порлумон
БАЛҶУВОН. МАСЪУЛИЯТ НИШОНАИ САДОҚАТ АСТ
Масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ дида истодаанд. Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Шарифхон Тӯрахонзода, дар ноҳияи Балҷувон аз тарафи комиссияи ҳавзавии «Восеъ № 39» 30 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуда, ҳамзамон, ҳайати 30 комиссияи участкавӣ тасдиқ шудааст.
Ҳавзаи интихоботии «Восеъ № 39» фарогири ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Балҷувон мебошад. Дар ҷойҳои серодам шиору овезаҳои таблиғотӣ насб гардидаанд. Комиссияи ҳавзавии интихобот мунтазам аз участкаҳо хабар гирифта, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф мекунад.
- Айни замон аз ноҳияи Балҷувон 1 номзад ба таври худпешбарӣ ба комиссияи ҳавзавии «Восеъ № 39» пешниҳод шудааст. Ҳайати комиссияҳои участкавӣ ва биноҳои интихоботӣ муқаррар гардида, кобинаҳо ва дигар гӯшаҳои интихоботӣ ташкил шудааст.
Аз тарафи комиссияҳои участкавӣ тамоми масъалаҳои вобаста ба интихоботи дарпешистода мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, корҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷараён доранд. Ҳамаи комиссияҳои участкавӣ бо дастурҳои иттилоотӣ ва муҳр таъмин шудаанд, — гуфт Шарифхон Тӯрахонзода.
Бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмондани моҳияти интихобот ва нуқтаҳои асосии қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳои аҳолинишин вохӯриҳо доир намуда истодаанд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2020 №: 31 Мутолиа карданд: 1377