номаҳо
"ҶУМҲУРИЯТ" ДАРДИ ДИЛИ МОРО НАВИШТААСТ
Мо, сокинони деҳоти Урметану Дар - Дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар рӯзномаи оммавии мамлакат – «Ҷумҳурият» (17 январ, № 14) матлаби рӯзноманигор Мирзо Қулов «Урметан. Вақте оби полизӣ намерасад…» - ро хонда, ҳам аз муаллиф ва ҳам аз кормандони «Ҷумҳурият» хеле миннатдор шудем.
Дар ин матлаб, ҳақиқатан, дарди дили мардуми деҳоти Урметану Дар - Дар дарҷ гардидааст, яъне мушкиле, ки солҳои дароз сокинони ин ҷамоатҳоро ташвиш медиҳад. Бунёди зеристгоҳи Урметан ҳам рӯшноии босифат хоҳад буду ҳам ҳосили фаровон. Умед дорем, ки баъди чопи ин мақола масъулони идораҳои дахлдор ахиран беравоиро як сӯ гузошта, барои рафъи мушкили мо камари ҳиммат мебанданд.
Ё. РАҲИМОВ, Ҷ. ҶУМЪАЕВ, Н. АМОНОВА,
А. АБДУЛЛОЕВА, сокинони деҳоти Урметан
ва Дар - Дари ноҳияи Айнӣ (ҷамъ 41 имзо)
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2020 №: 35 Мутолиа карданд: 3679