logo

сиёсат

АЗ ФИТНА ТО ИФРОТ Ё ХАТАРИ "МУФТӢ ВА ФАТВОҲО" - И ИНТЕРНЕТӢ БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризму экстремизмро «таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон» ва «душмани бераҳму шафқат ва маккор» унвон карда, бори дигар ба ниҳодҳои марбута ва, дар умум, ба ҳар кадоми мо ҳушдор доданд, ки бояд дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарзои ҷаҳони имрӯз бетараф набошем.
Табиист, ки иқдомоти пешгирифтаи Ҳукумати кишвар пеши роҳи ҷараёни харобиовари ташвиқу тарғиб ва паҳншавии тундгароии динӣ ва ақидаҳои ифротӣ садди устувор гузошт, аммо “душмани маккор” ҳанӯз ҳам ба таври комил хунсо нашуда, роҳҳои нави таъсиргузорӣ ба зеҳну мафкураҳои ноогоҳро меҷӯяд. Омода будан ба муқовимат ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мост.   
Чи тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми хеш таъкид доштанд: "Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.
Воқеан, имрӯз “душмани маккор” худро ба технологияҳои муосири иттилоотӣ, махсусан ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ задааст, чун дарк карда, ки маҳз ҳамин ҷо “минбаре барои фатвоҳои фитнаангез” – и худ меёбад ва ҳам “мағзҳое бехабар аз фитнаҳо”.
Ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ, афроди мазҳабишуда, аммо бехабар аз аркони дини мубини ислом ва ҳам гумроҳоне, ки ҳадафмандона зидди давлату миллат ва халқу ҷомеаи худ ғояҳои харобиоварро талқин мекунанд – ҳаминҳо тоифаҳое ҳастанд, ки дар аксар маврид зери таъсири таблиғоти созмонҳои террористӣ мемонанд.
Муруре ба саҳфаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки мутаассифона, ҳанӯз ҳам гурӯҳу афроди сиёҳдил ин ҷо ҳузури густурда доранд. Онҳо ҳадис ё нақле аз рӯзгори саҳобагон, сабти видеоӣ ё аудиоии як ҳаммаслаки худро дар саҳифаашон гузошта, онро ба таври худ ва мувофиқ ба ғаразҳои нопокашон шарҳ медиҳанду “фатво”, ҷавонон, гоҳо калонсолони ноогоҳ аз ислому фармудаҳои Худо, онро писандида, “лайк” мегузоранд ва ҳамин тавр доираи паҳншавии маводи хусусияти ифротидошта фарохтар шудан мегирад. Таъбирҳои «агар мусулмон ҳастӣ», «агар аз Худо тарсӣ», «мехоҳӣ ба биҳишт ворид шавӣ»,  «агар дилат ба ислом сӯзад», «агар пайғамбарро дӯст дорӣ» дар ин амр кори ифротиёнро осон мекунад, чун  ноогоҳон гумон мекунанд, роҳи нишон додани мусалмон будану ба ислом муҳаббат доштан маҳз ҳамин аст, ҳамин аст мусалмон будан, ҳамин аст роҳе, ки Худованд ба бандагонаш нишон дода.
Ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ва афроди мазҳабишуда, аммо бехабар аз аркони дини мубини исломро бояд ҷомеа тарбия кунад. Ниҳодҳои дахлдор, рӯҳониён, зиёиён, волидайн, ҷавонони фаъол ва ҳама ашхоси огоҳ бояд дар хонаву дар мактаб, дар суҳбату вохӯриҳо ва ҳар лаҳзаву ҳар замон ба насли наврас ва ба нафарони дониши кофии динӣ надошта таъкид намоянд, ки он чӣ ки аз номи ислом дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, аксар фитна асту ифрот.
Ҳамчунин, ҳайратовар аст, ки чаро фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ – нафарони огаҳ аз бозиҳои пасипардагии террористон аксар маврид ин гуна “фатво” - ҳои ифротиро нодида мегиранд, ба даҳони онҳо намезананд, пеши роҳашон садд намегузоранд.
Дар Тоҷикистон ки адабиёти динӣ ба таври кофӣ нашр шудаву дастраси умум аст, ниҳоди судури фатво - Шӯрои уламои Маркази исломӣ фаъолият дорад, имомхатибон ҳамеша дар масоҷид мавъизаҳо мекунанду мардумро аз асли дини мубини ислом огоҳ месозанд, дигар чӣ ниёзест ба “минбарҳои фатвоҳои фитнаовар”?
Мо бояд ҳамеша ба насли наврас, ба кулли ҷомеа талқин намоем, ки “ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест” ва “ҳар ки бар душмании халқ равон аст чу баҳр, зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад”.
Дур наравем, воқеаи нангини чанд моҳи пешро ба хотир орем, ки чанде аз аъзои созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии мо ҳуҷум карда, даст ба қатли сарҳадбонони хоки муқаддаси Ватан заданд. Ҳамин аст натиҷаи аксар “фатвоҳо” - и интернетӣ ва ҳадафи “муфтиён” - и шабакаҳои иҷтимоӣ. Пас, дигар замоне расидааст, ки  ин “муфтӣ” – ҳои дурӯғинро аз “минбарҳои фатво” - яшон дур созем ва ҷомеаро аз хатари суханони ғаразноки онҳо огоҳ намоем.

Афшини МУҚИМ,
котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2020    №: 32    Мутолиа карданд: 1194
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед