logo

илм

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲИФЗИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Дар назариёти Пешвои муаззами миллат ҳифзи "асолати милливу динӣ", ки хамирмояи ҷомеаи моро ташкил медиҳад, бо моҳияти "ҷаҳонбинии илмии замони муосир" тавъам ва баробарвазн буда, ба тариқи илмӣ таҳқиқи ҳодисаҳои табиӣ ва воқеаҳои иҷтимоӣ, инчунин, дар ин замина ҷусторҳои нави бунёдӣ, ки рушди усулии ҷомеаи муосирро таъмин месозад, барои Тоҷикистон низ аҳамияти умда дорад. Чунин даъват саривақтию муҳим ва аз масъалаҳои мубрами рӯз аст.

Дастури роҳнамои Сарвари давлат ҷавобгӯи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми милодӣ пеш омадаанд. Аз ин рӯ, онро ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи ҷомеаи имрӯзӣ пазируфтан мебояд, ки давлати дунявӣ унвон шудааст. Андешаҳое, ки дар ин мақола гирд омадаанд, айнан дар ҳошияи ҳамин дастури муҳиму мубрами давлатӣ баён шудаанд.
Дар ҳақиқат, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019  ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таконбахши тамоми соҳаҳои ҷомеа, бахусус ҷомеаи илмии кишвар, гардид. Ва ин Паём ва дастуру супориш ва роҳнамоиҳои навбатии Пешвои миллат шаҳодат аз истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаашон мебошад, ки барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол  замина гузоштааст. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони шукуфою сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва, дар маҷмӯъ, барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Рӯй овардан ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами боэътимодест барои рушди устувори иқтисоди кишвар ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон.
  
МАФҲУМИ ИЛМ ВА ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ
Мувофиқи мақсад шумурдам, ки матлабро аз тафсири мафҳуми ҷаҳонбинии илмӣ оғоз намоям, бад-ин далел, ки моҳияти ин истилоҳ дар макону замонҳои гуногун яксон набудааст. 
Дар Аврупою Амрико (дар ҳавзаи фарҳангии забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ) ба сабаби ин ки илмро ба унвони science бо илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ мусовӣ медонанд, "ҷаҳонбинии илмӣ" (worldview), аз  ҷумла донишҳои мантиқан исботшудаю амалан тасдиқгардидаи физика, астрономия, химия, биология ва соири соҳаҳои пажӯҳиши бунёдиро дар бар мегирад.
Дар таърихи тамаддуни Арабу Аҷам бошад, доираи мафҳуми “илм” нисбатан васеъ буд: илм дар баробари "дониш" ба маънии "маълумот", "огоҳӣ", "малака"-ву "маҳорат" ва “пеша” низ истифода мешуд. Гузаштагони қадиму ҷадиди мо то оғози солҳои бистуми қарни бистум дар баробари илмҳои риёзӣ (илмҳои адад - арифметика, ҷабру муқобала - алгебра, ҳандаса -геометрия, ҳайат - астрономия, ҷарри асқол - механика, манозиру мароё - оптика ва мусиқӣ), илмҳои табиӣ (табақотуларз – геология, маодин ё ҷамодот - минералогия, наботот - ботаника, ҳайвонот - зоология ва бунйа - физиология), илмҳои адаб (луғат, сарфу наҳв - грамматика, маонӣ, баён, арӯз, бадеъ - поэтика ва ғайра), бахшҳои мутолиоти исломӣ (калом, ҳадис, тафсир, фиқҳ, усул ва ғайра) - ро низ илм мехонданд. Аз ин рӯ, дар назари тоҷикони онвақта миёни саноати танҷим (астрология) ва илми ҳайат (астрономия), химияи ҳозиразамон ва алхимия (ҳамон кимиё) фарқе набуд. Гузашта аз ин, дар ҷомеаи суннатии Арабу Аҷам маҳз саноати танҷим ва кимиёро "улуми ғариб" (таркиби Абдулқодири Бедил), ки акнун онҳоро "илмҳои дурӯғин" хонда, аз таснифоти кунунии илмҳо хориҷ мекунанд, нуфузу овозаи бесобиқаи иҷтимоӣ доштанд.
Илм дар забони арабӣ ба маънои "дониш" меояд. Вале қолабрезии як таърифи ҳамагонии илм амри муҳол аст. Сабаб ин аст, ки акнун фаъолияти илмӣ як падидаи мураккаби иҷтимоию маданист, ки аз ҷанбаю соҳаҳои мухталиф иборат мебошад. Ва ин ҷанбаю соҳаҳои илм дар ҷараёни таъсири мутақобил қарор доранд, ки дар натиҷа манзараи пажӯҳиш ба гунаи боз ҳам печидатар зуҳур меёбад.
Дар яке аз луғатҳои амрикоӣ илм "мушоҳида", "тасниф", "тавсиф", "таҳқиқоти таҷрибавӣ" ва "шарҳи назариявии ҳодисаҳои табиӣ" таъриф шудааст. Ин таъриф нисбатан пурра аст, вале он ба ҳадде, ки бояду шояд, мукаммал нест. Ба назари ман, муҳимтарин хусусияти  илмро ба унвони олати одаму оламшиносӣ тафаккури интиқодӣ муайян ва мушаххас мекунад, ки дар ҷодаи маънавии ахлоқи ҳамида ҷараён мегирад ва бад-ин сабаб сириштан рангу раванди созанда дорад.
Ба маънои куллӣ илм ҳам як навъи фаъолияти инсонӣ дар шоҳроҳи одаму оламшиносӣ, ҳам қисме аз фарҳанги моддию маънавии ҷомеа, ҳам гунаи шуури ҷамъиятӣ, ҳам ниҳод (институт) - и иҷтимоӣ, ҳам қувваи истеҳсолкунанда, ҳам низоми омодагии касбӣ (академӣ) ва тарбияи кадрҳо мебошад.
Ҷанбаҳои мазкур, ки ҷиҳатҳои гуногуни илмро муаррифӣ мекунанд, дар замонҳои гуногун вобаста ба ниёзи ақлонӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии одамизод ба вуҷуд омадаанд. Маҳз барои ҳамин ба саволи "Кай ва чаро илм пайдо шуд?" ҷавоб додан кори осон нест. Илм дониши асил дар васлгоҳи табиатшиосӣ, як олами зоҳиран рангорангу ботинан ягонаи мафҳуму қонунҳои куллӣ мебошад, ки барои мутобиқ кардани табиат ба эҳтиёҷоти ҷомеаи одамӣ заминаи устувор ва самарабахш фароҳам меоварад, чаро ки ҳукму тавсияҳои илмӣ ба қонуниятҳои инкишофи табиату тамаддун асос ёфтаанд.
Ҳадафи илм ҳамчун як навъи фаъолияти маънавии одамон тавлид кардани донишҳо оид ба табиат, ҷомеа ва худи маърифати илмист. Мақсади асосии таҳқиқоти илмӣ кашф кардани қонунҳои объективӣ аз тариқи ҷамъбандии далелҳо (фактҳои эмпирикӣ) дар ҳамбастагии ботинии онҳо мебошад, ки бо дарёфти ҳақиқат ҳусни анҷом мепазирад.
Илм ҳамчун фаъолияти эҷодӣ ҳам роҳу тариқи андӯхтани дониши нав ва ҳам натиҷаи ин фаъолияти ҳадафнок – маҷмӯи донишҳо ва усулу услубҳои мушаххаси  тадқиқоту таҷрибаву озмоиш  мебошад, ки бо роҳнамоии принсипҳои муайяни методологӣ (амсоли принсипи сабабият, принсипи симметрия, қонунҳои бунёдии бақои материя ва энергия) ба қолаби муназзами мантиқӣ кашида шудаанд. Назарияи илмӣ дар соҳаҳои мутараққии илми табиатшиносӣ (пеш аз ҳама – физика) дар баробари ҷамъбасти марҳилаи муайяни тадқиқу таҳқиқ будан, сарманшаи ҷустуҷӯи донишҳои нави илмӣ мебошад.
Гуфтан мумкин аст, ки илм як самти хоси фаъолияти инсон мебошад, ки вазифаи он коркард ва мураттаб гардондани донишҳои объективӣ оид ба воқеият ва тарзи махсуси дарёфти донишҳои воқеист. Илм аз низоми ягона, ҳамбаста ва ривоҷёбандаи донишҳо оид ба олами берун ва қонуниятҳои инкишофи он иборат аст. Дар баробари ин, илм як ҷузви ҷудонашавандаи фарҳанги инсонист; кашфиёти он ба унвони донишҳои муназзами объективӣ дар бораи ҳастии моддию маънавӣ дар радифи дастовардҳои  бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ қадру арзёбӣ мешаванд. Аз ин маънӣ, сатҳи камолоти илмро дар ҷомеа нишондиҳандаи асосии дараҷаи рушди фарҳанги моддию маънавии миллат ва кафолати тараққиёти бемайлони давлати миллӣ ҳисоб кардан ҷоиз аст.
Ҷустору донишандӯзӣ аз замонҳои қадим то ин замон хоси инсон мебошад. Ҷамъоварии донишу малакаҳои пажӯҳиш ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ сар шуда буд, ки онро оғози ташаккули бунёди илми амалӣ ҳисоб кардан мебояд. Сипас, одамон ба мураттабгардонии донишҳо ва истифодаи ҳадафманди онҳо шурӯъ намуданд. Асл инҷост, ки илм ҳеҷ вақт танҳо аз ҷамъоварии иттилоот иборат набуд. Олимон кӯшиш мекарданд фаҳманд, ки ин ё он ҳодиса аз чӣ сабаб, чӣ тавр ва барои чӣ рӯй дод.
Яке аз муҳимтарин аломатҳои илм мушоҳидаи ҳодисаҳо, равандҳо ё рӯйдодҳое мебошанд, ки дар олам рух медиҳанд. Дар раванди мушоҳида муҳаққиқ тавассути узвҳои ҳис дар қолаби тасаввуроти пешакӣ ба идроки объектҳои моддӣ ва ҳодисаҳо мепардозад.
Саргаҳи илм мушоҳида ва таҳлилу дарки  натиҷаҳои ӯст. Дар баъзе соҳаҳои илми табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ мушоҳида усули асосӣ ва ягонаи таҳқиқот мебошад (масалан, дар астрономия, вулканология, климатология, этнография ва ғайра). Лекин дар соҳаҳои мутараққии табиатшиносӣ (пеш аз ҳама физика) воситаи асосии пажӯҳиш таҷриба, яъне эксперимент мебошад, ки фақат мушоҳидаи мураттабу муназзам ва ҳадафмандонаи падидаҳои олами хориҷ нест; муҳимтарин ва самарабахштарин хусусияти эксперимент ба унвони таҷрибаи хоси физикӣ дар он аст, ки дар чорчӯби вай шароити табиӣ ба вуҷуд омадан ва ё ҷорӣ шудани падидаи омӯхташаванда таҷдид карда мешавад. Ин амру амали лабораторӣ муҷассамаи ибтикор ва фаъолияти ҳадафмандонаи субъекти тадқиқи физикӣ мебошад, ки аз ташаккули малакаи таҷрибаю озмоишгузарониҳои илмӣ шаҳодат медиҳад.

НАҚШИ ИТТИЛООТ ДАР ИН АСР
Садаи гузаштаро "асри иттилоот" ё ҳатто "айёми таркиши информатсионӣ" ном дода буданд, ки бесабаб набуд. Дар оғози қарни бисту якум бошад, дарёфтанд, ки ҳаҷми умумии иттилоот   дар ҷаҳон дар арзи ҳар ду сол ду баробар меафзояд! Дарвоқеъ, акнун ҳамагон худашон мебинанду мешунаванд, ки селоби бузурги иттилоот рӯи заминро зер кардаву буғаш фазои сайёраамонро печонда гирифта, ҷо - ҷо, ҳатто офтоби ҳақиқатро аз сокинони кунҷковаш панаҳ мекунад.
Оре, ҳамин тавр аст асли ҳол, ин воҳима нест. Дар таърих басе омада, ки нияти нек оқибати бадро бор оварда. Кунҷковии одамон буд, ки онҳоро дар олами зинда наҷот дод, зеро кунҷковӣ азму иродаи донишҷӯиро тавлид кард, ки бо мурури замон ба ташаккули илму фан боис шуд, худи ҳамон бунгоҳи донишҷӯю ихтироъкоре, ки дар муддати андаряк 300 сол ба манзилати ниҳоди бонуфузи иҷтимоию фарҳангӣ расид, ҳамакнун дар ҷомеаҳои мутараққии ҷаҳон ба як неруи тавонои тавлидгар табдил ёфтааст.
Иттилоот як унсури зарури инфраструктураи илму технологияи имрӯза буда, ба гунаи маълумот, дастур, хабару мақола ва китоб, инчунин, мукотибаи расмию хусусӣ муассисаҳои таҳқиқотию таҳсилотиро бо ғизои маънавӣ таъмин менамояд. Хусусан, иттилооти илмӣ ба шарофати инкишофи технологияи ҳозиразамони кампутерӣ ба шасту суръати гӯшношунид сартосари рубъи маскун паҳн мешавад. Аммо акнун гап фақат болои миқдори иттилоот ё суръати густариши вай не, балки, пеш аз ҳама, андар сифати иттилоот, яъне мазмуну мантиқи маълумот ба ҳамагон дастрас меравад!
Аввалан, бояд гуфт, ки иттилооти илмӣ ҳиссаи ночизи ҳаҷми куллии информатсияи ҷаҳонии сол ба сол афзояндаро ташкил медиҳад; беш аз 90 дарсади он аз иттилооти ғайриилмӣ иборат мебошад, ки ба як ҳисоб маълумоти беҳуда аст, яъне ҷавобгӯи ягон эҳтиёҷи ҳаётан муҳими ҷомеа нест! Баръакс, зеҳну ёди одамро кӯр мекунад!
Дар ин росто тасодуфӣ нест, ки солҳои охир дар истилоҳоти навини англисизабон мафҳуми fakenews пайдо шуда, ба зудӣ ба дигар забонҳо ҳам интиқол ёфт; сухан аз маълумоти бардурӯғе меравад (хоса аз анвои "дониш"-ҳои сиёсӣ), ки қасдан, ба нияти бадном, беобру ё масхара кардани рақиби воқеӣ ё тасвирие, ки душман хонда мешавад,  бофта бароварда, аз тариқи воситаҳои ахбор (хусусан Интернет) паҳн мекунанд.
Пас, низ ҷои тааҷҷуб нест, ки ҳоли ҳозир ба истилоҳ "ҷанги иттилоотӣ" аз нав авҷ мегирад, ки ҳадафаш аз ҳисоби давлатҳои пасошӯравӣ васеъ шудаст. Ҷанги иттилоотӣ бахши умдаи ба истилоҳ "Ҷанги сард" буд; он вақтҳо (1946 - 1989) радиостансияҳои тарғиботии "Озодӣ", “ВВС” ва амсоли онҳо аз пахши хабарҳое худдорӣ намекарданд (гоҳу бегоҳ ҳозир ҳам худдорӣ намекунанд), ки як навъи ҳамон  fakenews буд.

ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ ИНСОНӢ
Айни замон, вақте ки ба навиштани мақолае андар ташаккули манзараи илмии олам, хоса манзараи физикии Коинот ва нақши илмҳои табиатшинос дар рушди инсон ва ҷомеа  шурӯъ кардаму дар рӯ ба рӯи монитори кампутер нишаста, дар  е-фазо иттилооти матлубро меҷӯям, беихтиёр назарам ба иттилооте бармехӯрад, ки бароям хеле ташвишовар аст. Марҳамат, худатон қазоват кунед, хонандаи арҷманд, агар аз ҷумлаи фардҳои иҷтимоан бепарво набошед: ду иттилооти аз назарам гузаштаро бароятон дар қалами электронӣ меорам.
Дар маҷаллаи амрикоии "Journal of Geophysical Research: Atmospheres" натиҷаи арзёбии нави пайомади ҷанги ҳастаӣ дар байни ду абарқудрат – ИМА ва Россия дарҷ шудааст, ки Худо медонад ҷангҷӯёни навбаромади сармастро ҳушёр мекунад ё не. Бино ба ҳисобу китоби физикию математикӣ, ҷанги ҷаҳонӣ бо истифодаи пуриқтидортарин бомбаҳои термоядроӣ фақат тухми инсониятро (пеш аз ҳама шаҳрнишинҳоро)  дар рӯи замин қир  намекунад; чангу хок ва дудаҳои аз таркишгоҳҳои азим бархоста ва дуди ғализи аз сӯхторгоҳҳо (хусусан аз ҷангалзорҳо) ба фалак печида, пеши равшании Офтобро мегиранд ва дар нимкураи шимолии Замин шароити тоқатфарсоро (торикистони саросарӣ ва зимистони қаҳратун) ба вуҷуд меоваранд, ки беш аз даҳ сол тӯл кашида, олами ҳайвоноту набототро ҳам несту нобуд карда метавонад (шояд ба ҷуз осори ҳаёти зинда дар баҳру уқёнусҳо)!
Дар Афғонистон терроргарони бо ном исломии исломношинос ба тӯйи арӯсӣ ҳамла карда, беш аз 80  нафар ширкаткунандаи тамоман бегуноҳи маъракаи халқиро дар ғояти адовати инсонситез  ҷобаҷо куштанд, ки ваҳшиёна гуфтан таҳқири ҳайвони даранда мебуд.
Лаҳзае ба фикр фурӯ меравам. Дар тӯли дақиқаҳое, ки ман ба ҷустуҷӯи маводи илмӣ аз фазои беинтиҳои электронӣ машғул будам, ҳазорон нафар инсонҳо фавтидаанд, миллионҳо аз хурӯҷи бемориҳои музмин ва нарасидани обу ғизо дар азобанд. Афзун ба ин, боиси афсӯсхӯриҳост, ки ИНСОН бо вуҷуди он ҳама қудрату тавоне, ки дорад, ҳадди аксари офатҳои табииро (аз заминларза гирифта, то тӯфонҳои калонмиқёси баҳрӣ) пешгирӣ карда наметавонад; ӯ дар муқобили офатҳои заминию осмонӣ тамоман оҷиз аст!
Гузашта аз ин, фоҷиа инҷост, ки қисми зиёди рӯйдодҳои хатарноки замони мо дар натиҷаи фаъолияти илман ва ахлоқан  норавои худи одамон рух медиҳанд, яъне, ки инсоният худашро ба дасти худаш ба вартаи фалокат меафканад. Хулосаи калом, аз мост, ки бар мост!
Лекин... лаҳзае таваққуф намоед, наход ки Худо Одамро барои анҷоми чунин корҳои ношоистаю нобоиста офарида бошад?! На! Аҳмади Дониш барҳақ мегуфт, ки одамон барои обод кардани ин дунё офарида шудаанд; вазифаи қудсии онҳо тамаддунсозии оқилонаю одилона аст!
Ғаризаи ҷанг худаш аз куҷост? Албатта, вай нишоне аз гузаштаи биологии одамизод аст. Лекин чаро фарҳанги волои инсонӣ ин ғаризаро, ки давраи иҷтимоии тараққии инсонро ин қадр талх кардаасту акнун ба вуҷуди таърихии худаш таҳдид мекунад, тӯли ҳазорсолаҳо дар ниҳоди инсон пахш карда натавонист? Ва агар ҷо-ҷо пахш карда бошад ҳам, ҳамин ки шароити “мусоид“ фаро расид, ғаризаи ҷанг аз нав ҷон мегирад!
Ба ин саволҳо илми табиатшиносӣ худаш ҷавоб дода наметавонад, вай ба дастгирии илми оламшиносӣ низ ниёз дорад.
Оламшиносӣ ҷузъи муҳими фарҳанги инсонӣ буда, дар ташаккули он нақши бузург ва хосро муносибати инсон бо табиат мебозад. Равшан аст, ки ҳар як инсони фарҳангӣ бояд, ақаллан, ба таври умумӣ чӣ тавр сохта шудани оламеро, ки ӯ дар он зиндагӣ мекунад ва чӣ тавр дар он "кор кардан" - и қонунҳои табиатро тасаввур карда тавонад. Муҳаббат ба табиат ва эҳтиром ба раванду ҳодисаҳои дар он рӯйдиҳанда тақозо мекунад, ки инсон бидонад: чунин рӯйдодҳо дар кадом замон ва бо таъсири кадом қонунҳо ба вуҷуд меоянд. Донистани қонунҳои табиат ба фаҳмидани моҳияти фаъолияти инсон ва оқибатҳои ҳар амали дар олам анҷомдода, воситаи самарабахши мубориза бо хурофот мебошад.
Дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI таъсири тамаддун ба экосфераи Замин ба дараҷае расид, ки зиндагонии инсонро бе дарки ягонагии ӯ бо табиати атроф тасаввур кардан душвор аст. Буҳрони экологӣ, ки инсонро амалан дар маҳалли фалокат қарор додааст, пеш аз ҳама, ба сабаби дар ҷамъият ба таври кофӣ густариш наёфтани донишҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омад. Чунин халои илмию фарҳангӣ дар навбати худ барои қабули қарорҳои бемасъулиятона, истеҳсолоти беназорат барои таъмини эҳтиёҷоти инсоният ва зараррасонӣ ба табиати атроф замина гузошт.
Сабаби асосии буҳрони экологӣ на ин ки илм, балки ноқисии тасаввуроти воқеӣ (илмӣ!) дар бораи одаму олам мебошад. Аксарияти одамон ҳоло ҳам дар олами геосентрӣ ва механикӣ зиндагӣ мекунанд ва наметавонанд ё намехоҳанд ба моҳияти падидаҳои ғайриодии заминию осмонӣ сарфаҳм раванд. Бинобар ин, ташаккул додани ҷаҳонбинии дуруст, ки бояд ба марҳилаи ҳозираи рушди тамаддун мувофиқат намояд, барои инсоният аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат "Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040"-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.
Таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон: технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо ва, умуман, ба тақдири тамаддун нисбат ба корҳои анҷомдодаи донишмандону сиёсатмадорони гузашта таъсири хеле амиқ гузоштаанд. Яқин мегардад, ки танҳо инсони фарҳангӣ ва бомаърифат ба сатҳи муосири рушди тамаддун мувофиқ омада метавонад.
Аз ин ҷо зарурати таҳкиму густариши маърифати илмӣ пеш меояд; шаҳрвандони моро лозим аст, ки, ақаллан, бо консепсияҳои  асосии табиатшиносии муосир шиносоӣ дошта бошанд, ки муҷассамаи ғояҳои асосӣ, принсипҳо ва усулҳои илмҳои табиатшиносӣ мебошанд ва донистани онҳо барои ҳар як фарде, ки худро инсони соҳибмаърифат ҳисоб мекунад, ҳам фарзу ҳам қарз аст!
Дар зинаи ҳозираи инкишофи таърихӣ зарурате пеш омадааст, ки инсоният заминаҳои амиқи ҷаҳонбинии худ, фаҳмишу мавқеи хешро дар табиат ва муносибати худро бо олами атроф аз нав баррасӣ намояд. Агар муносибатҳои мутақобилаи инсону табиат дар рӯҳияи илми мутараққӣ роҳандозӣ нашаванд, оқибати кор бо ҳалокати ҳар ду ҷониб анҷом ёфта метавонад!
Мо бо гузашти замон фаҳмида истодаем, ки дараҷаи рушди олами маънавиямон дар биосфера дигар ба шароити ҳаёти ҷомеа мутобиқат намекунад, фаҳмиши мо бошад, барои бартараф сохтани мушкилоти тараққиёт кофӣ нест. Номутобиқатии фаъолияти инсон чун ҷинси биологӣ ба қонунҳои умумие, ки инкишофи биосфераро идора мекунанд, торафт аён гардида истодааст.
Аз ин рӯ, аввал  манзараи объективии оламро таҷдид кардан зарур аст, то ки дар пасманзари он рангу раванди таъсири мутақобили тамаддун ва табиат ва паёмадҳои экологии он муайян ва мушаххас гарданд. Ин амру амали созанда фақат дар низоми тафаккуре анҷоми нек пазируфта метавонад, ки ҳосили фалсафии инкишофи илми табиатшиносӣ бошад. Манзурам ратсионализми муосир аст, ки онро бо дарназардошти таҷрибаи таърихии асри ХХ андаруни маънавиёти  фарҳанги инсондӯстӣ сайқал додан мебояд.
Аз ин маънӣ, замона ҳамдастии илмҳои табиатшиносӣ, аз як тараф ва илмҳои инсонию иҷтимоиро, аз тарафи дигар, тақозо мекунад. Ва низ зарурати навиштани таърихномаи ҳамагоние пеш омада, ки дар чаҳорчӯби он ҳар ду ҷанбаи таърихи воқеӣ – ҷанбаи табиӣ ва ҷанбаи иҷтимоӣ дар ваҳдати ботинӣ ва ҷараёни таъсири мутақобил инъикос ёбанд.
Ин корро то кунун як гурӯҳ муҳаққиқон аз кишварҳои гуногуни Аврупою Амрико, муаллифони ба истилоҳ "Таърихи ҳамагонӣ" ё "Мегатаърих", ба уҳда гирифтанӣ ҳастанд. Ба унвони пояҳои когнитивии ин таърихнома, ки бо такя ба донишҳои навини космологӣ, геологӣ, биологӣ, психологӣ, сотсиологӣ ва фалсафӣ навишта мешавад, ду ғояи бунёдии илми ҳозиразамон – эволутсионизми глобалӣ ва ташаккулёбии худ ба худ (self-organization) пазируфта шудаанд, ки иштироки ҳама гуна неруи фавқуттабииро дар таърихи табиӣ ва иҷтимоии инсоният инкор мекунад...
Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ илмро ҳамчун "тоҷи ҷумла ҳунарҳо" муаррифӣ карда, ҳамзамон, онро "қуфлкушои ҳама дарҳо" медонист. Имрӯз илм ба бисёр қисму ҷанбаҳои рӯзгори одамизод нуфуз кардааст, вале дар ҳама ҷо мақоми аввалро касб накардааст. Вале дар бархе қишрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо баҳонаи буҳрони экологӣ, ки гӯё сарманшаи он илми табиатшиносӣ бошад, як навъ наҳзати илмситезӣ ба миён омадааст. Баъзе файласуфон ва теологҳо, ҳатто бо ратсионализм даст ба гиребон шуда, онро ҳамчун "эътиқоди хаёлӣ" бадном кардаанд, ки ғояти ниҳилизм ба гунаи  пасомодернизм ва арзёбии муғризона асту бас.
Ин ҳама интиқодҳои сарсарӣ натиҷаи ҷудоӣ дар байни бахшҳои бунёдии фарҳанги ягонаи инсонист, ки дар миёнаҳои асри гузашта ба мадди назар баромад. Манзури ман таснифоти олим ва нависандаи англис Чарлз Сноу аст, ки аз як сӯ, риёзиёту табиатшиносӣ ва, аз сӯи дигар, адабиёту санъатро ба унвони "ду фарҳанг" ба ҳам муқобил гузошта буд. Зимнан, солҳои шастуми қарни гузашта дар матбуоти илмӣ ва оммавии шӯравӣ "ду фарҳанг" - и Ч. Сноу ба унвони бархӯрди "физикҳо" ва "лирикҳо" муаррифӣ шуда буд.
Дар омади гап гӯям, файласуфи маъруфи фаронсавӣ  Жан - Жак Руссо нақши ҳар "ду фарҳанг"-и Сноуро дар рушди маънавии инсоният баробар рад мекард. Вай бо исрори тамом мепурсид: «Илм ва адабу ҳунар ба такомули маънавии инсоният мусоидат кардаанд ё не?» Ва худаш ҷавоби қатъӣ медод: «Онҳо ба ахлоқ таъсири манфии ҳалокатовар расондаанд!».
Албатта, асли масъала ба ин дараҷа сода набуд. Хулосаи ӯро мушаххасан дар мисоли фаъолияти эҷодии олими физикдон Алберт Эйнштейн ва нависандаи романнавис Лев Толстой ба осонӣ рад кардан мумкин аст. Лекин аз матлаби асосиамон дур намеравем.
Фарқи ин "ду фарҳанг", бо истифода аз як ибораи Хайём гӯем,  маҷозӣ нест, ҳақиқист. Сабаби то ихтилоф расидани муносибати ҷонибайнро бошад, дар тариқи таълиму тарбия ҷустан мебояд, ки дар низоми таҳсилоти миёна ва олии чи Шарқу чи Ғарб ягонагии аслӣ ва азалии фарҳанги инсониро ба мадди назараш намегузорад.
Дарвоқеъ, донишҳои табиатшиносӣ оид ба сохтори олам ва ҷои инсон дар он тасаввуроти бунёдӣ медиҳанд ва аз ин ҷиҳат омӯзиши табиатшиносӣ бояд ҷузъи муҳими маърифати умумии донишҷӯёни ихтисосҳои гуманитарӣ бошад. Ин донишҳо ба тайёрии таҳсилоти умумии донишҷӯён ва фаъолияти минбаъдаи ихтисосии онҳо мусоидат менамоянд. Аҳамияти тайёрии таҳсилоти умумиро мисоли зерин исбот менамояд. Бештар аз ду ҳазор роҳбарони корхонаҳои гуногуни ИМА дар назарсанҷие тайёрии хуби таҳсилоти умумиро сифати аслие донистанд, ки бояд ҳар як корманди муосир дошта бошад. Яъне, тайёрии хуби таҳсилоти умумии донишҷӯёни ихтисосҳои гуманитарӣ низ, бешубҳа, ба омӯзиши фарҳанги илмҳои табиатшиносӣ, ки тафаккури илмии оқилонаро инкишоф медиҳад, пайванд дорад.
Воқеан, шароити муосири ҳаёт ба мутахассисоне ниёз дорад, ки соҳиби на танҳо донишҳои касбӣ дар доираи ихтисоси интихобкардаашон, балки дорои ҷиҳатҳои арзишманд ва зеҳнии донишҳо бошанд. Ҷиҳатҳои арзишманд ва зеҳнии донишҳо ташаккули андешаҳои шахсиро талаб намуда, асос барои ҳалли муваффақиятомези масъалаҳои ҳаётан муҳим мебошанд.
Дар замони мо, ки илмҳо ба соҳа ва ихтисосҳои гуногун тақсим карда шудаанд ва ҳар як мутахассис бо забони худ ҳарф мезанад, масъалаи ҷаҳонбинии васеъ мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Зеро фақат ҷаҳонбинии том аст, ки ба дарки моҳияти одаму олам ва қонуниятҳои инкишофи тамаддуну табиат дар ҳамбастагии бунёдии онҳо заминаи қавӣ ва самарабахш ба вуҷуд меоварад.
Дар ин навиштае, ки ҳоло ба салоҳдиди ҳамватанони муҳтарамам пешниҳод мешавад, дар зимни нақлу нақди таърихи ташаккули манзараи физикии олам мавқеъ ва мақоми хоси тафаккури илмӣ, умуман ва усулу услуби таҳқиқотии илмҳои табиатшиносӣ, махсусан, дар ҷомеа ва рушди минбаъдаи он таъйиду таъкид мешавад.
Мақсади аслӣ  ва асосии ҳамаи илмҳо, хусусан илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, ҳарфи муаммои азалии Коинотро, ҳамчуноне ки ҳаст, бехато хондан ва дар ин  заминаи устувори ақлонӣ тарҳи пайдоишу сохтори воқеии Коинотро ба унвони “Олами кавну фасод” баркашидан ва дар зимни ин самту раванди таҳаввулоти  онро пешгӯӣ кардан аст.
Ҳаёти моро бе илм ва дастовардҳои он тасаввур кардан душвор аст. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки илм дар рушди кишвар нақши калидӣ дорад.
Дар ҳақиқат, имрӯз илму фан ё технология ба муҳаррики рушди таърихии ҷомеа табдил ёфта, ба ихтиёри одамон қувваи бузургеро гузоштанд, ки барои якбора зиёд кардани миқёси фаъолияти дигаргунсозиҳои онҳо имконият дод. Инсон муҳити табиии зисти худро куллан тағйир дод; тамоми сатҳи Замин ва биосфераро омӯхт ва «табиати дуюм» - муҳити сунъии зисти худро эҷод намуд, ки он барои ӯ на камтар аз муҳити табиӣ аҳамият дорад.
Табиатшиноси бузурги шӯравӣ В. И. Вернадский дар зимни тасдиқи ин ҳақиқат мегуфт: "Тавассути илм ва техника инсон ба қувваи махсуси геологӣ табдил ёфт. Чаро ки инсон тамоми сатҳи Заминро дигаргун сохт ва ҳатто ба биосфера таъсири амиқ гузошт".
Дар миёнаи асри гузашта фаъолияти инсон аз доираи сайёраи Замин берун баромада, миқёси кайҳонӣ пайдо намуд, ки пайомадҳои аз ин ҳам амиқтар ва ҳайратовар хоҳад дошт.
Беш аз 3000 сол мешавад, ки инсон саргарми тадқиқу таҳқиқи табиат аст;  акнун дар оғози қарни бисту якум уфуқи пажӯҳишҳояш  Коинотро ҳам фаро мегирад! Гузашта аз ин, қудрати ақлонии инсоният ба ҳадде афзудааст, ки олимони физикдон ба “шабистони азал” (таъбири Муҳаммади Иқбол) ворид шуда, аз тариқи ташкил кардани бархӯрдҳои зарраҳои фавқуссуръат (яъне дорои энергияи ниҳоят бузург) шароити физикии нахустин сонияҳои таквину таҳаввули Коинотро “дар хона” таҷдид мекунанд. Хонандаи арҷманд бояд бидонад, ки ягона дар ҷаҳон пойгоҳи илмии омӯзиши нурҳои абарсуръат ва абарэнергияи кайҳонӣ маҳз дар кишвари мо дар баландии 4370 метр аз сатҳи баҳр дар Помир арзи ҳастӣ дорад ва ҳангоми гузарондани эксперименти «Помир» зарраҳои нурҳои кайҳонӣ бо энергияи рекордии ибтидоии зиёда аз 1018 эВ-ро олимони мо мушоҳида карданд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо номи супероилаи «Тоҷикистон» дар ҷаҳон машҳур шуд. Гуфтан лозим аст, ки ин на танҳо баландтарин энергияе, ки инсон то ибтидои қарни  асри 21 мушоҳида карда тавонист, балки то кунун зарраҳое бо ин гуна энергияи баланд мушоҳида нашуданд ва ҳатто Коллайдери калони адроние, ки аз тарафи Маркази аврупоии таҳқиқоти ҳастаӣ (CERN) сохта шудааст, ба ин гуна энергияҳои баланд расида наметавонад ва танҳо зарраҳоеро бо энергияи садҳо маротиба пасттар, яъне 1016 эВ ҳосил карда метавонад.  Ва боз ин нукта сазовори таъкид аст, ки маҳз тавассути дастгирии бевосита ва сиёсати илмпарваронаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пойгоҳи илмӣ дубора ба фаъолият шурӯъ кард ва мавриди баҳрабардории олимони тоҷик қарор гирифт.
Ва аз ҳамин саргармӣ аз тараддудҳои илмии Инсон аст, ки вай ҳангоми ба амал баровардани лоиҳаҳои пажӯҳишҳои муҳиму муфид нозукиҳои ахлоқии фаъолияти эҷодиашро басе сарфи назар мекунад. Аз ин рӯ, таълими илмро дар мактабҳои миёнаву олӣ бо тарбияи масъулиятшиносии иҷтимоию инфиродӣ сахт пайвастан мебояд.
Сатҳи ҳозираи рушди тамаддунро дараҷаи тараққиёти илму технология муайян мекунад, ки як ҷузви фарҳанги ҷомеаи кунунист. Ба маънои васеъ, фарҳанг аз чизҳое иборат аст, ки инсоният дар арзи рӯзгори тӯлониаш эҷод намудааст. Он чизҳо дар натиҷаи заҳмате сохта шудаанд, ки онро шуури иҷтимоӣ, тафаккури илмӣ ва ихтиёри инфиродӣ роҳнамоӣ кардаанд. Ба тарзи дигар гӯем, фарҳанг ин натиҷа ва ё маҳсули фаъолияти инсон мебошад. Натиҷаҳои заҳмат пайваста захира мегарданд ва фарҳанг тавсеа меёбад. Олами фарҳанг ҳар яки моро фаро мегирад. Мо гӯё ғӯтавар дар баҳри ашёву чизҳои фарҳангӣ мебошем. Илова ба ин, инсон дар сурате инсони ҳақиқӣ мегардад, ки аз тариқи эҷодкорона аз худ кардани мерос бо наслҳои гузаштаи одамон дар радифи ҳамбастагии таърихию фарҳангӣ қарор дошта бошад.
Фарҳангро ба навъҳои зерин ҷудо мекунанд: фарҳанги моддӣ – олоти заҳмат, меъморӣ ва монанди инҳо; фарҳанги иҷтимоӣ – низоми қоидаҳои рафтори одамон дар намудҳои гуногуни муомилотии фаъолияти ҷамъиятӣ; фарҳанги маънавӣ (рӯҳӣ) – ахлоқ, ҳуқуқ, илм, ҳунар ва ғайра.
Фарҳанги маънавӣ  ҳаёти маънавии одамон, натиҷа ва воситаҳои онро тавсиф мекунад. Вай ба фаъолияте алоқаманд аст, ки ҳадафаш қонеъ гардондани эҳтиёҷоти маънавӣ, яъне рушду камоли олами ботинии инсон (олами рӯҳонию равонӣ, зеҳну шуур, қудрати эҷодкорӣ ва ғайра) мебошад. Маҳз эҳтиёҷоти маънавист, ки инсонро аз ҳайвон фарқ мекунад. Маҳсули фарҳанги маънавӣ ғояю мафҳумҳо, фарзияю назарияҳои илмӣ, асарҳои ҳунарию бадеӣ, ақидаҳои сиёсӣ ва меъёрҳои ахлоқ ва ҳуқуқ  мебошанд, ки дар забон, китобҳо, осори санъат (меъморӣ, иншооти меъморӣ ва ғайра) инъикос гардидаанд.
Ба ҳар як форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ фарҳанги худвижае хос аст, ки ҳангоми гузариш аз як зина ба зинаи дигари тараққиёти ҷомеа тағйир меёбад. Тамаддуни аврупоӣ аз фарҳанги атиқаи Юнон сарчашма мегирад, ки он ба гунаи як манзумаи том ташаккул ёфта буд. Юнониёни қадим асосгузори гуманизми ратсионалистӣ буданд. Ва маҳз ҳамин навъ гуманизм аст, ки имрӯз симои маънавии тамаддунии аврупоиро муайян мекунад. Ф. Энгелс навишта буд, ки «дар тарҳҳои гуногуни фалсафаи юнонӣ қариб ҳамаи навъҳои ҷаҳонбиниҳои баъдӣ ҳузур доранд. Бинобар ин, табиатшиносии назариявӣ, агар хоҳад, ки таърихи пайдоиш ва рушди никоти умумии имрӯзаи худро пайгирӣ намояд, маҷбур аст ба юнониёни қадим рӯ оварад». Бояд зикр карда гузашт, ки ба ҷаҳоншинохтии юнонӣ ваҳдати куллии Коинот, Инсон ва Худоён хос буд.
Мақсади асосии ҳар гуна илм ба низом овардани ҳодисаҳои мураккаби дар олам рӯйдиҳанда ё ба тартиб овардани чизест, ки маҷмӯи онҳоро табиат меноманд. Вале бояд ба назар гирифт, ки усули илмӣ танҳо яке аз тарзҳои хоси донистани табиати одаму олам аст. Ниҳоли илм дар замини фарҳанги моддӣ ва маънавӣ мерӯяд. Ва аз ин маънӣ  илм, фарҳанг ва ҷомеа дар ваҳдати ботинӣ қарор доранд.
Ба ин далели таърихӣ ҳамбастагии илм ва маорифро низ афзудан мебояд, ки самаранокиашро таҷрибаи тамаддуни аврупоию амрикоӣ собит кардааст. Ин таҷрибаи муҳиму муфиди таърихию фарҳангиро бояд ба пуррагӣ омӯхт ва дар кишвар ҷорӣ намуд. Зеро маҳз пайванди пажӯҳиш бо омӯзишу парвариш барои ташаккули кадрҳои соҳибтафаккур мусоидат мекунад. Аслан, чунонки таҷрибаи педагогӣ гувоҳ аст, дар он муассисаҳои таҳсилотӣ, ки он ҷо ба таҳқиқоти илмӣ машғул нестанд, гирифтани маълумоти ҳозиразамонро ҳам чашмдор будан нашояд.
Дар илми физика, ки пешрафтатарин соҳаи илми табиатшиносист, яке аз меъёрҳои муҳими аз ҷониби ҷамоати байналмилалии олимон мавриди эътирофу эътибор қарор гирифтани назарияи нав умдатан қудрати вуҷуди падидаҳои қаблан номаълумро пешгӯӣ карда тавонистани ӯст, ки ба кашфи донишҳои нави оламшинохтӣ тавъам меояд. Ва агар назарияи нави физикӣ ба ин меъёр рост наояд, ҳатто, агар муаллифи он Эйнштейн барин нобиғаи илм ҳам бошад, онро ҳамон ҷамоати байналмилалӣ қабул ва қадр намекунад.
Барои мисол корномаи илмии худи Эйнштейнро гирем, ки барои дар қолаби як назарияи том муттаҳид кардани ду  майдони маълуми физикӣ – электромагнитӣ ва гравитатсионӣ (ҷозиба) – чиҳил соли умри эҷодиашро сарф кард, вале ба натиҷае нарасид, ки мавриди таваҷҷуҳи физикдонҳои назариясоз қарор гирифта бошад. Рост, Эйнштейн, ки қаблан ҳамчун созандаи назарияи нисбият (ҷузвӣ ва куллӣ) ба авҷи шуҳрати ҷаҳонӣ расида буд, чандин варианти назарияи ягонаи майдонҳоро пешниҳод кард, аммо ягонтои онро ҳамон ҷамоати байналмилалии олимон напазируфт.
Эроди умдаи ҳамкасбони Эйнштейн ин буд: назарияҳои нави ӯ ба ҷуз математикаи хушку холӣ вуҷуди ягон падидаи “зинда”-и физикиро (ба маънии дар эксперимент ошкоршаванда) пешгӯӣ намекунанд ва аз ин сабаби ҷиддӣ роҳи инкишофи минбаъдаи илми мазкурро ҳамвор намекунанд.
Ҳоли ҳозир айни ҳамин вазъияти эпистемологӣ дар физикаи зарраҳои бунёдӣ ба амал омадааст:  ба истилоҳ назарияи торҳо, ки ҳамон идеали Эйнштейнро (сохтани назарияи ягонаи ҷумла майдонҳои физикӣ) дар заминаи комилан нави консептуалӣ – микрофизикаи пасоквантӣ – ба амал бароварданист, низ миёни обу оташ мондааст: дар таърихи 40-солаи консепсияи торҳо муаллифонаш аз қолаби математикии назарияи табиатшиносиашон  даричае ба берун сӯи озмошгоҳ кушода натавонистанд, то ки куллан дуруст ё нодуруст будани "назарияи  ягонаи ҳамаи майдонҳои физикӣ" - ро дар лабораторияҳои дақиқкори ҷаҳон дигарон санҷида бароянд!
Вале, бо вуҷуди ин, консепсияи торҳо дар ҳоли ҳозир умедбахштарин ҷабҳаи физикаи назарист. Чунончи, дар чаҳорчӯби он то ин вақт баъзе аз таноқузҳоеро бартараф кардан муяссар гардид, ки ҳангоми татбиқи механикаи квантӣ ба физикаи сияҳчоҳҳо пеш омада буданду онҳоро ҳатто Стефен Ҳокинг барин назарияпардози машҳур ҳал карда натавониста буд.
Вазъияти кунунӣ дар физикаи зарраҳои бунёдӣ ва космологияи физикӣ як ҷиҳати муҳими илмро ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар ғояти аёнӣ шарҳ медиҳад. Сухан дар бораи раванди дастҷамъонаи таҳқиқот ва тафтишу татбиқи амалии натиҷаҳои пажӯҳиши илмӣ меравад. Ин кор ба уҳдаи муассисаҳои тадқиқотӣ, лабораторияҳои донишгоҳу донишкадаҳо, созмонҳои байналмилалии олимон ва ғайра вогузошта шудааст.
Сохтмон ва ба кор андохтани ба истилоҳ коллайдери бузурги  адронӣ (Large Hadron Collider) – як иншооти бузург ва бағоят гаронарзиш (17 миллиард доллар!) намунаи барҷастаи инкишофи муассири ин индустрияи калонмиқёсу серхарҷ мебошад, ки барои ташкилу таъмини он буҷети як давлати ҷудогона қодир нест. Аз ин пеш Амрико ба хотири дар мусобиқаи кайҳоннавардӣ аз Иттиҳоди Шӯравӣ  пеш гузаштан, барномаи гаронхарҷи “Апполон” - ро тарҳрезӣ ва роҳандозӣ кард (солҳои 1961-1975), ки ҷамъулҷамъ 25,4 миллиард доллар (аз рӯи нарху навои ҳозира ҳисобу китоб кунем, андаряк 152 миллиард мешавад!) харҷ кардан лозим омад...
Дар оғози асри кайҳоннавардӣ баъзе олимони таърихдон исрофкориҳои давлатҳои бузургро дар роҳи андӯхтани шаъну шукӯҳи миллӣ ва обрую эътибори байналмилалӣ мавриди андешаи интиқодӣ қарор дода, зимнан ёдовар шуданд, ки саъю кӯшишҳои абарқудратҳо собиқаҳои таърихие доранд, ки некфарҷом набуданд.
Мунаққидони иҷтимоӣ илми ҳозиразамонро ба “кабир”-у “сағир” ҷудо карда, нақши таърихии дастгоҳҳои бузурги тадқиқотию озмоишии “Илми Кабир”-ро ҳампоя ва ҳамсони ҳамон пирамидаҳои сангии мисриён дониста, бо исрор огоҳ мекарданд, ки тамаддуни инсонӣ бо ин гуна корҳои шуҳратҷӯёнаю оламбехабараш ба худаш гӯр мекобад, хусусан ки ҳарбиёни лаҷомгусехтаи давлатҳои абарқудрат  кайҳонро ба майдони ҷанги ҷаҳонӣ бо истифодаи аслиҳаи атомӣ, мушакҳои дурзан ва радифҳои маснӯъ табдил доданианд.
Зимнан, ин далели таърихию сиёсӣ охирҳои солҳои панҷоҳуми асри гузашта, яъне вақте садо дода буд, ки, аз як сӯ, аслиҳаи ҳастаӣ ба дараҷаи ҳозира пурқувват набуд ва, аз сӯйи дигар, буҳрони экологӣ ба маънии васеъ ҳанӯз сар назада буд...
Агар аз ҷузвиёти баҳсноки ин ақидаи интиқодӣ сарфи назар кунем, як қисми умдааш мемонад, ки онро ба унвони даъвати ахлоқию иҷтимоӣ ба масъулиятшиносии таърихӣ хулоса кардан мумкин аст.
Дар илми муосир мафҳуми мушоҳида низ усулан ва услубан такмил ёфтааст. Чунончи, дар астрофизика – соҳаи ҷадиди астрономияи куҳанбунёд – акнун методҳои нави мушоҳида истифода мешаванд, ки экспериментро мемонанд. Дар рӯи Моҳ қадам задану мавод ҷамъ кардани кайҳоннавардон, ба сатҳи сайёраҳои наздик амал кардани лабораторияҳои худкори физикию астрономӣ ва ниҳоят ба фазои атрофи сайёраи Замин баровардани расадхонаҳое, ки бо асбобу ускунаҳои мукаммали тадқиқу омӯзиш таҷҳизонда шудаанд, сурату сирати илмии астрономияро ба куллӣ дигар кард.
Замонҳое гузашта рафтанд, ки олим тани танҳо дар лабораторияи тангу тори хонагӣ бо асбобҳои косибона сохташуда ба тадқиқу озмоиш машғул мешуд. Акнун фазои лабораторияи табиатшинос “аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал” васеъ шудасту уфуқи тафаккураш аз модели гелиосентрӣ то модели Мултиверс, ки низ ҳадди дониши космологии ӯ нест, расидааст.
Аз ин рӯ, маҳз илми мутараққӣ ҳаққи маънавӣ дорад, ки дар ҳастаи ҷаҳонбинии муосир қарор гирад. Ва маҳз назарияҳои илмии дар таҷриба собитшуда ва аз тарафи муассиса ва созмонҳои илмии ҷаҳонӣ маъқул донисташуда, шоҳроҳи наҷоти таърихӣ ва рушди минбаъдаи одамизодро мунаввар карда метавонанд.

ПАС, ЧӢ БОЯД КАРД?
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ва бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тараққиёти илми муосир  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд: “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд” ва вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.
Амалӣ намудани ин иқдоми созандаву бунёдкорона ва таҳкимбахши рушди воқеии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва ҷаҳонбинии илмӣ вазифаи ҳар фарди худогоҳу худшинос, тамоми зинаҳои таҳсилот ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва аҳли зиёи мамлакат мебошад.
Мо бояд омӯзиши муқаддимаи табиатшиносиро аз боғчаи кӯдакон шурӯъ намуда, дар тамоми зинаҳои минбаъдаи таҳсилот омӯзиши асосҳои табиатшиносии муосирро барои тамоми соҳаҳо ва ихтисосҳо ба роҳ монем, стандарт ва нақшаву барномаҳои таълимиро бо дарназардошти дастури раҳнамо ва созандаи Пешвои муаззами миллат бо бартарӣ додан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҷдиди назар намоем, муассисаҳои таълимиро бо асбобҳои аёнӣ ва лавозимоти озмоишгоҳии муосир таъмин созем, муассисаҳои илмӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуда, мазмуну моҳияти омӯзиш, пажӯҳиш ва дарки ҳодисоти табиат дар асоси консепсияи ягонагии инсону табиат ва талаботи муосир сурат гирад. Дар ин ҳолат супориши Пешвои миллат иҷро, рушди бемайлони кишвар таъмин, ҷаҳонбинии илмӣ фарогири оммаи мардум ва тафаккури техникӣ бар тафаккури хурофотӣ ғолиб меояд ва ин ҳама омили асосии пешрафти давлату миллат мегардад.

Фарҳод РАҲИМӢ,
узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2020    №: 32    Мутолиа карданд: 12193
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед