logo

фармонҳои президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Исматуллозода Ш. И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 феврали соли 2020, № 1455


ИСМАТУЛЛОЗОДА Ширин Исматулло
14 марти соли 1970 дар  ноҳияи  Ҳисор таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1992  Университети давлатии Тоҷикистон, соли  2011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  (ғоибона)   хатм кардааст, ихтисосаш забоншинос, ҳуқуқшинос, доктори илми филология, донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ.
Кор ва фаъолияти  собиқа: солҳои 1987-1992 донишҷӯи факултети филологияи тоҷики  Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1992-1994 коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 1994-1997 аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 1997-2000 ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 2000-2006 муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 2006-2009 муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон, 2009 -2012 сардори раёсати  илм  ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2012 -2014 директори Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг»-и Вазорати  маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  2014-2015 муовини  ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои  Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода. Аз сентябри соли 2015 то 14 январи соли 2020 директори коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. 14 феврали соли 2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2020    №: 35    Мутолиа карданд: 1616
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед