logo

ҳуқуқ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ ОИД БА КОҲИШ ДОДАНИ НАШЪАМАНДӢ

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, Агентии назорати маводи нашъаовар фаъолияти оштинопазири худро бар зидди коҷоқ, интиқол ва паҳншаии маводи мухаддир ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбиру чораҳои зарурӣ меандешад.
Ин матлабро Сатрина Одилбекиён, нозири шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ, зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистифодаи воситаҳои нашъадори ноҳия Фирдавсӣ баён дошт. Инчунин, дар кори шӯро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Фатҳиддин Усмонзода, масъулони соҳа ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат доштанд.
Зикр гашт, ки ҳамасола нақшаҳои солонаи муштараки ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар таҳия ва тасдиқ гардида, пайваста дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳу коллеҷҳо, корхонаҳо ва маҳаллаҳои ноҳия оид ба пешгирӣ ва оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб суҳбату вохӯриҳо гузаронда мешавад.
Дар се соли охир вазъи нашъамандӣ дар ноҳия рӯ ба коҳиш ниҳода, шумораи гирифторони он то 28,1 дарсад кам шудааст.
Ба гуфтаи масъулон, масъалаи дигари нигаронкунанда ин воридшавӣ ва паҳн гардидани намудҳои нави моддаҳои синтетикии нашъадор ба қаламрави кишвар мебошад. Афзоиши он рӯз то рӯз дар байни аҳолӣ ташвишҳи зиёдеро эҷод мекунад. Агар бори аввал соли 2006 як дона маводи синтетикии нашъадор дар намуди ҳаб мусодира шуда бошад, ҳоло  аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз 10 то 15 ҳазор дона чунин ҳабҳо мусодира мешаванд.
Вобаста ба ин, Сатрина Одилбекиён гуфт, ки соли гузашта танҳо аз тарафи кормандони агентӣ 5486 ҳаби психотропии синтетикӣ мусодира гаштааст, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 5322 адад зиёд мебошад.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2020    №: 33    Мутолиа карданд: 880
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед