logo

фарҳанг

ПАЁМИ ПЕШВО ВА ТАҲКИМИ МАЪНАВИЯТ

Аз он замоне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 19 ноябри соли 1992) ҳамчун Сарвари кишвар ба кор шурӯъ намуданд, яке аз муҳимтарин амалашон, дар баробари идораи кишвар, дар моҳҳои аввал такрор ба такрор хондани китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» буд. Пешвои миллат бо омӯхтани китоби «Тоҷикон» ва баъдан садҳо асарҳои дигари таърихӣ, илмӣ ва адабӣ, роҳу равиши худшиносиро воқеъбинона ҷуста ба таври мантиқӣ давраи Сомониёнро ҳамчун бунёди фарҳанги тоҷикон ва шаклгирии забони тоҷикӣ муносиб донистанд. Дар раванди таҷлили 1100 - солагии Давлати Сомониён (соли 1999) мардумро талқин намуданд, ки худшинос, миллатдӯст бошанд. Яъне таърихи ниёгонро биомӯзанд, аз он сабақ бигиранд ва барои амалӣ намудани он бояд китоб хонанд.

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Бахусус  дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди техноло-гияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Сарвари давлат дар ин маврид бо ҷиддият ёдовар шуданд, ки таърихи пурифтихори пешинаи хешро бояд бидонем. На танҳо бидонем, онро барои наслҳои ҷавон низ биомӯзонем. Ин андешаи некро дар марҳалаи навини давлатсозӣ боз як иқдоми дигари маънавӣ метавон гуфт.
Суханони Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ, воқеан, некбинонаанд. Пас аз мушкилоти зиёди солҳои ҷанги таҳмилӣ бартараф сохтани монеаҳо дар пешрафти кишвар ва оғози созандагиҳои навин Сарвари давлат мехоҳанд, ки бо амалу суханҳои раҳнамунсози худ мардумро ба таври ҷиддӣ ба андешаи миллӣ ва ватандӯстона даъват намоянд. Ин фақат аз тариқи мутолиа ва омӯхтани китоб амалӣ хоҳад шуд. Барои ин ба таври мунтазам баргузор намудани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ….»,  «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва билохира тақдими китоби «Тоҷикон» - и Б. Ғафуров ба ҳар як хонавода, дарвоқеъ, идомаи раванди маърифатпарварӣ аст. Ба гуфтаи Пешвои миллат, мо бояд бо амалӣ намудани ин корҳо гузаштаи неку пурифтихори худро бидонем: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем». 
Ин аст амали нави созандаи Пешвои миллат. Пас аз ин гуна гуфторҳои некбинона ҳар як зиёӣ бояд хомӯш нанишинад. Тавре ки дар мулоқот ва суҳбатҳо борҳо ишорат кардаанд, китоби «Тоҷикон» барои донистани таърихи ниёгон, сиёсати ҳукуматдорони гузашта, хатоҳо ва пирӯзиҳои садаҳои пешин, бахусус созандагии фарҳанги миллӣ дар мисоли хонаводаи Сомониён ва то аввали садаи ХХ, сарчашмаи нодир аст. Акнун ҳар зиёиро лозим аст, ки ҳам бо пиндор, ҳам бо гуфтор, ҳам бо рафтор ва ҳам бо навиштор дар канори Пешвои миллат бошад.
Китоби «Тоҷикон» асари илмӣ аст. Дар он қариб 1800 сарчашма ва асарҳои илмӣ бо чандин забон ба кор рафтааст. Ин асари беназир барои шинохти тоҷикон сарчашмаи беҳамто мебошад. Дар он маводи гуногуни илмии таърихи қариб 50 - ҳазорсолаи бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, таърихнигорӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, адабиётшиносӣ, ҷомеашиносӣ,  фолклоршиносии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар асоси маводи зиёди илмӣ, ба гуфтаи Пешвои миллат, «Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард».
Баъзеҳо гумон мекунанд, ки чаро як асари сирф илмӣ ба ҳар хонавода тақсим шавад? Мардум онро хонда оё мефаҳманд? Назарҳо мухталифанд. Аммо таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар гузаштаҳо дар таги болини кӯдаки навзоди худ китоб мегузошт. Аз қадим ба китоб эҳтиром дошт. Имрӯз бо доштани китоби «Тоҷикон» дар дили ӯ нисбат ба миллати худ муҳаббату худогоҳӣ пайдо мешавад. Ҳар хонаводаи тоҷик дар марҳалаи аввал ҳатман китобро варақ мезанад. Кунҷкобона баъзе саҳфаҳои онро мехонад. Зимнан, ҳангоми варақ задан дар зеҳнаш саволе пайдо мешавад ва ҳатман онро аз омӯзгоре мепурсад. Дар байни хонандагон мубодилаи афкор сурат мегирад. Ҳамин тавр, ҳатман рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ, сол ба сол мардум аз китоб баҳраҳо мебаранд. Дигар ин ки дар ҳар хонаводаи тоҷик 3 - 4 ва аз он бештар фарзанд аст. Фарзандон, ки ба синни мактабӣ расиданд, ҳатман ба муассисаи таълимӣ мераванд. Имрӯз фарзанди тоҷик, ки дар синфи якум мехонад, аз тариқи алифбо Қаҳрамонҳои Тоҷикистон – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемурро мешиносанд. Омӯзгор ба таври мухтасар дар бораи қаҳрамонҳо маълумот медиҳад. Яъне, аллакай, ҳар хонаводаи тоҷик дар канори қаҳрамонҳои дигари Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро низ медонад.
Пас аз он ки китоб ба ҳар хонавода расид, мо - зиёиён агар ин миллат ва кишварро дӯст дорем, бояд ором нанишинем. Дар гузарҳо, маҳалҳо, ноҳияҳо, муассисаҳои таълимӣ ин иқдоми некро бояд фаҳмонем. Такрор ба такрор бояд бигӯем, ки ин барои донистани таърихи миллати мо муҳим аст. Пас аз он ки китоб ба ҳар хонавода тақдим шуд, мо бояд бештар кор кунем. Дар муассисаҳои таълимӣ семинарҳо, маҳфилҳо, мубоҳисаҳо ва дар асоси китоби «Тоҷикон» озмунҳо гузаронем. Агар ин корро анҷом диҳем, ҳар хонавода, ки ҳатман фарзандаш дар мактаб таҳсил менамояд, аз мазмуни китоб огоҳ мешавад.
Пешвои миллат ба таври мунтазам дар омӯзиш ва пажӯҳиши таърихи гузаштаи тоҷикон ҳастанд. Ба ҳар сарчашмае, ки вобаста ба миллат ва кишвар арзиши таърихӣ дорад, ҳатман таваҷҷуҳ менамоянд.
Дар охири Паём Пешвои миллат бо муҳаббат, самимият ва меҳри миллат ва Ватан ҳозиринро дар ҳамбастагӣ ба обод намудани Тоҷикистони азиз даъват карданд. Зимнан, таъкид мекунанд, ки барои наслҳои оянда аз худ як кишвари дӯстдоштанӣ ба мерос гузорем: «Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Аз ин Паёми Пешвои миллат метавон чунин бардошт кард, ки Тоҷикистон, дарвоқеъ, хонаи умеди ҳар фарди китобхон, бомаърифат, созандаю ободгари миллат, ҳар як шаҳрванд, ҳамватану ҳамзабони бурунмарзӣ аст, ки онҳо бояд пайраву идомадиҳандаи ин гуна инқилоби маънавӣ бошанд.

Равшан РАҲМОНӢ,
профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2020    №: 35    Мутолиа карданд: 769
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед