logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПРЕЗИДЕНТИ МАНУ МО

Бардошти хонанда аз вохӯриҳои самимонаи Сарвари давлат бо сокинони минтақаи Рашт

Ҳангоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт (24 - 26 июни соли 2019) вохӯриҳои ҳаяҷонбахшу самимии Сарвари давлат бо сокинони минтақа сурат гирифтанд, ки дер гоҳ аз ёди мардум зудуда намешаванд. Аз ин рӯ, хостам таассуротамро дар ин бора пешкаши хонандаи гиромӣ гардонам.

Дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияҳои номбурда лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш хеле бисёр буданд. Ҳангоми супурдани туҳфаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бо расми якҷояи модару фарзанд Сарвари давлат, ки аз овони  ҷавонӣ ва заҳмати модар ёд овард. Суханони пурҳикмати Президенти мамлакат хеле муассир буданд: «Хизмати падару модар вазифаи муқаддас аст ва онро набояд фаромӯш кунему серкориву вақт надоштани худро баҳона пеш орем. Як умр агар хизмати модарро ба ҷо орем, ба якшаба заҳмати бехобии ӯ баробар шуда наметавонад. Вақте мактаби миёнаро хатм намудам, модарам ба падарам рӯ оварда гуфт: «Дуо диҳед, писарамон хонданӣ равад. Ҳамаи корҳоеро, ки ӯ ба ҷо меоварад, мисли нигоҳубини молу гов, алафдаравӣ, корҳои ҳавлӣ ва монанди инҳоро худам иҷро мекунам». Падарам розӣ шуданду дуо доданд. Дувоздаҳ сари сол падарамро дар бистари беморӣ нигоҳубин намудам. Аз хизмати падару модар ҳеҷ гоҳ наҳаросед, дур набошед, дуои некашонро албатта гиред. Чандин маротиба Ҳаҷ рафтан шарт нест. Ба ҷои он дуои падару модарро гиред. Биҳишт дар зери қудуми модарон аст. Дар хотир дорам, модарам ҳамаи корҳои вазнини хонаро саришта карда, ба ҳама душвориҳо тоб оварда, қариб аз ҳеҷ чӣ барои мо хӯрок омода мекард. Аз дунё ягон чиз талаб накард, на тиллову танга, балки аз Худованд фақат хушбахтии фарзандонашро мехост».
Дар ҳамин лаҳзаи суханронӣ Сарвари давлат ба сӯи расм ишора намуда, изҳор доштанд:
- Ба ин дастони меҳнатӣ нигаред, аз дастони ман дида бақувваттар метобанд.
Дар ҳақиқат, рассом расмро бо маҳорати баланд кашида буд. Фарзанд бо тавозӯъ ва эҳтироми  хосса ба дасти барои дуо болошудаи модари хеш наззора дораду бо диққат ба суханонаш гӯш медиҳад. Модар бошад, бо як тамкини ба худ хос, бо чеҳраи зебову бовиқори пирона даст ба дуо бардоштаасту назди Парвардигор барои писараш роҳи сафед ва бахту иқболи нек талабгор аст. Як Худои ғайбдон медонад, ки ин дар лаҳзаҳои илтиҷо дили Модар чи туғёну талотумҳо ва дуои ӯ чи умеду орзуҳои бузургеро дар пай дошт. Оқибат ин дуои ӯ мустаҷоб гардиду фарзанди қобилаш чун фарзанди фарзонаи миллати худ ба воя расид, поягузори давлати тоҷикон, амалисози ормону орзуҳои ҳазорсолаи халқи худ гардид.
Лаҳзае, ки Пешвои миллат даст ба сӯи дастони Модар бурду аз ҷабинаш бӯсид,  аз дидагони аксари аҳли толор беихтиёр аз ҳаяҷон ашк ҷорӣ гашт.

НЕРУИ ВАҲДАТ  АЗ СИЛОҲИ ҲАСТАӢ ҚУДРАТМАНДТАР АСТ
Ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Нуробод шахсони рӯзгордида аз хизматҳои бузурги Президенти мамлакат дар ҷодаи таъмини  ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ҳарф заданд. 
Роҳбари давлат ба ин суханони  софдилонаю холисонаи сокинони ноҳия бо диққат гӯш дода, гуфтанд:
- Вақте маро дар он рӯзҳои барои халқи тоҷик вазнинтарин Роҳбари давлат интихоб карданд, ягон зарра таҷрибаи давлатдорӣ надоштам.  Дастгирии халқ, дастгирии шумо маро неру бахшид, тарбия кард, оини давлатдорӣ омӯзонд. Бинобар ин, ба пеши пои халқам ва бузургии ӯ саҷда меорам. Мо силоҳи ҳастаӣ надорем. Вале ваҳдату сулҳ побарҷост ва он аз силоҳи ҳастаӣ ҳам қудратмандтар аст. То ваҳдати миллати мо  барҷост, ягон душмани абарқудрат байни мо даромада, сулҳу суботи халқи моро халалдор сохта наметавонад.

ҶАСОРАТИ ТИФЛОНАИ ТАҲМИНАИ ҶАМШЕД
Аз суҳбатҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Лахш баромади духтараки 6 - сола Таҳминаи Ҷамшед, ки муҳаббати софу беолоиш ва тифлонаи худро бо як шавқу шӯри кӯдакона ифода намуд, дар дилҳо ҷо гирифт. Таҳминаи хурдсол чанд дақиқа бо завқ шеърҳои бачагонаи худро дар васфи Пешво ва хизматҳои ӯ бо садои  ҷарангосӣ ва маҳорати хосса хонда, дар охир нафас рост кард ва шеърхониашро бо мисраи «Ман садқаи пичаи сафедат, бобоҷон»  ба охир расонд, ки писанди аҳли нишаст гардид. Дар ин суханон муҳаббати софи тифлона ба Пешвои миллат хеле равшан таҷассум ёфта буд.
Ин ҷасорату ғайрати Таҳмина ва шеърхониҳои бозавқаш ба Сарвари давлат ҳам писанд омаду ӯро ба назди худ даъват карданд, аз пешонааш бӯсида, бо мукофот сарфароз гардонданд. Таҳмина ҳам аз фурсати барояш муносиб зуд истифода бурда, сару гардани Пешворо сахт ба оғӯш гирифт ва аз бари рӯи бобоҷонаш бӯсид. Охир ӯ ба ин ҷамъомад бо ҳамин нияти нек омада буду ба умеду орзуи ягонааш – мулоқот бо Пешвои миллат расид.
Дар ҳамин лаҳза Сарвари давлат ба наврасону ҷавонон муроҷиат намуда, насиҳат карданд:
- Илму ҳунар омӯзед. Фаромӯш накунед, ки агар касбу ҳунар дошта бошед, Ватанро соҳибӣ карда метавонед. Ин сарзамини аҷдодиро обод кунед, ба наслҳои оянда боқӣ гузоред. Бигузор Ватани мову шумо ҷовидонӣ ободу поянда бошад.

Акбар РИЗВОНОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2020    №: 31    Мутолиа карданд: 922
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед