номаҳо
ЧӢ МЕХОНӢ? ПОРИНА?
Дар ҳисоботи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод барои соли рафта омадааст, ки давоми соли 2019 дар бахши фарҳанг аз ҳисоби муассисаҳои клубӣ 225 чорабинӣ ва аз тарафи китобхонаҳои оммавӣ 690 чорабинии фарҳангиву фароғатӣ бахшида ба ҷашну идҳо гузаронда шудааст. Вале мо шумори чорабиниҳои болозикрро мадди назар намуда, танҳо ба он чорабиниҳое, ки давоми моҳҳои октябр - ноябри соли 2019 дар толори қасри фарҳанг гузаронда шудаанд (рӯзҳои забони давлатӣ, Фалак, 25 - солагии Конститутсия, Президент, милитсия ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) назар андозем бас аст бифаҳмем, ки ин ҳама қолабию анқариб такрориянд.
Қисмати фарҳангии ин чорабиниҳои сиёсиро санъаткорони ҷавон бо сурудҳои пучмағз ва бемаънии тӯёнаи хеш, ба қавли худ бо як кадхудоӣ оро доданд. Ин маъракаҳоро аҳли толор ба кӯрбазми тӯёна қиёс карда, пайваста мегуфтанд, ки ин сурудҳоро аз ёд кардем, охир, боз ҳамон се сарояндаву як раққоса.
Андешаи инҷониб чунин аст, ки хуб мебуд агар ба ҷои зулфи ёр қамчин, рӯи ёр нозанин, лаби ёр шакар, васфи Ватан, ваҳдат, Истиқлолияти давлатиро тараннум намоем.
Бахтовар ҚАЛАНДАРОВ,
ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.02.2020 №: 34 Мутолиа карданд: 3506