порлумон
ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар ба қайд гирифта шавад:
Қудратов Рустам Раҳматович - таваллудаш 24 сентябри соли 1960, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич - таваллудаш 4 декабри соли 1973, декани факултаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Ашуров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович - таваллудаш 3 майи соли 1976, мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода - таваллудаш 6 июли соли 1978, сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Ҳисор
Ализода Зафари Аҳмадҷон - таваллудаш 16 марти соли 1977, роҳбари маркази иттилоотӣ - таҳлилӣ ва таълимии “Матэма”, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
Раҳимов Абдулатиф Маҷидович - таваллудаш 15 сентябри соли 1958, мудири кафедраи “Назарияи иқтисодии ДДҲБСТ”, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
Раззоқов Баҳодур Ҳаётович - таваллудаш 19 августи соли 1966, профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
2. Рӯйхати номзадҳои бақайдгирифташуда дар матбуот чоп карда шавад.
3. Ба номзадҳои бақайдгирифташуда шаҳодатномаи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот дода шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 5 январи соли 2020, № 52
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2020 №: 30 Мутолиа карданд: 717