logo

иқтисод

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. 1940 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: «Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18 - сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд».

Тавре Саодат Баҳоваддинова, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки аз аввали соли гузашта 4212 шаҳрванд ба раёсати агентӣ барои пайдо намудани ҷойи кор муроҷиат карда, аз онҳо 2351 кас, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмӯъ 1940 нафар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардид.
Бо мақсади рушди босамари захираҳои меҳнатӣ тавассути танзими ҷараёни ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии корҷӯён 390 нафар ба омӯзиши барномаҳои компютерӣ, ҳунарҳои дӯзанда, сӯзандӯз, қуроқдӯз, бофанда, қолинбоф, қаннод, ошпаз, муҳосиб, барқчӣ, кафшергар, ороишгари мӯй, кандакорӣ дар рӯи чӯб ва таъмиргари автомобил ҷалб шуда, 680 нафар тариқи худмаблағгузорӣ соҳибкасб гардид.
Барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор аз тарафи раёсат 16 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузоронда шуд, ки дар онҳо 53 корхонаю ташкилот ба корҷӯён 411 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод намуданд. Аз ин ҳисоб 152 кас бо кори доимӣ таъмин гардид ва 30 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифт. Дар асоси шартномаи тарафайн 90 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуд.
167 нафар, аз ҷумла сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргашта, нафарони аз маҳбас озодшуда ва шаҳрвандони аз кор ихтисоршуда ба маблағи беш аз 156 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ гирифтанд. Ба 65 шаҳрванд барои пешбурди соҳибкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба маблағи 196 ҳазору 800 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.
141 эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонистанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул кӯшиш намуда истодаанд, ки дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо истифода аз ҳамаи шароиту имкониятҳо ҷойҳои нави кор таъсис дода, ба ин васила ба боз ҳам баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намоянд.

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2020    №: 32    Мутолиа карданд: 929
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед