порлумон
ИНТИХОБ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ НЕК. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
Бино ба иттилои раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №35 М. Орифзода ҳавзаи якмандатии интихоботӣ оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ таъсис ёфтааст.
Дар ҳавзаи мазкур 64 участкаи интихоботӣ — 46 участка дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 18 участка дар ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ амал мекунад. Дар ҳамаи участкаҳо корҳои марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ, таъмини маводи иттилоотӣ, рӯйхати интихобкунандагон, дастурамалҳо ва маводи конселярӣ анҷом ёфтаанд. Ҳамзамон, барои интихобкунандагоне, ки вазъи саломатиашон хуб нест ва ба макони ҷойгиршавии интихобот омада наметавонанд, қуттиҳои сайёр ташкил гардидааст.
М. Орифзода, ҳамчунин, изҳор дошт, ки аз 46 участкае, ки дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ амал мекунад, 2 участкаи пӯшида дар қисмҳои ҳарбӣ мебошад. Барои омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бештар шахсони ботаҷриба ва ҷавонони фаъол ҷалб шудаанд.
Ҳамчунин, барои беҳтару хубтар ба сокинон фаҳмондани аҳамияти интихоботи дарпешистода дар гӯшаҳои чашмраси маркази ноҳия ва шаҳраку деҳоти он 152 номгӯй шиору овеза бо навиштаҷоти «Якуми марти соли 2020- Рӯзи интихоботи вакилони халқ», «Ба тақдири ояндаи давлату ҷомеа бетараф набош!», «Иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандии ман аст!», «Бетараф набош, овоз бидеҳ!», «Интихоботи озоду шаффоф- омили рушди давлат!», «Ояндаи худро интихоб намо!» насб шудааст.
То ин замон, аз рӯи маълумоти оморӣ, дар ҳавза 107 ҳазору 435 нафар интихобкунанда, аз ҷумла 4551 нафараш ҷавононе мебошанд, ки бори нахуст овоз медиҳанд, ба қайд гирифта шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар шаҳр бо мақсади омодагӣ ба гузарондани интихобот 5 ҷаласаи ҳавза, 4 семинар – машварат ва 1 семинар бо номи «Дар рӯзи овоздиҳӣ» бо иштироки раисони комиссияҳои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ баргузор ва маводҳои коргузории интихобот тақсим карда шуд. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ қуттиҳои бюллетенпартоӣ, кабинаҳои овоздиҳӣ, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи модару кӯдак ва роҳрави махсус барои овоздиҳии маъюбон дар сатҳи зарурӣ омода гардидааст.
Лола РИЗОӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2020 №: 31 Мутолиа карданд: 890