порлумон
ВМКБ. НОМЗАДҲО БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДАНД
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бомаром идома доранд.
Дар иртибот ба пешбарӣ ва бақайдгирии вакилон, котиби комиссияи ҳавзавии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Хоруғ № 41 Хусравбек Рақамов гуфт, ки комиссия фаъолияти худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати озоду шаффоф баргузор шудани интихобот тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар ҳудуди ҳавза 124 участкаи интихоботӣ таъсис ёфта, бо маводи зарурӣ таъмин гардиданд. Инчунин, ҳайати комиссияи участкаҳои интихоботӣ таъйин гашта, рӯйхати аниқи интихобкунандагон тартиб дода шуд ва барои чопи бюллетенҳои овоздиҳӣ ба матбаа супориш ирсол гардид.
Мутобиқи талаботи моддаи 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 9 феврал бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ ба охир расид. Ҳамин тавр, дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Хоруғ рақами 41 Гиёзода Азиз Қодир, собиқ раиси ноҳияи Шуғнон (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), Саодатқадам Паҳлавоншанбиев, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон (худпешбарӣ) ва Тагайбек Газибеков, сардухтури табобатхонаи касалиҳои дили вилоят (худпешбарӣ), ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба қайд гирифта шуданд.
Тавре раиси комиссияи ҳавзавии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ рақами 40 Ёдгор Шеров иттилоъ дод, дар ҳавза Қодири Қосим, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ҲХДТ), Абдуласан Мамадасанов, сардори раёсати кишоварзии вилоят (Ҳизби аграрии Тоҷикистон) ва Раҳмиаллоҳ Нуруллоев, сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Дарвоз (худпешбарӣ), чун номзад сабт гаштанд.
Айни ҳол, тибқи нақшаи тасдиқшуда, вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон ҷараён доранд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.02.2020 №: 34 Мутолиа карданд: 2197