порлумон
ДАНҒАРА. ИНТИХОБКУНАНДАГОН БА НОМЗАДҲОИ АРЗАНДА РАЪЙ МЕДИҲАНД
То маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзҳои башумор боқӣ монда, дар саросари кишвар корҳои омодагӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Данғара № 36 омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ хеле назаррас аст.
Тавре Қурбоншо Абдуллоев, раиси комиссияи ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии № 36, гуфт то имрӯз 59 участкаи интихоботӣ дар ноҳияи Данғара ва 16 участка дар шаҳри Норак барои овоздиҳӣ пурра омода мебошанд. Тибқи ҳисоботҳои пешакӣ шумораи раъйдиҳандагон 123 ҳазору 74 нафарро ташкил медиҳад.
Дар асоси талаботи моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон таъсис дода шуда, шумораи интихобкунандагон, макони ҷойгиршавӣ ва ҳудуди онҳо муайян ва дар матбуоти маҳаллӣ ба нашр расиданд.
Аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ҳамаи участкаҳои интихоботӣ, бо қонунҳои конститутсионӣ, санадҳои дахлдор, маводи конселярӣ, буклету тақвиму варақаҳо, мусаввараю шиору овезаҳо ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин гардиданд.
Бино ба гуфтаи раис, бо дастури КМИР, мутобиқи талаботи қонунгузорӣ аз ҳисоби шахсони масъул ва обруманди вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, доир ба интихоботи дарпешистода, бо овоздиҳандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда истодаанд. Ҳамчунин, аз тарафи намояндагони комиссияи ҳавзаи интихоботӣ барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши ҳуқуқии аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ ду семинари омӯзишӣ доир гардид.
Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии № 36 аз ҳизбҳои сиёсии кишвар 6 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ номнавис гардидаанд.
- Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар тамоми участкаҳои интихоботии ҳавзаи ҳудуди якмандатии интихоботии № 36 бо омодагии пурра ва дар доираи қонунҳои амалкунандаи конститутсионӣ ба таври шаффоф баргузор гардида, интихобкунандагон ба шахсони арзанда раъй хоҳанд дод. Зеро иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ баёнгари бетараф набудан дар тақдири минбаъдаи давлату миллат аст, - гуфт Қурбоншо Абдуллоев.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.2020 №: 32 Мутолиа карданд: 2558