразода Шарофиддин - таваллудаш 3 марти соли 1966, директори Институти давлатии лоиҳакашии заминсозӣ “Тоҷикзаминсоз”, сокини шаҳри Душанбе
Назаров Файзалӣ Насруллоевич - таваллудаш 20 октябри соли 1959, сардухтури беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
Ҳасанзода Тағоймурод Абдуқодир - таваллудаш 2 майи соли 1960, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун, сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон
Давлатзода Рухсора - таваллудаш 31 октябри соли 1972, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
Тешаева Сафиямо Саломовна - таваллудаш 23 январи соли 1974, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 - и, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе
Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна - таваллудаш 17 феврали соли 1966, раиси Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Амирбекзода Ҳабибулло - таваллудаш 7 октябри соли 1979, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ - таваллудаш 23 октябри соли 1989, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Ҳамдамов Бахтиёр Ортуқович - таваллудаш 2 январи соли 1968, сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳафтаномаи “Минбари халқ”
Ёдгорӣ Фирдавс Юнусзода - таваллудаш 27 июни соли 1970, муовини якуми раиси шаҳри Конибодом, сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд
Абдуллозода Фариза Саидқул - таваллудаш 23 ноябри соли 1978, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон
2. Рӯйхати номзадҳои бақайдгирифташуда дар матбуот чоп карда шавад.
3. Ба номзадҳои бақайдгирифташуда шаҳодатномаи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот дода шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 5 январи соли 2020, № 51
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2020 №: 30 Мутолиа карданд: 815