logo

иқтисод

САНОАТ РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

Саноатчиёни мамлакат дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати инкишофи устувори минбаъдаи кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ, ки ҳадафи меҳварии давлату Ҳукумат аст, дар сархати фаъолияти худ қарор додаанд. Ҳамин аст, ки соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба соли пешӣ ба 13,6 дарсад расид. Назар ба соли пешӣ ба 3,8 миллиард сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 14,2, маъдани кӯҳӣ 17,7, масолеҳи сохтмон 14,3, саноати сабук 23,6, мошинсозӣ 29,6, табъу нашр 9, хӯрокворӣ 9,2, нафту газ 17,6 ва энергетика 19,6 дарсад афзуд. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоятҳои Суғд 12,9, вилояти Хатлон 13,2, ВМКБ 9,3, шаҳри Душанбе 21,2 ва НТҶ 41,1 дарсадро ташкил дод.
Тибқи маълумоти оморӣ, давоми соли гузашта аз 2164 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда (якҷо бо корхонаҳои хурд) 1887 корхона (87,2 дарсад) пурра фаъолият кард. 128 корхона (5,9 дарсад) ҳисоботи сифрӣ пешниҳод намуд, 149 корхона (6,9 дарсад) умуман фаъолият накард. Масалан, корхонаҳои «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» бо сабаби аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар набудани коркарди маъдани кони «Мушкистон», ҷудо нагардидани 5 гектар қитъаи замин ва мутобиқат накардани технологияи коркарди маъдан, ширкатҳои «ДИН ШИН ХЭ», «Союз Зар», «Исроил 11», «Ганҷ» ва КТ А/З «Одина» бо сабаби ба итмом расидани муҳлати иҷозатнома ва «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» бо сабаби надоштани воситаҳои гардон аз фаъолият бозмондаанд.
Ба хориҷи кишвар бештар алюминийи аввалия, маъданҳои тоза, семент, ангишт, намак, ресмони пахтагӣ, чарм, консерваи меваю сабзавот, шарбат ва афшураи меваю сабзавот, нахи пахта, масолеҳи рангубор, гаҷкартон, маҳсулоти дӯзандагӣ, профили алюминийи рӯйпӯш, қубур ва профили металлӣ, трактор, фториди алюминийӣ ва сангҳои ороишӣ ба фурӯш бароварда шудааст.
Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла дар соҳаи мошинсозӣ 38, дар саноати сабук 53, дар соҳаи масолеҳи сохтмон 50, дар саноати хӯрокворӣ 62, дар саноати маъдан 2, дар соҳаи табъу нашр 5 ва дигар соҳаҳо 8 корхона, ба фаъолият шурӯъ кард.
Корхонаҳои нав асосан равғани рустанӣ, тахтасанги мармарӣ, мебел, пахтаи тиббӣ, маводи доруворӣ, маҳсулоти трикотажӣ, қаннодӣ, филизӣ, қолинӣ, кандакорӣ, собун ва маводи шустушӯӣ, қубури пластикӣ, шуруп, мурват, пармамехи гуногун, халтаи полипропеленӣ, маводи полиграфӣ, қуттии қоғазӣ, ҳасиб, асбоби барқӣ, ҷуроб, макарон, қуму шағал, орд, меваи хушк, шири холис, қубури асбестӣ, гӯшти мурғ, ноқил, арматура, либоси мактабӣ ва масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол менамоянд.
Бо мақсади дастгирии молистеҳсол-кунандагони ватанӣ ва пасттар намудани нархи либоси мактабӣ фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои ватанӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд.
Алҳол саноатчиёни кишвар ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз иқтидорҳои истеҳсолӣ истифода намуда, мақсад доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёд, рушди содироти кишварро таъмин кунанд ва Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо комёбиҳои назаррас истиқбол гиранд.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2020    №: 34    Мутолиа карданд: 859
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед