logo

ҳуқуқ

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ТАЪМИНИ ИҶРОИ САНАДҲО БЕҲТАР МЕГАРДАД

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, дониши ҳуқуқӣ, одобу муоширати касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо охири ҳар моҳ машғулияти семинарӣ баргузор гардида, камбудиҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта, сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, диққати судяҳо ба риояи дақиқи меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ва таъмини баррасии саривақтии парвандаҳо ҷалб карда мешавад.

Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо зикри ин матлаб, ҳамчунин, изҳор дошт, ки дар соли гузашта дар Маркази таълимии судяҳо 9 судяи судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ва 15 корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, соҳиби сертификат гардиданд.
Бо мақсади таҳияи санадҳои судии асосноку қонунӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи дурусту ягонаи судӣ қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодӣ «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба шартномаи маҳсулотсупорӣ» ва «Дар бораи таҷрибаи татбиқи қонунгузорие, ки ситондани хароҷоти судиро вобаста ба баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ ба танзим медароранд», китоби «Намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиавии иқтисодӣ» ба чоп расида, дастраси  судяҳо гардид. Инчунин, дастурамал оид ба тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони русӣ  тарҷума ва дар шакли китоби алоҳида нашр шуд.
Гуфта шуд, ки соли сипаришуда дар сомонаи суд (www soi.tj) почтаи электронии ҳар як судяи Суди Олии иқтисодӣ  ҷойгир карда шуд, ки шахсони иштирокчии парванда имкон доранд, бо судя тавассути он корбарӣ намоянд.
Соли 2019 зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ аз ҷониби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ зиёда аз 5 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ ба Буҷети давлат ворид шуд. Доир ба рӯёндани маблағҳои зарар ва қарзи кредитӣ дар ҳамин давра ба маблағи беш аз 278 миллион сомонӣ қонеъ гардида, зиёда аз 6 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнда шуд. Оид ба рӯёндани ин маблағҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ варақаи иҷро ирсол шудааст. Таъмини иҷрои санадҳои судӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, тибқи маълумот соли сипаришуда зиёда аз 97 миллион сомонӣ ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарари ба давлат расондашуда рӯёнда шудааст.
- Дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ вазифадор шудааст, ки фаъолияташро боз ҳам тақвият бахшида, камбудиҳои ҷойдоштаро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, вобаста ба бартараф намудани онҳо, ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо оид ба ҷорӣ намудани омӯзиши мавзӯъҳое, ки барои судяҳо муҳиму ба талаботи рӯз мувофиқ, ба монанди, қонунгузории замин, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муносибатҳои қарзӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва дигарҳо рабт доранд, чораандешӣ намояд, - гуфт Мавлуда Қаландарзода.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2020    №: 33    Мутолиа карданд: 1034
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед