logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ДУ МОДАР ПОРАЕ АЗ ҶИГАРҲОИ ХУДРО БА ФАРЗАНДОНИ ЯКДИГАР ДОДАНД
Бори нахуст дар Тоҷикистон  табибони тоҷик бо сарварии  доктори илмҳои тиб Шарифмаҳмуд Исмоилзода ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар аз донорҳоро  анҷом доданд.
Барои наҷоти фарзандони хеш Рухшона Аҳмадова - сокини шаҳри Ҳисор як пораи ҷигарашро ба духтари Зарнигор Сангова -  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе  ва Зарнигор пораи ҷигари худро ба духтари Рухшона доданд. 
Рухшона баъд аз ҷустуҷӯи тӯлонӣ тавонист барои наҷоти духтари даҳсолааш донор пайдо кунад. Рӯзе бахташ омад карду дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон  модареро вохӯрд, ки ӯ низ барои  духтараш донор меҷуст. Ташхиси тиббӣ нишон дод,  ки ин модарон метавонанд барои наҷоти духтарони якдигар донори зинда бошанд. 
«Панҷ сол дар азоб будем. Духтарамро қариб аз даст медодам. Гурӯҳи хуни ҳеҷ кадоме аз аъзои хонавода ва хешони наздик ба гурӯҳи хуни духтарам мувофиқ наомад ва аз ин сахт ноумед шуда будам. Ба ин марказ омадам ва дар ҳамин ҷо бо Зарнигор шинос шудам. Қисме аз ҷигарамро ба духтари ӯ ва ӯ қисми ҷигарашро ба духтари ман дод», - нақл кард Рухшона.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Падарам қасри ишқ бино намекард. Ӯ ғами сохтани чунин қасрро ҳам надошт. Боиси ғамғории ӯ, қасри ӯ ва он чӣ ашъорашро ғизо медод, хонаву ҷой, оилаву фарзанд, авулу асп, мамлакату ҷаҳон, замину осмон, офтобу моҳтоб, борон ва сабзаву дарахтон буд.
* * *
Гӯё, ки аз ҳавас ба лаб оҳе намондааст,
Дар дидаи умед нигоҳе намондааст.
Аз офтоб абр рабудаст сояро,
Ғайри ғубор ёр ба роҳе намондааст.

Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 7 феврали соли 2020

Абдулҳамид Самад
Мирзоабдулқодири Бедил

Масъули рубрика ЗУЛОЛА БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

САВОЛҲО БАРОИ ҲОЗИРҶАВОБОН
1. Бонувон аз ҳама бисёртар кадом вақт гап мезананд?
2. Калимаи русии «Ласточка» (досак) бо чанд аломат навишта мешавад?
3. Як тухм дар 4 дақиқа мепазад. 5 тухм дар чанд дақиқа мепазад?
4. Номи дарёеро гӯед, ки аз як рақами математикӣ ва асбоби мусиқӣ иборат бошад.
5. Рӯймоли  андозааш 2х3 - ро ба об партоянд, чӣ ҳодиса рух медиҳад?
6. Панҷ шамъ месӯхт, дутоашро хомӯш карданд. Чанд шамъ боқӣ монд?

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор, сокини ноҳияи Муъминобод

Ҷавоб ба филворди «Дарё ва чашмаҳои шифобахш», аз 7 феврали соли 2020

Тандикӯл, Зарафшон, Қизил-су, Пушиён, Ёс, Навбедак, Сир, Бартанг, Явроз, Хавотоғ, Шоҳдара, Андароб, Хоҷасангхок, Хингоб, Ғунд, Яхсу.

Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


ПУЛ САБАБИ ДАРДУ АЗОБ?
Муаллими риштаи бонкдорӣ ба донишҷӯён дар бораи хосиятҳои пул дарс гузашта, аз ҷумла гуфт, ки пул аксаран сабаби азобу дард аст. Донишҷӯе, ки медонист худи устод дар бонк пули зиёд дорад, пас аз  дарс ба ӯ бо чунин мазмун нома навишт:
- Тавре аз дарс фаҳмидам, пул муъҷиза нест. Он дар аксари ҳолатҳо сабаби дарду азоб будааст. Ҳамчун дӯст мехоҳам дарду азобро аз шумо дур  созам. Пулҳоятонро ба ман фиристед. Бигузор ман ба ҷойи шумо азоб бикашам.
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ


ҚОИДАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ВА ҶАРИМАҲОИ ҲАНГУФТ
Дар ҳолати мастӣ сари чамбарак нишастан дар Ҷопон 9000 доллар ҷарима дорад. Барои гузаштан аз чароғаки сурх ронанда  420 доллар ҷарима ва 6 моҳ ҳабс мешавад. Барои набастани тасмаи бехатарӣ бошад, ронандаро  450 доллар ҷарима интизор аст.
* * *
Ҷарима барои бо суръати баланд ҳаракат кардан дар Олмон 600 евроро ташкил медиҳад. Барои гузаштан ҳангоми сурх будани чароғаки роҳнамо  360 евро ва истифодаи машруботи спиртӣ 3000 евро ҷарима ситонда мешавад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


10 ИҚТИСОДДОНИ БУЗУРГТАРИНИ ҶАҲОН
Феҳристи «10 иқтисоддони бузургтарини ҷаҳон»-ро муассисаҳои тадқиқотию омӯзишӣ, бахшҳои алоҳидаи ширкатҳои муқтадир, равияҳои иқтисодӣ ва олимони иқтисод алоҳида борҳо тартиб додаанд. Ва дар аксари кулли феҳристҳо Карл Маркс ва Ҷон Мейнард Кейнс мавқеи меҳварӣ доранд. Ин матлаб асосан бо такя ба асари Йозеф Шумпетер (олими Австрия) «Даҳ иқтисоддони бузурги ҷаҳон: аз Маркс то Кейнс» ва феҳристи муштараки тартибдодаи олимони соҳа (Тодрес, Де Винне, Майклсон, Раскин, Громковский, Байер, Воеводин ва дигарон) таҳия шудааст.

1. Адам Смит (1723 – 1790)
Смит ҳамчун «одам»-и аввали иқтисод, поягузори назарияи классикии иқтисодӣ ва илми иқтисод бо ғояи аҷиби «дасти ноаёни бозор» машҳур шудааст. Ӯ ин ғояи пурмухолифатро мухтасар чунин шарҳ додааст: «барои мақсадҳои тамаъкорӣ кӯшида, кас на танҳо худ сарватманд мешавад, балки сарвати ҷомеаро афзун мекунад».
Донишгоҳҳои Глазго ва Оксфордро хатм карда, пас дар донишгоҳҳои Эдинбург ва Глазго ба донишҷӯён дарс додааст. Маҳз раванди омодагӣ ба лексияҳо ба ташаккули ғояҳои иқтисодии Смит такони ҷиддӣ бахшид.
Ғояҳои Смит то имрӯз мавриди баҳсҳои тезутунд қарор доранд. Аз афташ, ифодаи дағали «моро на ягон идеяи олӣ, балки ҳирсу тамаъ барои гирд овардани сарват таҳрик медиҳад», ба бисёриҳо маъқул нест ва зарбаи мудҳишест ба эҳсоси худпарастии сарватмандон. Смит чӣ гуна амал кардани иқтисод дар шароити иқтисодиёти озод ва монеаҳои асосии онро дақиқу муфассал таҳқиқ намуда, дар асари машҳури «Сарвати халқҳо» назарияи  худро дар бораи рушди иқтисоди озод, нақши мусбати иҷтимоии тамаъҷӯии инфиродӣ, хоса нақши тақсимоти меҳнатро дар тавсеаи бозор, афзоиши самаранокии истеҳсолот ва некуаҳволии миллӣ ташаккул дод ва асоснок кард.
Таҳияи С. ФАРЗОНА


СМАРТФОН БАРОИ НОБИНОЁН
Дар Ҳиндустон аввалин смартфон барои нобиноён ё қувваи биноиашон суст ба фурӯш бароварда шуд. Дастгоҳ бо «экрани» худ аз шабакаи мухобиротии Брайл (истифодаи смартфон тариқи ламс) фарқ мекунад.
Дар смартфон технологияи Shape Memory Alloy насб шудааст, ки ба эффекти хотираи шаклӣ асос ёфтааст. Агар ҳангоми истифода смартфон тафсон шавад, пешакӣ огоҳ мекунад.
Экрани смартфон, агар онро экран номидан мумкин бошад, шабакаи алоқаҳоро (контактҳоро) аз боло ба поён ҷойгир мекунад. Ин шабака алифбои Брайл буда, дар он алоқаҳои мухталиф барои ҳарфҳо ва аломатҳои муайян масъуланд.
Экран метавонад матни одии дорои ҳарфҳои ба ҳама шиносро ба Брайл ва баръакс тарҷума кунад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Шаляпин
Баробари ба охир расидани консерт, як ҷавонзани зебои болобаланд, ки, ба гумони ғолиб, аз мухлисони ашаддии Шаляпин буд, якбора бархоста, ҷониби саҳна бо тамоми овоз дод зад:
- Маэстро, ниҳоят, ман шуморо аз наздик шунидам, акнун, метавонед беармон бимиред.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


БА МИРРИХ ПАРВОЗ МЕКУНЕМ
«Тавонмандии инсон беканор аст. Акнун ба Миррих (Марс) парвоз мекунем».  Муассиси ширкати машҳури ҷаҳонии SpaceX - Элон Маск дар саҳифаи твиттераш баъди ин навиштааст, ки аввалин парвоз ба сайёраи Сурх, яъне Миррих соли 2022 сурат мегирад. Арзиши нахустчиптаҳо барои сайёҳон 500 ҳазор доллар хоҳад буд. Баъдан нархи он то 100 ҳазор доллар поин мефарояд (бозгашт ройгон аст). Чӣ гуна ҷараён гирифтани парвоз аз ҷониби ширкат шарҳ дода шудааст. Парвоз дар ду сол як маротиба анҷом дода мешавад ва ду миллион доллар маблағи харҷ дорад. Ба гуфтаи Элон Маск, барои бунёди шаҳрак дар Миррих, ки метавонад мустақилона фаъолият намояд, тақрибан ҳазор киштии Starship ва ба ҳисоби миёна се миллион тонна масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот зарур аст. Интиқоли бор бо киштии кайҳонӣ 20 сол тӯл мекашад. Аммо азбаски масофаи миёни Замин ва Миррих наздик шуда истодааст, рафтуомад баъди солҳо осонтар мегардад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК 


ҚИССАИ СЕБ
Ё ЧӢ ТАВР НЮТОН МАЪРУФ ШУД?
Мо медонем, ки Исҳоқ Нютон, физики машҳури ҷаҳон қонуни ҷозибаро кашф кардааст. Қиссааш чунин аст…
Рӯзе зери дарахти себ менишаст, ки  ногаҳон ба сараш себ афтод. Аз зарбаи мева нахуст сахт асабӣ шуд, аммо баъдан андешид, ки сабаби афтиши ҷисмҳо ба замин аз чист? Ҳамин тавр, қонуни умумиҷаҳонии ҷозибаро ба ҳама ошкор кард.
Аҷибаш он ки ҳамин дарахт ҳанӯз ҳам побарҷост ва гирди онро бо панҷараи оҳанӣ иҳота кардаанд. Ҳарчанд дарахт кам мева медиҳад, аммо сайёҳон ҳар як себи онро бо нархи гарон мехаранд. 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ЛОМОНОСОВ
Ашрофзодае, ки ба  академия ташриф оварда буд, либосҳои хоксоронаи Ломоносовро дида, хост ӯро ба нодорӣ муттаҳам созад ва бо киноя пурсид:
- Лутфан, бигӯед, оё рост аст, ки зери  камзӯл пинҳон кардани остини хӯрдашудаву сӯрох нишонаи хирадмандӣ аст?
- Не, аълоҳазрат, вале зери остини нафари дигар назора бурдан, яқинан, нишонаи аблаҳист.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ИСЁНИ КУҲАНСОЛОН
Дар хонаи пиронсолони Эйберҷӣ (Британияи Кабир) куҳансолон аз сифати пасти ғизо ҳамеша шикоят мекарданд, вале «пушти ману табари қассоб» гӯён сарошпаз ба ин аҳамият намедод ва пинакаш вайрон намешуд. Баъзе аз мӯйсафедони бадҷаҳли асабӣ сарошпазро гаравгон гирифта, дар сардхона нигаҳ доштанд. Баъди он ки хунукӣ аз ҷавшани ҷонаш гузашт, сарошпаз қасам хӯрд, ки дигар аз ҳаққи онҳо намехӯрад ва аз рӯи фармоишашон хӯрокҳои бомаза мепазад. Сарошпазро озод намуданд. Баъди як ҳафта маъмурият хонаи пиронсолонро баст ва нафақахӯрони исёнгарро ба дигар хонаҳо тақсим кард.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


СОКИНОНИ КАДОМ КИШВАРҲО НАФАҚА НАМЕГИРАНД
ГАНА
Системаи нафақаи Гана ба ду шоха ҷудо шудааст. Яке аз онҳо марбут аст ба Фонди миллии суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ. Он бо категорияи бештари шаҳрвандон, аз ҷумла кормандони сектори хусусӣ ва давлатӣ, фермерҳо, тоҷирон ва моликони соҳибкории хурд фаъолият мебарад. Шохаи дуюм бо пардохти нафақа барои низомиён, политсия ва баъзе соҳибмансабон машғул мешавад.
Ҳар ду барнома бо маблағ талаботи 10 фоизи қувваи кориро таъмин менамояд. 90 фоизи аҳолии боқимондаи Гана дар пиронсолӣ аз ҷониби давлат ягон дастгирӣ намеёбанд. Сабаби асосии он сатҳи пасти ҳифзи иҷтимоӣ - саҳми баланди иқтисоди пинҳонӣ мебошад. Ғайр аз ин, ба иллати таварруми калон пул дар фондҳои давлатӣ зуд беқурб мегардад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


РӮЗНОМА НА ТАНҲО БАРОИ МУТОЛИА
Муҳандиси амрикоӣ Элис Стенман соли 1922 бо бунёди хонаи ғайриодие ҳамагонро ба ҳайрат гузошт. Ӯ рӯзномаҳоеро, ки барои мутолиа мегирифт, ҷамъ овард ва тавассути ширеш бо усули махсус бо ғафсии 2,5 сантиметр часпонда, хонае бино намуд. Сипас, барои ҳимоя аз барфу борон бо лаки баландсифат онро ранг кард. Аҷибаш ин аст, ки ҷиҳозҳои дохили хона, аз ҷумла мизу курсӣ, рафҳои китоб, ҳатто парда ва соатро аз рӯзномаву маҷаллаҳо  сохта буд. Танҳо чизе ки  аз чӯб ба назар мерасид, пианинои нодираш буд, ки барои якранг будан онро низ бо саҳифаҳои рӯзнома зинат дод. Бо гузашти солҳо қабати болоии девори бино фарсуда шуда,  навиштаҳои ҷолиби зиёда аз 90 сол қабл дар рӯзномаҳо нашршуда намоён гардиданд. Хонаи мазкур дар шаҳри Рокпорти иёлати Массачусетс ҷойгир буда, ҳамасола диққати сайёҳони зиёдеро ба худ ҷалб мекунад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ДОРОӢ ВА ШИКВА
Ҷавоне пайваста аз зиндагӣ шикоят мекард:
- Барои чӣ комёб нестам. Дигарон мошину хона доранд ва соҳибилманд, аммо, ман чӣ? Зиндагӣ маро нодида мегузарад!
Боре аз қазо пирамарди маъюбе, ки ду асобағал таги китф дошт, нолидани ҷа-вонро шунида, пурсид:
- Оё розиӣ, ки ба ивази як миллион пой ва ё дастатро ба ман фурӯшӣ?
- Не, албатта!
- Чашматро чӣ?
- Агар даҳ миллион диҳӣ ҳам, розӣ намешавам! – бо ғазаб посух дод ҷавон.
- Дидӣ писарам! Чизеро, ки ту дорӣ, ман ба 10 миллион харида наметавонам, аммо меноливу  аз ноомади зиндагӣ ва камбағалӣ шикоят мекунӣ. Беҳ аст, ки ҳаракат намоӣ, то дороиҳоеро, ки Парвардигор ба ту додааст, дуруст истифода бурда тавонӣ.
Таҳияи А. САЙФУЛЛО


ҲАЙБАТИ СУРАТИ СТАЛИН
20 июли соли 1944 Уинстон Черчилл ҷаласаи Шӯрои миллии мудофиаи Британияи Кабирро раисӣ мекард. Ногоҳ дар боз шуд ва афсари амният ба Черчилл номаи коғазпечро дароз кард. Вазирон дар болои нома навиштаҷоти русӣ, бо нишон ва суроғаи ВКХ Иттиҳоди Шӯравиро дида, ҳама дам даркашиданд. Черчилл номаро боз кард ва коғазеро, ки дар он  Иосиф Сталин бо либоси ҳарбии пур аз ордену медал ва  дар дасти росташ чун ҳамеша чилим моил ба  табассум мунъакис шуда буд, берун овард. Дар номаи муҳрпеч дигар чизе набуд. Хомӯшӣ ва ҳолати ноҳинҷоре тамоми аҳли ҷаласаро фаро гирифт. Черчилл қавоқ андохта, хомӯшона дар назди тиреза сигор мекашид.
- Ин чӣ маъно дошта бошад, ҷаноби сарвазир? - ахиран ҷуръат карда хомӯшии тӯлониро шикаст касе.
Черчилл дудро аз даҳонаш сар доду ҳатто ба сӯи аҳли маҷлис нигоҳ накарда, гуфт:
- Маънояш содаю равшан, ҷанобон. Неруҳои шӯравӣ фашистонро аз хоки худ ронда, ба Аврупои Шарқӣ дохил шуданд.
Таҳияи М. НАЗРУЛЛО, донишҷӯ


10 ФИЛМИ ТАСВИРИИ СЕРДАРОМАД
Мусаллам аст, ки филмҳои тасвирӣ шавқовару марғуб таҳия мешаванд. Ҳамин аст, ки онҳоро на танҳо кӯдакон, балки калонсолон низ дӯст медоранд. Ба ҳамин хотир мо тасмим гирифтем, ки дар бораи 10 филми тасвирии сердаромад ба муштариёни рӯзнома маълумот манзур намоем.
10. «Шрек 2» (Shrek 2)
«Шрек 2» - филми тасвирии компютерии дарозметра, ки соли 2004 аз тарафи Киностудияи «Dreamworks Pictures» ба навор гирифта шудааст. Муаррифии он 19 майи соли 2004 дар Кинофестивали Канн (Фаронса)  баргузор шуда, мунаққидон ба таҳиягаронаш баҳои баланд доданд.
Буҷети филм 150 миллион доллари ИМА буда, маблағи ҷамъовардаи он аз намоиши ҷаҳонӣ 919 838 758 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Филми тасвирии «Шрек 2» дар қатори 50 филми сердаромадтарини ҷаҳон қарор дорад.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ОДАМОНИ МАЪРУФЕ, КИ ИСТЕЪДОДИ ОНҲО ПАС АЗ ФАВТАШОН ЭЪТИРОФ ГАРДИДААСТ
5. Грегор Иоҳанн Мендел
Олими австриягӣ асосгузори генетикаи муосир Грегор Иоҳанн Мендел танҳо пас аз маргаш маъруф гардидааст. Ӯ қонуни асосии ирсиятро дар натиҷаи таҷриба бо нахуд дар боғи худ кашф намуд, аммо ин кашфиёти нодири ӯ барои ҳаммаслакону олимон нофаҳмо буд. Касе кори ӯро ҷиддӣ қабул намекард. Танҳо бо гузаштани чанд сол пас аз маргаш кори илмии Мендел маъруфият пайдо карда, асоси илмӣ доштанаш исбот гардид. Айни замон, ду қонуни ба илми генетика (ирсият) вобаста, ба шарафи ин олим номгузорӣ шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


БЕРНАР АРНО - САРВАТМАНДТАРИН ФАРДИ ҶАҲОН
Бернар Арно феҳристи сарватмандтарин фарди солро тағйир дод, зеро давоми чанд соли охир  Амазон Ҷефф Безос бо дороии 115,6 миллиард доллар дар садри ин феҳрист қарор дошт.
Тибқи гузориши маҷаллаи Forbes ҳоло сарватмандтарин фарди ҷаҳон соҳибкори фаронсавӣ, президенти ширкатҳои Louis Vuitton, Moеt Hennessy, Bernard Arnault Бернар Арно мебошад. Тайи чанд соли охир Бернар Арно дар ин феҳрист, дар ҷойҳои чорум, даҳум ва ёздаҳум қарор дошт.
Тибқи маълумот, дороии соҳибкор 117 миллиард доллар аст. Амазон Ҷефф Безос бо 115,6 миллиард доллар дар ҷойи дувум ва Билл Гейтс бо 110,6 миллиард доллар дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2020    №: 34    Мутолиа карданд: 1049
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед