logo

ҳуқуқ

СУЛАЙМОН СУЛТОНЗОДА: "280 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД"

Давоми соли 2019 аз тарафи мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 1102 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда, зиёда аз 684 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомот дар соли сипаришуда иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, аз зарари молиявии ошкоршуда, тавассути чораҳои андешидашуда 280 миллион сомонӣ барқарор гардидааст. Аз маблағҳои рӯёндашуда 72,6 миллион ба буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 207,3 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо рост меояд. 
Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ дар ин давра 2154 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор намуданд, ки 644 - тои он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд.
Соли гузашта аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 249 ҷиноят, соҳаҳои маориф ва илм 122, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 135, нақлиёт 17, кишоварзӣ 32, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 64, саноат ва технологияҳои нав 8, молия 7, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 87, Кумитаи андоз 19, меъморӣ ва сохтмон 8, ШСХК «Барқи Тоҷик» 32, соҳаи бонкӣ 273, субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ 359, соҳибкорони инфиродӣ 403 ва дигар идораву корхонаҳо 339 ҷиноят содир гардидааст.  
Инчунин, 83 ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, ошкор шуда, ҳуқуқвайронкуниҳои мазкур бо пешниҳоди санадҳои эътиноии агентӣ бартараф гардидаанд.
Ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони агентӣ 1581 пешниҳод ирсол гардида, бо натиҷаи баррасии онҳо нисбат ба 480 нафар огоҳӣ, 420 нафар сарзаниш, 557 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 249 нафари дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод шудаанд.
Ба агентӣ ҷиҳати аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузарондан, 1247 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки 1242 - тои он мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 111 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба мақомоти таҳиякунандаи лоиҳа бозпас гардонда шудаанд.
Аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1084 ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.
- Ғайр аз ин, кормандони агентӣ дар ин давра 137 ҳолати вайронкунии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ошкор намудаанд, ки 10 ҳолати он аз ҷониби шахсони мансабдор содир гаштааст, - гуфт директори агентӣ.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2020    №: 32    Мутолиа карданд: 973
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед