порлумон
ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ба қайд гирифта шавад:
Мирасанова Заррагул Боваровна - таваллудаш 1 июли соли 1955, котиби дуюми кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
Мирзоева Қурбонҷон - таваллудаш 25 июли соли 1955, котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сокини шаҳри Б.Ғафурови вилояти Суғд
Ёров Ҳабибулло Изатуллоевич - таваллудаш 23 июни соли 1949, сармуҳаррири рӯзномаи “Коммунисти Тоҷикистон”, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Ҳамидов Ҳукматулло - таваллудаш 23 майи соли 1955, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Восеъ, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон
Раҳмонов Азизҷон Салмонович - таваллудаш 2 октябри соли 1961, муаллими калони Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
2. Рӯйхати номзадҳои бақайдгирифташуда дар матбуот чоп карда шавад.
3. Ба номзадҳои бақайдгирифташуда шаҳодатномаи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот дода шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 5 январи соли 2020, № 55
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.02.2020 №: 30 Мутолиа карданд: 810