logo

иқтисод

ХАТЛОН. 50697 ҶОИ НАВИ КОР ТАЪСИС ЁФТ

Нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз қисматҳои ироаи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2019, посух ба пурсишҳои журналистон ва қадршиносии собиқадорони ВАО-и ватанию хориҷӣ иборат буд.
Гуфта шуд, ки соли гузашта соҳаҳои истеҳсолӣ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд шуданд. Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатпеша, кишоварзону сохтмончиён ва тамоми мардуми шарифи Хатлонзамин назаррас аст. Онҳо корҳои ободонию созандагиро бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида, соли 2018-ум 1061 ва соли гузашта 2474 иншооти гуногуни таъйиноти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бунёд намуданд ва аз ин ҳисоб 12,9 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Умуман, дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят сохтмону навсозии беш аз 7400 иншоот тарҳрезӣ гардида, аллакай, беш аз нисфи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» 25 ва “Панҷ” 16 субъект ба қайд гирифта шудааст. Соли гузашта дар МОИ “Данғара” ба маблағи 129,2 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардида, аз аввали фаъолият як миллиарду 780 миллион сомонӣ аз худ шудааст. Дар ин ҷо ба маблағи 36,8 миллион сомонӣ молу маҳсулоти гуногуни саноатӣ истеҳсол гардид.
Фаъолияти МОИ “Панҷ”  ба  беҳбудӣ  ниёз дорад. Соли 2019 ҳамагӣ ба маблағи 3,9 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардида, ба маблағи 974 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Соли гузашта дар вилоят 50697 ҷойи нави кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Аз ҳисоби 310 ярмаркаи ҷойҳои кории холии баргузоршуда, 6413 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 6340 шаҳрванд ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 14,5 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба соли пешӣ 8,5 дарсадро ташкил дод.
Дар корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 8 миллиарду 507 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2018 1 миллиарду 147 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳо 90 корхона ва коргоҳи нав бо 865 ҷои кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тибқи “Нақшаи бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ барои соли 2020”, бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта ба истифода додани 112 корхонаю коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 1637 ҷойи кор пешбинӣ шудааст.
Бо қарори раиси вилоят барои ҳавасманд намудани соҳибкорон, шахсони ҳимматбаланд ва сокиноне, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм мегузоранд, озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» эълон гардида, ғолибон ҳар семоҳа бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят сарфароз гардонда мешаванд. Соли 2020 аз ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷет як миллиарду 606 миллион сомонӣ (88 дарсад) барои соҳаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 88 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола озмунҳои вилоятии беҳтаринҳои «Муассисаи таълимӣ», «Муассисаи томактабӣ», «Муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва интернатӣ», «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо», «Маркази технология ва коммуникатсия», “Кабинети методӣ”, «Муаллими сол», «Мураббии сол», “Хонандаи сол” ва “Навовару ихтироъкори ҷавону навраси сол” баргузор гардида, ғолибон бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофотҳои молии раиси вилоят қадр карда мешаванд.
Ба муассисаҳои тиббии вилоят 18 мошини ёрии таъҷилӣ ва ду мошини сайёри флюорографии тамғаи “Кама” дастрас гардид. Дар шаҳри Кӯлоб маркази перинаталӣ ва муассисаи давлатии Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, савияи дониши касбӣ ва ҳавасманд намудани кормандони соҳаи тандурустии вилоят қарори раиси вилоят аз 15 феврали соли 2019 “Дар бораи таъсиси ҷоизаи раиси вилояти Хатлон – “Вориси Сино” ба тасвиб расид ва аввали соли равон 6 табиб соҳиби ин ҷоиза гардид.
Дар ноҳияи Данғара бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қасри фарҳанг бо инфрасохтори зарурӣ аз рӯйи санъати меъмории миллӣ барои 760 ҷойи нишаст ва дар ноҳияи Темурмалик Қасри фарҳанг барои 300 ҷойи нишаст бунёд гардида, илова бар ин, 12 китобхона, 8 боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, 28 гулгашту хиёбон мавриди истифода қарор дода шуданд.
Соли гузашта 263 ҳазор сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намуд. Айни ҳол дар вилоят 795 ёдгориву мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва монументалӣ, 101 меҳмонхона, 64 мавзеи сайёҳӣ, 37 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 121 тарабхона, 36 осорхона, 58 чойхона, 54 ҳомстей ва гестҳаус, 69 мағозаи фурӯши армуғон, 97 зиёратгоҳ, 33 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ ва 20 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошад.
Хабарнигорони нашрияву агентиҳои иттилоотӣ ва радиою телевизион ба пурсишҳо доир ба масоили омодагӣ ба ҷашнҳои миллию байналмилалӣ, шусташавии соҳилҳо, гузарондани тадбирҳои мустаҳкамсозӣ, интихоби дурусти тухмии пахта ва ҳоказо аз раиси вилоят посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сипас, Қурбон Ҳакимзода барои саҳмгузории муносиб дар рушди журналистикаи тоҷик, инъикоси саривақтӣ ва касбии рӯйдодҳои вилоят, тарбияи мутахассисони соҳа ва ҳамкории пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба 21 корманди соҳаи матбуот сипоснома ва мукофоти моддӣ тақдим карда, журналистонро ба ҳамкории бештару беҳтар даъват кард.

Зокир ҲАСАН,
Холназар КАСИРОВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2020    №: 32    Мутолиа карданд: 1311
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед