logo

порлумон

НОҲИЯИ СИНО. НОМЗАДҲО ВОРИДИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ МЕШАВАНД

Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз  25 январ то 9 феврал давраи бақайдгирии номзадҳои пешбаришуда дар ҳавзаҳои интихоботӣ идома кард.

Чанде қабл дар ҷаласаи комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи  ҳудудии якмандатии интихоботии Сино № 4 номзадии Мавлуда Раҷабова (Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон), Баҳодур Раззоқов (Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон),  Шоҳмурод Рустам (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), Маъруф Ҳомидов (худпешбар) ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сабт гардид.
Дар ин бора Мӯсо Асозода, раиси комиссияи ҳавзаи мазкур, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, баъди се  рӯз ба онҳо шаҳодатномаи номзадӣ дода мешавад.  Аз 10 то 28 феврал давраи таблиғ ва ташвиқи номзадҳо ба шумор меравад. Дар ин давра, ҳамчунин, вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор мегардад. Ба ҳар як номзад имконият дода шудааст, ки дар  радио ва телевизиони марказӣ то бист дақиқа оид ба барномаи пешазинтихоботии худ баромад кунад. Ҳар як номзад метавонад то панҷ нафар шахси боэътимоди худро ба комиссияи ҳавзавӣ пешниҳод намояд ва ба онҳо низ шаҳодатномаи шахси боэътимоди номзад дода мешавад. Онҳо имконият доранд дар участкаҳои ҳавзаи муайяншуда корҳои таблиғотиро дар доираи қонунгузорӣ амалӣ намоянд. 
Ба гуфтаи Мӯсо Асозода, дар сурате, ки интихобкунандагони ин ё он маҳал ва участкаи интихоботӣ хостори вохӯрӣ бо номзадҳо шаванд, комиссияи ҳавзавии интихобот дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои мулоқот ҷой ва шароити мусоид фароҳам месозанд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2020    №: 31    Мутолиа карданд: 693
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед