порлумон
ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот аз Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо аз Ҳизби сосиал - демократи Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ба қайд гирифта шавад:
Зойиров Раҳматилло Ҳомитович - таваллудаш 16 марти соли 1958, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Ҳакимов Шокир Қосимҷонович - таваллудаш 19 апрели соли 1966, муовини якуми раиси Ҳизби сосиал - демократи Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Шоназарова Нигина Давлятназаровна - таваллудаш 2 июни соли 1984, аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, сокини ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон
Одинаев Маҳмурод Шарифович - таваллудаш 1 марти соли 1962, муовини раиси Ҳизби сосиал - демократи Тоҷикистон, сокини шаҳри Ҳисор
Азизов Қиёмиддин Маликшоевич - таваллудаш 30 июли соли 1978, аъзои Ҳизби Сосиал - Демократи Тоҷикистон, сокини ноҳияи Варзоб.
2. Рӯйхати номзадҳои бақайдгирифташуда дар матбуот чоп карда шавад.
3. Ба номзадҳои бақайдгирифташуда шаҳодатномаи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот дода шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 5 январи соли 2020, № 54
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2020 №: 30 Мутолиа карданд: 856