порлумон
МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. КМИР 108 НАФАРРО АККРЕДИТАТСИЯ КАРД
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият ва ошкоро баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ 108 нафар мушоҳиди байналмилалиро аккредитатсия намуд.
Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии КМИР қарори дахлдор қабул гардид, ки тибқи он мушоҳидони байналмилалӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва як қатор сафоратҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон аккредитатсия шуданд.
Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳамин нишаст, баъд аз омӯхтан қарори комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддин Балхӣ № 30 аз 6 феврали соли 2020 № 4 – ро бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор намуд. КМИР зимни омӯзиши қарори комиссияи ҳавзавии номбурда ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи А. Каримов муайян намуд, ки ҳангоми сабтином синни ӯ ба 30 нарасида буд.
Ҳамчунин, бо ду қарори дахлдори худ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гарави интихоботӣ ба шаҳрвандон З. Солиҳов ва А. Садировро, ки ҳуҷҷатҳои худро барои бақайдгирӣ ба сифати номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаҳои интихоботии Файзобод № 11 ва Қубодиён № 31 пешниҳод карда буданд, баргардонд.
Қобили зикр аст, ки аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ ҳанӯз идома дошта, интизор меравад, ки то рӯзи интихобот шумори зиёди мушоҳидон аз дигар созмону кишварҳои олам вориди Тоҷикистон шаванд.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2020 №: 35 Мутолиа карданд: 2194