logo

иқтисод

КОҲИШИ ҲОСИЛ. ЧАРО МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗАРАРРАСОНҲО НАТИҶАИ ДИЛХОҲ НАМЕДИҲАД?!

Дар пайи ҳидоятҳои созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Ҳукумати мамлакат қариб ҳамасола садҳо гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, дар қисме аз онҳо боғу токзорҳои нав бунёд мегарданд. Ҳадаф зиёд кардани парвариши меваю сабзавот, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва ба хориҷи кишвар содирот намудани маҳсулот мебошад. Мутаассифона, давоми чанд соли охир содироти меваю сабзавот коҳиш ёфта истодааст. Ин нукта дар Паёми навбатии Президенти мамлакат махсус таъкид гашта, ба андешаи мутахассисон, яке аз сабабҳои он таъсири манфии зараррасонҳо ба зироат - талафоти 30 дарсади ҳосили зироатҳо аз ҳисоби ҳар гуна касалию ҳашаротҳо низ мебошад, ки ташвишовар аст.

ЗИЁДШАВИИ ЗАРАРРАСОНҲО - БОИСИ КАМҲОСИЛӢ
Дар ҷумҳурӣ дарахтону зироатҳои кишоварзӣ, асосан, аз касалиҳои фитофтороз, макроспориоз, зангзании ғалладона, ҳамчунин, аз ҳашароти куяи себу помидор, тортанак, шулук, занҷираки калифорнӣ ва гамбусаки колорадӣ зарари ҷиддӣ мебинанд. Соли гузашта дар ҳудуди ноҳияҳои Темурмалик ва Ҷалолиддини Балхӣ дар заминҳои обӣ ва лалмӣ хоҷагидорон аз ҳашароти паҳнгаштаи магаси харбуза зарари калон диданд. Соле пеш куяи помидор дар бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ боиси камҳосилӣ гардид. Яхобмонии соли гузашта низ дар заминҳои кишт маҳз ба хотири пешгирӣ аз таъсири зараррасонҳо ба зироат буд.
Ба андешаи коршиносон, хавфи таъсири зараррасонҳо ба замини кишоварзӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст. 400 гектар боғоти ноҳияи Рашт ва боғи деҳоти Шизди ноҳияи Рӯшон аз таъсири қутураки себ осеб диданд. Ин зараррасонҳо, аз ҷумла гамбусаки лалмӣ, қариб ҳар сол ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Данғара зарари калон мерасонанд.
Маълумоти кофӣ надоштани аксари роҳбарону мутахассисони хоҷагиҳо доир ба ҳашароти зараровар боиси камсамарии мубориза бо онҳо мегардад. Маркази илмии ҳифзи рустаниҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ зимни мушоҳидаи майдонҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат, Тоҷикобод, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ ва Норак муайян намуд, ки маҳз бо ҳамин сабаб кишоварзон ҳосили зироатро аз даст медиҳанд.
 
ДОРУИ ХУБ КАМ,  АММО БЕСИФАТ ЗИЁД АСТ
Бино ба маълумоти Аҳмадҷон Қодиров, директори муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, барои пешгирӣ ва мубориза бо зараррасонҳои боғу токзор аз ҷониби муассиса 7 ҳазору 677 литр дору захира шуда, он ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардид. Аммо ин миқдори заҳрдору барои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо кифоя намекунад.
Маҳмадамин Ҷомидов, сарзироатчии шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, гуфт, ки хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз доруҳои пешниҳоднамудаи муассиса истифода мебаранд, вале он ба андозаи зарурӣ кофӣ нест. Яъне, соли гузашта ба ноҳия беш аз 100 литр ҷудо гардидани дору эҳтиёҷоти хоҷагиҳоро қонеъ накард.
Тавре маълум гардид, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҷудо шудани 200 литр дору басанда набуда, он танҳо барои як ноҳия мерасаду халос, дар ҳоле ки талаботи вилоят беш аз 2 ҳазор литр мебошад.
Ҳангоми нарасидани доруи зидди зараррасонҳо бештари хоҷагиҳо аз намудҳои гуногуни он, ки дар мағозаҳои махсуси пойтахт ва шаҳру ноҳияҳо бе санҷиш ва бақайдгирӣ ба фурӯш бароварда мешавад, истифода менамоянд. Аз ин рӯ, муассисаи болозикрро зарур аст, ки вобаста ба таъмини саривақтӣ ва ҳаҷми зарурии доруҳо, ҳамчунин, пурзӯр намудани санҷиши таркиби химиявии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.     

ЧАРО ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТӢ ТАҲИЯ НАМЕГАРДАД?
Риояи меъёри истифодабарии маводи зидди зараррасон қоидаи асосии агротехникӣ маҳсуб меёбад, ки мутаассифона, на ҳама онро дуруст ба ҷо меоранд. Бисёре аз хоҷагиҳои деҳқонӣ барои гирифтани ҳосили баланд доруро на ду маротиба, балки чандбора ҳам болои зироат мепошанд. Ҳатто қоидаи сӣ рӯз пеш аз гирифтани ҳосил истифода накардани заҳрдору низ риоя намегардад. Ба гуфтаи кишоварзон, мушкили бесифат будани маводи зидди зараррасонҳо имрӯзҳо хеле фарогир гаштааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ барои эмин нигоҳ доштани майдонҳои кишт намедонанд аз кадоми ин доруҳо, ки пайваста тағйири ном мекунанд, истифода намоянд. Қаблан 400 номгӯи доруи махсус мавҷуд буд. Ҳоло бо зиёд шудани талабот миқдори онҳо ба 800 номгӯ расидааст.
Ҷамшед Носиров, сардори раёсати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмии Кумитаи амнияти озуқаворӣ, изҳор дошт, ки маводи аз меъёр зиёди зидди зараррасонҳо дар таркиби маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавот, боқӣ монда, ба организми инсон ва муҳити зист зарари калон мерасонанд. Аз ин рӯ, зарурати ба танзим даровардани меъёри истифодаи онҳо пеш омадааст.   
Мутахассисони соҳа дар ин маврид таҳияи феҳристи давлатии истифодаи доруҳои иҷозатдодашударо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ зарур мешуморанд. Тавре Абдумавлон Воҳидов, мудири шуъбаи муҳофизати рустаниҳои муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ, изҳор дошт, маводи ба муқобили ҳашарот истифодашаванда бояд танҳо дар ҳолати доштани иҷозатнома ва аз қайди давлатӣ гузаштан мавриди амал қарор гирад. Мутаассифона, кор дар ин самт қонеъкунанда нест. Якҷо намудани қонунҳо оид ба карантин, муҳофизати растаниҳо ва муносибати эҳтиёткорона бо пестидсидҳою агрохимия ва дар заминаи онҳо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи карантин” ба масъала то андозае беҳбудӣ бахшид. Вале корҳои анҷомнадода ҳанӯз хеле зиёданд, ки ҷоннок кардани фаъолияти комиссияи давлатии амнияти химиявӣ ва муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти танзими истифодабарии доруҳоро тақозо менамояд.

ОЗМОИШГОҲҲОИ БИОЛОГӢ БА НОМ ФАЪОЛАНД
Ба андешаи мутахассисон, яке аз роҳҳои кам кардани таъсири зараровари доруҳо ба маҳсулоти кишоварзӣ ин фаъол гардондани кори озмоишгоҳҳои биологӣ дар ҳудуди мамлакат мебошад.
 - Аҳамияти кори озмоишгоҳҳо дар он аст, ки дар минтақаҳо вобаста ба иқлиму навъҳои дарахту зироат ба муқобили зараррасонҳо ҳашароти фоидаовар парвариш менамоянд. Маҳз истифодаи самараноки ҳашароти фоидаовар (ҳамчунин, риояи корҳои агротехникӣ) таъсири зараррасонҳоро кам ва ҳосили зироатро зиёд мекунад. Аз ин рӯ, дар майдонҳои кишоварзӣ ба муқобили зараррасонҳо истифода бурдани ҳашароти фоидаовар назар ба истифодаи аз меъёр зиёди дору беҳтару камхарҷтар аст. Ва, хуб мебуд, агар дар ҳар ноҳия озмоишгоҳи биологӣ бунёд гардида, кори дигар озмоишгоҳҳои ба ном фаъол ҷоннок шавад, - гуфт зимни суҳбат Саъдулло Бекназаров, директори муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзии вилояти Хатлон.
Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти имрӯзаи озмоишгоҳҳо дар вилоят қонеъкунанда нест. Албатта, дар ин миён наметавон кори озмоишгоҳи биологии ноҳияҳои Фархор ва Дӯстиро нодида гирифт, чунки онҳо имсол нисбатан хуб кор карданд. Озмоишгоҳи биологии ноҳияи Ҷайҳун бошад, баъди солҳо бекор хобидан аз нав ба кор шурӯъ кард. Ва ҳар кадом аз ин озмоишгоҳҳо ба таҷҳизоти муосири санҷиш ва озмоиши биологӣ ниёз доранд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2020    №: 31    Мутолиа карданд: 846
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед