logo

иқтисод

СУҒД. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ АФЗУД

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷараёни суханронӣ дар нишасти хабарӣ оид ба натоиҷи  фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар соли 2019 иттилоъ дода, таъкид намуд, ки маҳз бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ дар вилоят раванди корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза пайдо кард.
Саҳми назарраси бахши хусусӣ мусоидат намуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар вилояти Суғд дар қиёс ба ду соли охир наздики ду баробар афзояд. Тайи як сол 102 корхонаи истеҳсолии рӯ ба содирот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, шароит фароҳам омад, ки  аз ин ҳисоб 1 ҳазору 455 ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад. Ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳибкорони ватанӣ тасмим гирифтанд, ки соли равон боз 130 корхонаи нави истеҳсолии маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунандаро ба истифода диҳанд.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо мамолики  узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3,4 дарсад ва ё 52,8 миллион доллар зиёд шуд. Моли саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд, асосан, ба Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Россия, Литва, Қирғизистон, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, ва Украина содирот шудааст.
Вилоят дар амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат низ қадамҳои ҷиддӣ мегузорад.  Соли гузашта корхонаҳои саноатии вилоят якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 12 миллиарду 888,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Суръати афзоиш нисбат ба соли пешин 12,9 дарсадро ташкил медиҳад. Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон дар заминаи хатҳои нави технологии инноватсионӣ  корхонаҳои замонавие мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки маҳсулоти онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабгори зиёд доранд. Ҷиҳати идомаи раванди саноатикунонии босуръат соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони калонтарин корхонаи саноатии тавлиди маҳсулоти кимиёӣ - намудҳои хокаи либосшӯӣ, собуни ҳарранга ва корхонаи азими истеҳсоли маҳсулоти нониву макаронӣ бо анборҳои ғунҷоишашон 50 ҳазор тонна гандум  оғоз ёфт. Ин корхонаҳо дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Интизор меравад, ки то ин ҷашни бузург дар ҳудуди вилоят бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ сохтмони корхонаҳои истеҳсоли техникаҳои рӯзгор (мошинҳои ҷомашӯйӣ, телевизору яхдон) низ ба роҳ монда шавад.
Татбиқи лоиҳаҳои аз худ кардани 30 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи дашти ноҳияи Ашт ва 15 ҳазор гектар дашти ноҳияи Деваштич оғоз ёфт.  Дар ояндаи наздик  дар ин ҷо боғҳои нави интенсивӣ доман паҳн карда, корхонаҳои муосири коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёд меёбанд. Дар минтақаи Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давоми ду - се сол 20 фабрикаи хурду миёнаи парандапарварӣ, дар ноҳияи Ашт дар масоҳати 46 гектар ҳавзи моҳипарварӣ ва корхонаи истеҳсоли консерви моҳӣ сохта мешавад.
Хабарнигорони нашрияҳои маҳалливу вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, телевизиону радио ва намояндагони агентиҳои иттилоотӣ ба пурсишҳо оид ба бемории короновирус, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, беҳбуд бахшидани фаъолияти кохҳои нави фарҳанги шаҳру навоҳии вилоят, амалишавии имтиёзҳо барои соҳибкорон, рушди соҳаи сайёҳӣ ва масъалаҳои дигар аз раиси вилояти Суғд посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2020    №: 33    Мутолиа карданд: 928
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед