порлумон
ИНТИХОБОТ. МИССИЯИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ИДМ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ МЕНАМОЯД
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, бо ҳайати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳти роҳбарии Агибай Смагулов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ин созмон, мулоқот намуд.
Дар мулоқот, ки 10 феврал доир шуд, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи интихобот, омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории интихоботӣ ворид гардидаанд ва ифтитоҳи Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули назар карданд. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба чорабиниҳои омодагӣ ба интихобот, ки аз ҷониби КМИР бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани интихобот амалӣ гардиданд, ёдовар шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки то имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузарондани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тамоми чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олиро сари вақт амалӣ карда, ба тамоми иштирокчиёни раванди интихобот шароити баробар муҳайё намудааст.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо, инчунин, оид ба масъалаи шурӯъ намудани фаъолияти Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони халқ табодули назар ва изҳори бовар намуданд, ки фаъолияти он ба интихоботи шаффофу ошкоро мусоидат менамояд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.
Ф.ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2020 №: 31 Мутолиа карданд: 710